Қисми 3:
Таҳлилҳои илмӣ ва муносибати оқилона бо сарчашамаҳои исломӣ (Қуръон, ҳадисҳо, иҷмоъ, иҷтиҳод ва қиёс) аз як ҷониб ва таърихи рушди фарҳанги исломӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ, аз ҷониби дигар гувоҳи он аст, ки беҳтарин воситаи мубориза бо андешаҳои ифротӣ дар худи сарчашмаҳои исломӣ нуҳуфта шудааст. Ин андеша аз назари усули илмӣ низ дар таҷрибаи амалӣ ҳаққонияти худро пайдо кардааст. Таърихшинос, таърихнавис ва ҳолдони таърихи башар, олими англис Арнолд Тойнбӣ тақдири тамаддунҳоро дар пешгоҳи додгоҳи таърихӣ таҳлил намуда, дуруст хулоса кардааст, ки «тамаддунҳои муваффақ бо душман бо яроқи худаш ҷангидаанд» ва мутафаккирони бузург Г. Гегел ва Оноре де Балзак низ борҳо таълим додаанд, ки «бо андешаҳои носолим андешаҳои солим муқовимат карда метавонанд».
Аммо хиради инсонӣ низ эҳтиёҷ ба донишу эътиқод ва боварӣ дорад, агар ин унсурҳо ва воситаҳо барои хирад хизмат нанамоянд, хирад дар танҳоӣ мисли инсони бедасту поро мемонад. Ф.Бекон қайд мекунад, ки «Дасти танҳо ва ақлу хиради ба ихтиёри худаш вогузоршуда қувваи калон надоранд. Амал ё кору пайкор ба воситаи олатҳо ва маводи ёрирасон анҷом дода мешавад, ки онҳо ба хирад заруранд, ҳамон тавре ки ба даст. Ва мисли олоти корӣ, дастон ҳаракатро амалӣ менамоянд, олоти ақлӣ низ хирадро роҳнамоӣ мекунанд ё боз медоранд».
Дуруст аст, ки Ф. Бекон бо ҳукми худ ҳамчун усул ба манбаъҳои дониши эмпирикӣ ва ратсионалистӣ такя мезанад. Вале ин усул ҳамчун қонунияти воқеӣ то ҷудошавии манбаъҳои дониш ва ҷавҳари ҳастии фикр имкони хизмат намуданро ҳам ба моддигароёну ҳам ба ғоягароён доро аст. Зеро яроқу воситаи аслии дониши инсонӣ танҳо донишҳои таҷрибавӣ ва ақлӣ набуда, имон, эътиқоду боварӣ, эътимод ва ахлоқи инсонӣ низ дар он ҳамчун унсури муҳим ва омили наҷот хизмат менамояд. Таҷрибаи имрўзи олам собит менамояд, ки донишу хирад яке бо қудраташ, дигаре бо худбовариаш бо истифодаи таҷрибаи гузашта дар асорати комили нафсу ғанимат монда, шоҳроҳи зиндагии инсонро печида гардонидааст. Вақти он аст, ки нерўҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ин ақли худбоварро ба хештаншиносӣ водор намоянд. Ислом ба василаи яроқи маънавӣ ғояи нек, рафтори шоиста, амалҳои хайрхоҳона, некӣ ба падару модар, ҳамсоя ва мардумони оламро муқаррар кардааст, ки онҳо ҳамагӣ хиради моро идора менамоянд. Бузургии дин ва хосатан ислом дар он аст, ки заминаи рушди инсонро ҳамчун ҳодисаи моддӣ ва маънавӣ дар мизони адолат ва инсоф дуруст роҳандозӣ намудааст. Бадтарин хислати моддиёгароён дар он аст, ки онҳо ҷавҳари маънавӣ ва ғоявии инсонро, ки то ба олитарин нуктаи боварӣ ва эътимод қавӣ мегардад, дидан намехоҳанд. Онҳо аз ибтидо дар роҳи баста ва кандашуда қарор доранд, ки марг ҳама буду дороӣ ва қудрату тавоноии онҳоро мисли ғояашон ба боди нестӣ мезанад ва аз инсон бузургтарин маҳаки ҳаракатдиҳандаи розу ниёз ва восили рўҳаш имон ва бовариро ба фардо «вал-явмал-охирӣ вал қадари хайриҳӣ ва шарриҳи минал-лоҳи таъоло вал баъси баъдал мавт, ҳаққун» аз байн гирифта, ҳама рафтору кирдорҳои ўро беназорат ва бепасованд вогузор намуда, вуҷуди мизони адлу инсофро аз решаи маънавӣ ва имониаш вайрон менамояд. Ин ҳолат мақсад ва ҳадафи зиндагии рўҳ ва вуҷуди онро дар тани хокӣ беранг менамояд. Зиндагӣ бидуни мақсад ва ҳадафҳо дар пасманзари худ саодати абадӣ дошта наметавонад.
Истифодаи ин қонунияти мантиқӣ ва таърихан санҷидашуда ҳам аз назари усулӣ, ҳам мазмунӣ ва ҳам ахлоқӣ дар кори пешгирии ифроту террори динӣ дар шароити муосир аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст. Бо ин мақсад дар қисмати сеюми мавзуъ мо масъалаи имкони муқовимати назариявию амалии худи исломро дар мисоли қисмати аҳкоми шариат мухолифи ифротгароӣ ва терроризм мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод. Муҳаққиқони шинохтаи фарҳанги исломию хориҷиёни исломшинос низ таҳти ҳамин мавзуъ ба мухолифи ифрот ва рафторҳои ношоистаи ба ислом васлшаванда дар таърих ва замони нав андешаҳо рондаанд. Аз ин хотир, дар ин ҷузъи навишта ва гуфтаҳо мо комилан худро ошкоркунандаи ҳамаи ин асрори муқовимати маънавӣ ба муқобили ифроту террори динӣ намеҳисобем, зеро мо то сатҳе дар пайравии гуфтаҳои бузургон андешаҳои худро соиш дода, бо каме фикру таҳлилҳои шахсӣ ва таҷрибаи рўзгори муосир назармонро баён кардем.
Ҳар нафаре, ки бо таърихи ислом шинос аст, ҳар нафаре, ки илми шариатро омўхтааст ва бо сифатҳои инсондўстии ислому сарчашмаҳои он дар ҳамбастагии онҳо бо паёмбари исломӣ ошноӣ дорад, ҳар нафаре, ки аз ақлгароию манфиатҳимоянамоии Имоми Аъзам, аз донишпарварию илмситоии Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, аз ғояи инсонгароӣ ва муҳаббатварзии Мавлонои Балхӣ, аз ашъори баландмазмуну сар то ба по хирадмандонаю илмию инсонпарастонаи Форобию Сино, Муҳаммади Хуҷандию Берунӣ, Саноию Аттор, Абуҳасани Харақонию Аҳмади Ҷомӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Носири Хисраву Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо ситораҳои дигару илму адаб ва фарҳанги ниёгонамонро, ки дар паҳнои фарҳанг ва шариати исломӣ роҷеъ ба муҳаббат, дўстӣ, раҳм, шафқат, таҳаммул, ҳамзистӣ ва волоияти мақоми инсон ба ҷаҳониён дарси ибрат додаанд, хабар дорад, ин амвоҷи ифроту терроризмро бо шиорҳои исломӣ дар замони муосир мушоҳида карда, на танҳо худро дар ҳолати нороҳатӣ ва мушкилии сарчашмашиносӣ эҳсос мекунад, инчунин то ҷое нисбат ба хондаю фаҳмкардаҳои худ ба шубҳа менигарад. Бале ба шубҳаҳо меафтад. Шояд мо ҷое ба нуктаҳои нозуки сарчашмаҳо таваҷҷуҳ накардаем, табиати меъёрҳои он, рамузи танзими муносибатҳо, зарурати баёни гуманизм, муносибати нек ва гузаштҳои паёмбари исломро ба муъминон ва ғайримуъминон, ба табиати меъёрҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ нодуруст фаҳм кардаем, дар сатҳи фаҳми худамон ва имондории шахсиамон ба зиёдаравии абзорофарӣ машғул шуда, камбуду норасиҳоро нодида ва ё дидаю эътибор надода, танҳо неку адлу инсофро ҷустуҷў карда, ба онҳо иктифо кардаем?
Чаро аз ҳамон як китоб, аз ҳамон як ҳадис, аз ҳамон як равиши худошиносӣ иддае аламбардори илму дониш, ситояндаи хираду ақл, арҷгузори қадру манзалати инсонӣ ва тарғибгари амалҳои шоиста гардиданду иддае имрўз дар такя ба ҳамон мабонӣ даст ба куштор, террор, фитна, носуботӣ ва даҳшатафканӣ мезананд. Чаро аз ҳамон як модар муддатҳо қаҳрамонҳо, олимон, мутафаккирон ва шоирони оламшумул ба дунё омоданду имрўз террористу ифротию фитнагарон. Шояд ин ҳамон далолати ҳикмати «Оҳану фулод аз кура меояд бурун, Он яке шамшер гардад, дигаре наъли хар аст» ва исботи сухани ҳақиқатнигоронаи устод Лоиқ аст: Модари тоҷик хоки қадамҳои ту ман, Бачаат бисёр (шуд-А.Х.) аммо бачаи хубат кам аст». Ба ҳар ҳол моро зарур аст, ки ҷиҳати рафъи шубҳаҳо ба чанд масъалаҳои муҳими баҳс ва тазодҳо рўшноӣ афканем, сипас назари худро нисбат ба таърих ва воқеияти зуҳури намои ҷаҳонбинии динӣ дар паҳнои арзишҳои мусбат ва манфӣ хулосабардорӣ кунем.
Нахустин манбаи нооромии рўҳии мо аз ҳолати ба миёномада шубҳа ба донишҳои дошта ва сарчашмаҳои омўхта мепартояд. Ба назар чунин мерасад, ки мушкилии табдили назар бо иловаи табдили арзиш ва қиммати эътимоднокиаш дар шароите, ки байни донишҳои андухташуда ва воқеоти мушоҳидашаванда ба маротиб афзоиш меёбад, тафаккури ҳақиқатҷў тамоюли иродаи моро дар самти шинохти дурусти рафторҳои ифротиёну террористон ба таҳлили иловагии мабонии такяшаванда ва қиёси такрории ҳолатҳои омўхташуда мекашонад. Ин аст, ки мутафаккирон дар роҳи фаҳми ин аксуламалҳо ба мабдаъҳои аввалия мегарданд, барои далел ва ё радди онҳо асосҳо меҷўянд. Ё баъзе такрор ба такрор дуршавии таҷрибавии адёнро аз мазмуну муҳтавои рўзгори аввали асосгузоронашон дар доираи манфиату ғаразҳо мушоҳида карда, воситаи асосии даромади «ходимони он муллову охунду попҳо» (Ш. Абдуллозода) шуданашонро дар маҷмуъ чун иллати ирсӣ ва бемории ин ҷаҳонбинӣ донистаанд Ин гардиш танҳо ба хотири исботи вуҷуд ва ё инкори якҷонибаи зуҳуроти манфӣ ва ё мусбат дар сарчашмаҳои идеалӣ тафсиршаванда нест, ҳарчанд, ки ин масъала низ муҳим аст. Балки ба хотири кўшиши ҷавоб додан ба масъалаи илмиест, ки ислом ҳамчун дин ва ҷаҳонбинии динӣ дар таркиби ҳастии худ ифроту террорро дорад ё не, агар дошта бошад, дар кадом шакл ва сурат ин зуҳуроти манфӣ дар ҷаҳонбинии динӣ васлият дорад. Равшан аст, ки аксари онҳое, ки ба амалҳои ифротӣ ва террор даст мезананд, ба замми он ки дар фазои иттилоотӣ худро бо эътирозҳои исломӣ муаррифӣ менамоянд, такя ба ояту аҳкоми ҷудогонаи шариатӣ намуда, номи Худованди бузургро истифода мебаранд. Пас зарур аст ошкор кард, ки ин ҳаракату амалҳои ифротӣ ҳамчун унсури зотӣ ва ҷузъи ногузири ҳастии ислом ҳамчун дин таркибан баромад мекунанд (тундравии зотӣ) ва ё ифроту террор иллатҳо, бемориҳои иҷтимоию паразитиеанд, ки фазои мусоиди сабзишро вобаста ба замону макон дар сутуни фарҳанг ва ҷаҳонбинии исломӣ пайдо кардаанд (тундравии эндогенӣ) ва ё ҳолати аксуламали рафтори номутаносибест, ки зери фишори неруҳои беруна дар он пайдо шудааст (тундравии экзогенӣ).
Муайян кардани ин ҳолатҳои зуҳури ифрот ва иртиботи он бо дини ислом ба бисёр масъалаҳо ва мушкилиҳои муқовимат бо ин зуҳуроти манфӣ рўшноӣ меафканад. Мо имкон пайдо мекунем, ки равиши дурусти илман асоснокро дар муқовимат бо он коркард намоем. Решаҳои онро безарар гардонем. Лекин бояд ба инобат гирифт, ки муваффақияти мо аз ҳолат ва сатҳи ҷойгиршавии ин зуҳуроти манфӣ дар паҳнои дин ва ё ҷаҳонбинии динӣ сахт вобаста аст. Агар сатҳи васлшавии ифроту террор дар хамирмояи худи дин ҳамчун унсури тундравии зотӣ бошад, масъала бениҳоят вазнин то ҳадде ислоҳталабу инқилобӣ мешавад.
Мо дар назар дорем, ҳолатеро, ки ифроту террор ҳамчун унсури зотӣ пурракунандаи сифати ҳодисаи иҷтимоиянд. Нахуст мо вуҷуди ин зуҳуроти манфиро бо ҳамин сифат дар зоти ислом ҷустуҷў менамоем. Мисол, барои он ки аз назари биосотсиоравонӣ одам комил бошад, вай дорои ду даст, ду по, ду чашм, ақл, сар, шуур, истеъдоди фикркунӣ, сухан гуфтан, ҷинсият ва дигар узвҳою сифатҳои муқаррарӣ бояд бошад, ки онҳо ҳамчун узвҳои зотии инсон баромад менамоянд. Бидуни онҳо орагнизми зинда инсон буда наметавонад. Дар ислом низ агар ифроту террорро ҳамчун ҷузъи таркибии зотии дин қабул намоем ва бе он динро тасаввур карда натавонем, пас мушкилии мо бо дин ба таври қатъӣ оштинопазир хоҳад монд.
Илми муосири диншиносӣ одами диндорро аломати асосии ҷудошавии инсон аз олами ҳайвонӣ , динро ҳамчун зуҳуроти нахустини пайдоиши ҷомеаҳои инсонӣ шинохтааст. Функсияҳои асосии динро илми муосири диншиносӣ (1) дар қабул ва фаҳми арзишии олами атроф (шартан назари экзистенсионалӣ), (2) компенсатсионӣ- ҷавоб ба саволҳои ҳалнокардаи хирад, (3) коммуникативию интегратсионӣ бо услуи муттаҳидсозии одамон дар иҷтимои муайян, (4) ахлоқию меъёрӣ бо танзими муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят (5) танзимию назоратӣ муайян кардааст , ки ҳамагӣ ба муттаҳидӣ, ваҳдат оромии башар нигаронида шуда, ҳадафаш ҷорӣ намудани тартиботу низом ва назорат дар муносибати байни одамон аст.
Агар табиати муборизаи некию бадӣ, адлу инсоф ва ноадлӣ, раҳму шафқат ва номеҳрубонӣ ва дигар дихотомияҳои мусбату манфиро бингарем, ки чи тавр ҳамаи динҳо бо ғалабаи неруи мусбат кўшишҳо менамоянд, равшан мегардад, ки дин чи таъсире бар тарбияи инсон ва мафкураи ўро таърихан доро будааст. Ё таваҷҷуҳ намоем ба кафолати амалҳои хайру ҷазо барои кирдорҳои бади инсонӣ тавассути биҳишту дўзахаш. Агар, ҳамин кафолат, ки тавассути эътиқод ва боварии фардӣ ва иҷтимоӣ тавлид мешавад вуҷуд намедошт, кору рўзгори зиндагии инсон маънии худро то ҳадде гум намуда, ба гумон буд, ки инсон аз ҳамон ҳолати аввали барбарии худ ба самти тамаддун ҳаракат мекард.
Роҷеъ ба марговар будани низоми муътадили ҳаёти инсонӣ дар ҳолати набудани эътиқод ба фардо Кант, Маркс, Достоевский ва дигар бузургон зиёд гуфтаанд. И.Кант ва Ф.Достоевский (“Бародарон Карамазовҳо”) аз дидгоҳи эътиқоди динӣ дуруст таъкид менамоянд, ки «агар боварӣ бар оянда нест, пас, ҳама чиз иҷозат аст», яъне озодӣ бесарҳад мемонад, озодии бесарҳад анархия ва бенизомӣ, бефарҳангӣ ва ваҳшоният аст. Бемасъулиятӣ, ки инсонро ба даҳшатҳо мекашад баҳси дигару хоса аст. Бале, то ҷое ҳамон боғҳои ҷаннату саодати неъматҳои биҳишти ваъдагӣ будааст, ки аксари насли одамиро дар масири таърих ба амалҳои нек водор кардааст ва ҳамон оташи дўзах буд, ки муъминонро аз амалҳои зишт зиёд бозпас гардонидааст.
Ҳатто Суқрот барин файласуфи озодипарастро дар даврони пириаш, ки ба таҳлили рўзгори гузаштааш пардохта, кўшиши дарки тақдири фардояш намудааст, адли «тарозуи аъмол» азият додааст . Ин ҳама гувоҳи он аст, ки табиати одамӣ то ҷое ба ҷаҳонбинии эътиқодӣ васлияти таърихӣ дорад ва он дар даврони муайяни зиндагӣ нафарони мухталифро ба самти худ ба тарзи худ ва ба шароити ба худ хос имкони кашиданро дорад. Ва ин кашиш танҳо аз зоҳир набуда, ба талаботи ботинии инсон низ реша дорад. Бинобар ин, дар кори муносибат бо дин ва мафкураи динӣ ҳамеша мутафафакирони бузургу давлатҳои муваффақ дар таърих сиёсати ҳамаҷониба санҷидашударо ҷорӣ мекарданд. Шамоли демократия ва интиқоли арзишҳои барои миллатҳои таҳҷоӣ бегона тавассути бод додани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ сиёсати давлатҳои ҷавони миллиро дар ин самт мазмунан камранг гардониданд. Ин раванд шояд ҷое мақсадноку ҷое табиӣ сурат гирифт.
Ба андешаи мутафаккири варзидаи мавзўи адолат Ҷон Ролз «Адолат – ин нахустин накўкори падидаҳои ҷамъиятист, монанди он ки ҳақиқат нахустин накўкори низоми андешаҳост» . Афлотун дар асараш «Давлат», дар мубоҳисаи байни мўйсафед Кефал ва Суқрот, аз забони Кефал – дар ҷавоби саволи Суқрот, ки чӣ масъала барои инсон бештар аз сарвату дороиаш накўтар ва қиматтар аст, менависад: «Шояд бисёриҳо ба ман бовар накунанд, вале ин масъалаи адолат аст. Медонӣ Суқрот, вақте ҳар касе фикри мурдан ба сараш мезанад, ба тафаккури ў тарс ба андешае меояд, ки қаблан дар вақти ҷамъи сарват фикр накарда буд. Ривояте, ки аз Аид ба мо расидааст, доир ба он, ки дар он дунё касе, ки адлро вайрон кардааст ба ҷазо гирифтор мешавад, агар то ин муддат ўро азият намедод, акнун рўҳашро безобита мекунад: мабодо ин ҳақиқат бошад? Ва ин тарс бо сабаби пирӣ, нотавонӣ, аз наздикӣ ба олами дигар ва ё бинобар андешаи баъзе бо такмили рўҳӣ зиёда мегардад. Ҳамин тавр, ин масъалаи дар вақташ барои ў ноаён ба ў тарсу шубҳа меорад, ў ба амалҳои худ менигарад, ки мабодо касеро наранҷонда бошад. Дар ин зина ҳар касе инсонҳоро зиёд ранҷонда беадлӣ кардааст, мисли кўдак дар изтироби ҷазои дар пешистода гўё акнун аз хоб бедор шуда бошад, мудҳишотро интизор аст. Ва он касе, ки баръакс, дар амалаш беадлиро кам мебинад ва ё умуман эҳсос намекунад, зиндагии хуб мегузаронад… Аз ин рў, доштани дороӣ дар зиндагӣ, албатта хуб аст, аммо на барои ҳар кас, балки танҳо барои онҳое, ки бовиҷдонона ин дороиро ба даст овардаанд» .
Тарзе мо мебинем, ҷаҳонбинии динӣ ҳамон тавре, ки баъзеҳо андеша доранд, ин танҳо назар нисбат ба шинохти Офаридгор ва итоат ба амрҳои он нест, балки бештар аз он боварӣ ба адлу инсоф, ғалабаи некӣ бар бадист. Дар зинаи аввали зуҳур ҳар дин ин симатро дар худ ҷойгир кардааст, дар акси ҳол ғалабаи онҳо ва эътирофашон дар қолаби тафаккури мардум, ки ба манфиат лабрез буда, аз маҷмуи талаботҳои мухталиф иборат аст, номумкин мегардад. Ҳатто Ф. Энгелс дар вақташ дар таҳлили дини ислом ва дастгирии онро аз ҷониби камбағалон гуфта буд: «дин дар баробари дигар сифатҳояш ҳифзкунандаи ормони камбағалону меҳнаткашон баромад кард». Дар ин бора, дуруст аст, ки дар тамоми масири афкори ҳуқуқӣ ва фалсафӣ мутафаккирони зиёд ҳарфҳо гуфтаанд. Муҳим аст, ки ҳангоми муроҷиат ва коркарди муносибати нисбатан муваффақи сиёсат дар соҳаи дин ин симати дин ва ҷойгиршавии он дар мафкураи мардуми эътиқодманд ба инобат гирифта шавад.
Дин, тарзе мебинем адлу инсоф ва ғалабаи некиро дар ҳама давру замон рафиқи стратегии худ эълон кардааст. Дуруст аст, ки дар масири таърих намояндагони дин ва амалкардҳои пайравонаш на ҳамеша онро риоят кардаанд. Имрўз ин рисолати адлу баробарӣ ва таъмини инсофро давлати демократӣ ва дунявӣ расман, қонунан, назаран ва амлан бар дўш гирифтааст. Бинобар он, давлати миллиро, ки теъдоди зиёди пайравони динҳоро дорост, зарур аст, ки масъалаи тантанаи адлу инсоф ва баробарию бародариро ҳамчун рукн ва таъиноти марказии давлати халқӣ бар дўш гирифта, нагузорад, ки ҳеҷ неруе ва ҳеҷ навъе аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аз он бо мақсадҳои ғаразноки худ сўиистифода намоянд. Ҳамзамон, бояд дарк кард, ки дар сурати заифии сиёсати давлатӣ дар ин самт, ноқисии ташкилоти маъсули давлатӣ ва сустии ниҳодҳои мафкуравӣ дар ташвиқ ва татбиқи ин такягоҳи иҷтимоӣ ва эътиқодӣ, шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ ва ҷаҳонбиниҳо онро ба осонӣ дар қолаби хотироти таърихӣ ва коди генетикиашон истифода менамоянд. Дар маҷмуъ нуқси татбиқи адл дар ҳар як ҷомеа чи давлатӣ ва ё чи ғайри он нақши дигар шаклҳои ҷаҳонбиниро дар самти пуштибонии адал афзоиш дода, майдони муборизаи сиёсиро дар заминаи боварии мардум ба адлу инсоф шадид гардонида, вазъияти низомро ба бетартибӣ кашида, давлат ва низоми идораро дар маҷмуъ осебпазир мегардонад. Ин равиш ногузир ҳимоягарони популистии адлу инсофро ба тундравиҳои эътиқодӣ ва найрангҳои сиёсӣ хоҳад кашид.
Бинобар он давлатро зарур аст, ки татбиқи адлу инсофро қатъиян, баробар нисбат ба ҳама бо риояти таҷрибаи башарӣ ва арзишҳои умдаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ таҳти назару амали худ қарор дода, ҳеҷ як неруи иҷтимоиро имкон надиҳад, ки аз он сўиистифода намоянд. Ва ҳамчунин корпуси мавкуравиро зарур аст донанд, ки ин ҳама берабтиҳо, ки атрофи ташкили зиндагии одилонаи ҷамъият ба вуқуъ мепайванданд, пойгоҳи худро дар ҳарими ҳарами боварҳои эътиқодӣ низ таърихан аз назари онтологӣ ва маърифатӣ реша давондаанд.
Омилҳое, ки ин тарс нисбати адолатнок будани кирдор ва ҷамъи сарват дар дили инсон пайдо мешавад, гуногун аст ва Афлотун низ чанд решаи онро ба мисли тарс бо сабаби пирӣ, нотавонӣ аз наздикӣ ба олами дигар ва ё бинобар андешаи баъзе бо такмил ва рушди ҳолати рўҳии инсон дида баромадааст. Оё ин масъала дар масири таърихи афкори Шарқ ҳамон тавре аст, ки мўйсафед Эсхил аз Аид - Худои бузурги олами мурдаҳо ривоят кардааст? Ба андешаи мо ин масъала дар афкори динии мардуми Шарқ бамаротиб вазнинтар тарҳрезӣ шуда, роҳҳои вуруди он ба мафкураи шарқиён гуногунҷанбатар аст.
Яъне, агар Худои Аид масъулияти ҷазоро дар қиёмат нисбати гунаҳгорон ва ғайриодилон ба дўш дошта бошад, ин вазифаро дар ҷаҳонбинии динии мисриҳои бостон Худои Осирис, дар зардуштиҳо Рашан, дар ислом Худованди бузург тавассути назорати малоикаҳои дасти чапу дасти рост ва ҳимояти Ризвон (дарбони биҳишт) амалӣ мекардааст. Дар ҷаҳонбинии мардуми форс аввал ҳушдори дини зардуштӣ дар бораи гузаштан аз пули Чинвот ва баъдан, дар давраи тамаддуни исломӣ, огоҳкунии сарчашмаҳои исломӣ дар бораи ногузирии гузаштан аз пули Сироти алмосмонанд, аз рўҳи инсон ба мисли инсони воқеӣ зарурати омодашавӣ ҷиҳати гузаштан аз пули Сирот (Чинвот)-ро талаб менамоянд. Ин дидгоҳ рўҳро ба табдилёбӣ ба ҷисми дар ҳолати ҷавобгарӣ барои кирдорҳо омода менамояд.
Нойи фикркунандае, ки ҳамеша табиатан аз кандашавию беному нишон шудани ҷисмонии худ меҳаросид, дар натиҷаи бо чашми сар дидани марги тан нишони абадиятро дар шакли рўҳияш эҳсос менамояд. Инсоне, ки қудрати дарки беинтиҳоии оламро надорад ва дар тасаввур категорияи беҳудудиро дарк карда наметавонист, бо дарки сарҳади зиндагияш, таҳти кадом як эҳсосоте объективан дар маҷмўъ кандашавии ҳаёти худро ҳамчун нуктаи вопасини зинаи рўҳаш қабул карда натавониста, мисли олами коиноти бесарҳад, беҳудудии умри рўҳашро интизорӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, ў бо чашми ақл ва таъсири чашми сар фанои тани ҷисмониро эътироф карда, марги рўҳро на танҳо инкор менамояд, балки абадияти рўҳро ҳамчун абадияти худ аз дудмони таълимоти динӣ қабул намуда, рисолат ва масъулияти онро эътироф карда, дар ҳар кирдор, рафтор ва вуҷудияти олами моддӣ ва маънавӣ аз назари худ барои оромии рўҳ доди адолат ва инсофро меҷўяд. Таълимоти динӣ на танҳо инсонро тарбия менамояд, балки ўро барои зиндагии шоиста низ ҳидоят менамояд. Дуруст аст, ки ин таълимот дар ҳоли худ вобаста аз замону макон иллату норасоиҳои ботинию зоҳириро доро будааст, ки қисме ба хамирмояю қисме дар сутунмўҳраи он реша давондаанд.
Дигар ин ки аз назари динӣ низ рисолати асли дин шинохтани Қудрати ҳақ, Худованди бахшояндаву меҳрубон аст. Ва Худованди бахшояндаю меҳрубон низ ҳадафаш тарбияи инсони солеҳ, ислоҳи фарзандони Одам ва ҳидояти онҳо ба саодати ҷовидонӣ аст. Ин аст, ки қиссаи гуноҳи Одаму ронда шудан аз Биҳишт ва оташи Дўзаху зиндагии ин дунёӣ ҳама пайи ҳам ҷиҳати ислоҳи фарзандони инсон нозил шуданд. Ва ин асрорро парвози фикрии сўфиёни нозукфаҳм берун аз қонуну қавоиди зоҳирӣ барои хеш ҳазм карданд:
Халқро аз бими дўзах дар намоз овардаанд,
Мо биҳишту дўзахашро як замон барҳам занем.
Хўрд Одам гандуму моро бурун кард аз биҳишт,
Баъд аз ин мо даст андар домани Одам занем.
Вораҳем аз ҳафт кавкаб бигзарем аз нуҳ фалак,
Хайма дар кўҳи Сафову Марваву Замзам занем.
Сўфии софӣ шавему тавба орем аз гуноҳ.
Баъд аз он мо худ қадам чун Исии Марям занем.
Ҳарчӣ асбоб аст бар вай хатти безорӣ кашем.
Ҳамчу Мансурони ҳақ бин таъна бар олам занем.
Аҳмадо чун ҳақ бигуфтӣ дидаро ҳақбин бисоз,
Ҳарчӣ гўяд ҳақ бигўяд, мо кием, ки дам занем .
Таҳлил, омўзиш ва қиёси ҳодисоти таърихӣ дар саргаҳи зуҳури динҳо, рисолати таълимоти ақидавӣ, таъйиноту вазифаҳои марказию ҳадафҳои аслиашон аз назари илмӣ бо дарку фаҳми фарзандони донишманду нуктасанҷи таърихии равияю фирқаҳои дину оинҳо куллан ифодагари онанд, ки ҳеҷ як дини ҷаҳонӣ дар таркибаш унсури зотиеро ба сони куштан, таркондан, тарсондани мардуми бегуноҳу маҳв кардани оммавиро ҳамчун воситаи татбиқи ғаразноки гурўҳе бар муқобили дигарон масъалагузорӣ накардааст. Аз ҷумла ислом низ.
Баръакс онҳо бо мақсади тарбия меъёрҳо муқаррар кардаанд ва бо нияти ислоҳ ҳидоятҳо кардаанд. Ин ҳолат моро ба хулосаи аввал меорад, ки ифроту террор аз сифатҳои зотӣ ва таркибии таълимоти динӣ, аз ҷумла таълимоти исломӣ, нестанд ва буда ҳам наметавонанд.
Зеро рисолат ва таъйиноти ҳар дин, аз ҷумла ислом, мафкура ва ҷаҳонбинии пайравонашро атрофи принсипу арзишҳое муттаҳид намудан аст, ки ба ҳадафи марказии он созгор бошад. Ҳадафи марказии Худованди бузург некӣ ба бандагон, сабукгирӣ дар зиндагӣ ва саодати онҳост, чунки Худованд одилу раҳиму меҳрубон аст. Ҳаққи ниҳоӣ ба ҷониби Валтер аст, ки дар саволи он ки ба фирки Шумо Худо ҳаст ё не(?) ҷавоб гуфтааст: “Ман намедонам, ки Худо ҳаст ё не, вале ман яқин медонам, ки дар сурати будан Вай танҳо одил аст, ба ғайри он буда наметавонад”. Дар воқеъ, рисолати офаридгорӣ, тавре Монетескё мегўяд, Офаридгорро дар назди дигар қонуниятҳое мемонад, ки ба инобат гирифтани онҳо барояш ногузир мегардад. Мисол, барои зуҳури инсон дараҷаи муътадили ҳаво зарур мегардад, ки бо тартиб даровардани кайҳон он ҷойиз мешавад, барои зиндагии саодатманди инсон бошад арзишҳое чун адлу инсоф, озодӣ, баробарӣ, некўкирдорӣ, меҳрубонӣ, раҳму шафқат, бахшояндагӣ ва ғ. зарур аст, ки дин онҳоро тарғиб менамояд.
Акнун мемонад ду ҳолати дигар: яке, ҳолати вуҷуди эндогении ифроту террор дар ниҳоди динӣ ва дигар, ҳолати экзогении вуҷуди он. Эҳсосоти пешманзари раванди ҳодисот гувоҳи онанд, ки ҳарду ҳолат вобаста ба шароитҳои таърихӣ дар кори бадбахтии фарҳанги исломӣ асаргузоранд. Нахуст, зери ҳолати эндогенӣ мо ҳолатеро мадди назар дорем, ки дар организми зиндаи иҷтимоии тамаддуни исломӣ нуктаю паҳноҳое вуҷуд доранд, мафкураи тундраву ифротӣ имкони ақлию мантиқии васлшавӣ ва рушдро ба мисли бемории муайяни иҷтимоӣ дороанд. Ин беморӣ дар заминаи гуногунафҳмӣ ва ҳазми нодурусти оятҳо, берун аз контексти таърихӣ бидуни ба инобат гирифтани талаботи замону макони нозил шудани аҳком ва сарфи назар намудани хосияти ҷузъу кулли меёърҳо ва надоштани таҷрибаи тамизи амрҳои инфиродию меъёрӣ бинобар қафомонии илмӣ рўи кор задааст.
Яъне маҳаки асосии рушддиҳандаи ин ҳолати тазодмандӣ сатҳи тафаккур ва мафкураи субъектон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар ҳолатҳои муайяни ишораи аҳком аст, ки дар натиҷа имкони дугуна ва сехўра фаҳмидани онҳо вобаста ба равиши мафкура имконпазир шудааст. Дар якҷоягӣ ҳарду ҳолат шабеҳи васлшавии бемории саратон ва ё дигар бемориҳо дар бадани инсон мебошад, ки бо шароити муайяни ғизо, боду ҳаво ва ҳолати узвҳо имконпазирии часпидани вирусҳоро муҳайё менамоянд. Ҳолати заифии организм ва мусоидат ба часпиши беморӣ маҳз ҳамон даврони сатҳи пасти тафаккури мусулмононро нишон медиҳад, ки дар хамирмояи ислом сабзиши нодурсти фикр қомат меофарад ва ҳамчун ҷузъи таълимоти исломӣ кўшиши нашъунамо менамояд. Ин ҳолат бо далелҳои зиёд худро кўшиши ворид намудан ба табиати зотии ислом менамояд. Вале аз сабаби бегона буданаш ба таъйинот, ҳадафҳои марказӣ ва рисолати дин вай паҳнои мувофиқ пайдо накарда, ҳамчун иллат ва беморӣ дар тани дин мечаспад ва ё дар ниҳоди ботинии ў дар ҳар як паҳнои мувофиқе вобаста аз шарту шароит реша медавонад. Бинобар он, ин тундравиро тундравии эндогенӣ меномем, зеро вай паҳнои мувофиқи васлшавиашро дар сарчашмаҳо ва таълимоти динӣ ва ё дар падидаҳои бунёдии он пайдо менамояд.
Айнан ҳамин тавр ҷаҳонбинии динӣ дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ зери фишори неруҳои бегуна ҷиҳати ҳифзи худ аксуламалҳоеро коркард менамояд, ки онҳо тобеи замону макони муайян мебошанд. Ин ҳолат ҳам дар сатҳи ибтидоии зуҳури дини ислом дар замони зиндагии паёмбари ислом зери фишори душманони ислом ва баъдан дар масири таърих дар давраҳои муноқишаҳои мазҳабӣ, динӣ ва тамаддунӣ асаргузор будааст. Барои фаҳм ва дарки ин ду ҳолати охирӣ ва баровардани хулосаи ниҳоӣ моро зарур аст, ки ба табиати шариати исломӣ ва каҷравиҳои фикрии ифротиён, омилҳо, нуктаҳои тавсеадиҳанда ва шарту шароитҳои рушди он таваҷҷуҳ намоем. Муайян созем, ки то кадом дараҷа ва сатҳ онҳо ҳадафҳои аслии дини ислом ва таъйиноти иҷтимоию эътиқодиашро иҷро менамоянд ва то кадом сатҳ додаи манфиату ғаразҳои хешанд. Пешманзари масъала шаҳодат ба он дорад, ки онҳо дар вартаи ҳукми охирӣ саргардонанд.
Холиқзода А.Ғ.
Ваҳобзода А.В.
Мирзозода А.Ф.