ЗИКРИ МОВАРОУННАҲР ДАР САРЧАШМАҲОИ ҶУҒРОФӢ

Сарзамини Варорӯдро арабҳо ба забони худ Мовароуннаҳр номиданд, ки маънояш заминҳои он сӯйи рӯди Омӯ ё Ҷайҳун буд. Ин мулки нозанинро ҷуғрофиянависони арабу мусулмони асрҳои IX-X муфассал тасвир кардаанд. Манзури мо осори ҷуғрофии Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал ва Мақдисӣ мебошад, ки осори худро бо забони арабӣ нигоштаанд. Нахустин китоби ҷуғрофӣ бо забони форсӣ «Ҳудуду-л-олам минал Машриқи илал Мағриб» низ дар асри Х навишта шуда, роҷеъ ба сарзамини Мовароуннаҳр ва мардуми он ахбори муфид додааст. Чанд сифате ки мулки аҷдодии моро ин осор тавсиф кардаанд, бад-ин тариқ аст: 
1.Тасвири табиат ва ҷуғрофияи Мовароуннаҳр. Дар бораи Мовароуннаҳр менависанд, ки навоҳии ободу ҳосилхез ва дорои хайри зиёд аст. Дар он ҳеҷ шаҳру деҳа ё киштзору чарогоҳе нест, ки обод набошад. Ҳавояш беҳтарин ҳавою обаш гуворотарин об ба ниҳоят гуворо аст. Оби ширин тамоми кӯҳҳо ва гирду атрофии онро фаро гирифта. Хокаш ҳам хуштарин хок мебошад. Бухорову Самарқандро машҳуртарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр номидаанд. Руди Ҷайҳун қадим марзи ақвоми форсизабону  туркзабон яъне Эрону Турон буд. Билоди, яъне он суи руди Ҷайҳунро аъроби Мовароуннаҳр (наҳри Ҷайҳун) мегуянд. Мақдисӣ ин минтақаро Ҳайтал низ меноманд ва ақвоми Ҳайтал, ё ба қавли аъроб ҳаётала, дар қарни панҷуми мелодӣ сарсахттарин душманони Сосониён маҳсуб мешуданд.
Тамоми ин мулкро ба панч қисмат ҷудо кардаанд. Муҳимтарини он иёлоти панҷгонаи Суғд аст ки ду марказ ё курсӣ, дошт: яке Бухоро ва дигаре Самарқанд. Дар ғарбии Суғд вилояти Хоразм воқеъ буд. Дар қисмати ҷанубу шарқӣ вилояти Чағониён воқеъ буд ва инчунин Хутал низ ба он наздик буд. Бадахшон дигар вилояти ин марз маҳсуб мешуд. Фарғона дар соҳили рӯди Сайҳун ва Чоч (Тошканди имрӯза) низ аз ҳамин кишварҳо буд. 
Аз замони лашкаркашиҳои арабҳо руди Ҷайҳун чандин бор ҷараёни худро  тағйир додааст. Маълум аст, ки рӯди Ҷайҳун дар он замон то ба соҳили ҷануби Арал, яъне баҳре ки арабҳо онро Хоразм мегуфтанд мерасид. Баҳри Арал камумқ буд ва дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ ё даҳуми милодӣ туркмонҳо ё ғузҳо дар соҳилҳои он зиндагӣ мекарданд. 
Ҷуғрофинависони қадими араб ях бастани руди Ҷайҳун ва Сайҳунро дар зимистон аз ҷумлаи аҷоиб медонистанд, зеро корвонҳо бо чорпоёни боркаше, ки борҳои сангин бар пушт доштанд аз рӯи сатҳи яхбастаи ин рудҳо мегузаштанд. Ин аҷоибот аз ду то панҷ моҳ тул мекашид ва ғафсии табакаи ях панҷ ваҷаб ва гохе аз ин ҳам бештар мешуд. Қазвинӣ дигар ҷуғрофиянавис мегӯяд, ки аҳолии Хоразм дар зимистон ночор дар миёни ях чоҳ меканданд, то бо оби рӯди зери ях бирасанд ва об масрафи худу чаҳорпоёнро фароҳам намояд. Ҳамчунин зарфҳои бузургро аз ин об пур карда ба хонахо мебаранд. Истахрӣ низ ин ҳолатро қайд мекунад, ки баъзе вақтҳо тамоми сол об як хел мемонд. 
Аксари шаҳрҳои мухими Хоразми бузург дар канори ин наҳрҳо ҷой доштанд. Қисмати заминҳои Ҷайҳун комилан қобилияти киштирониро дошт. Сайёҳу ҷуғрофидони араб Ибни Батута, ки дар асри XIV зиндагӣ кардааст, мегӯяд дар тобистон бо кишти дар ҷиҳатӣ ҷараёни рудхона даҳрӯза ба Тирмиз мераванд ва аз онҷо гандуму ҷав меоваранду дар бозори Хоразм мефурӯшанд. Ях бастани Ҷайҳун дар зимистон киштирониро дар он рӯдхона душвор месохт. Ёқут – дигар олими асримиёнагӣ мегӯяд, ки дар моҳи шаволи соли 616-и ҳиҷрӣ (1263-и милодӣ) ҳангоме ки аз Марв ба Гургон мерафт, бо киштӣ бар рӯйи Ҷайҳун мусофират мекард ва наздик буд ӯ ва хамроҳонаш аз сармои сахт ва ях бастани ногаҳонии Ҷайхун ба ҳалокат расанд. Пас аз таҳамули ранҷи бисёр тавонистанд худро ба хушкӣ расонанд ва хушкиро низ тамоман барфу ях фаро гирифта буд. Дар ин сафар чорпое ки Ёкут бар он савор буд, талаф шуду худи вай ба заҳмат аз ин ҳолат наҷот ёфт.
То омадани арабҳо мардуми маҳаллӣ сарзамини худро бо забони суғдӣ Варорӯд мегуфтанд. Дар давраи ҳукмронии хилофати араб сарзамини Мовароуннаҳр ҳамчун ҷузъи аморати Хуросон шинохта мешуд. Тоҳириён, Сомониён, Қарахониён ва Салчуқиён дар асрҳои IX-XII мудати муайян ҳукумат кардаанд. Ба сарзамини Мовароуннаҳри таърихии имрӯз миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон тақсим гардидааст.  
2.Зикри мардуми Мовароуннаҳр. Сарчашмаҳои ҷуғрофӣ мардуми ин диёрро низ ёдовар шуда, онҳоро хайрхоҳ, дар диндорӣ ва илму мурувват накӯкор номидаанд. Қайд кардаанд, ки ҳар як шаҳрванд ё ғарибе, ки ба ин сарзамин ояд, гӯё, ки ба хонаи худ омадааст. «Ҳиммати ҳар яки онҳо дар кушодадастию саховатмандӣ аз дороӣ собиқаи шинохта надорад ва онҳо дар ивази саховати худ нигарони мукофоте нестанд». Истахрӣ ҳикоят кардааст, ки ба манзиле дар Суғд омада ҳавлиеро дидааст, дарҳояшро мех задаанд. Пас, гуфтаанд: «Он беш аз сад сол боз пӯшида ва касе ояд аз даромадани он, он шабу рӯз манъ накардаанд». Ба навиштаи сарчашмащои ҷуғрофии ин давра мардуми Мовароуннаҳр дар сохтани корвонсароҳо, ободии роҳ, вақф намудан дар роҳи илм одат доранд. Дар ҳар деҳа, назди чашма ва саҳрои он корвонсароҳо бештар аз онанд, ки одамон меоянд. Вай боз гуфта: «Ба маълумоти ман расидааст, ки дар Мовароуннаҳр беш аз даҳ ҳазор корвонсаро сохтаанд. Дар аксари он барои меҳмонон таом ва дар ҳолати ниёзмандӣ барои чаҳорпоҳояшон алаф муҳаё карда шудааст».
Дар осори ҷуғрофӣ дар хусуси забону лаҳҷаҳои мардуми Мовароуннаҳр низ маълумот дода мешавад. Дар ин бора хусусан асари Мақдисӣ ҷолиб мебошад. Мақдисӣ бо вуҷуди он ки араб аст ва аз сарзамин Фаластину шаҳри Байтулмуқаддас, вале дар бораи тафовути лаҳҷаҳои мардуми Хуросону Мовароуннаҳр суханони аҷиб дорад. Аз ҷумла, вай менависад, ки дар асри Х мардуми Самарқанд ҳанӯз бо суғдӣ гап мезаданд ва ин забонро вай забони бухорӣ меномад. 
Хусусияти ахлоқӣ ва руҳияи мардум низ аз нигоҳи ҷуғрофиянависон дур намондааст. Онҳо аз баъзе ихтилофҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва мухолифтаҳои дохилӣ низ сухан ба миён овардаанд. Истифодаи осори ҷуғрофӣ дар вақти таълифи асарҳои илмӣ аз аҳамияти бузурги илмӣ бархурдор аст. 
 
Санавбар Шарифова – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика