ТУХМИ НАҲЗАТ ЛАЪНАТ АСТ!

Одатан дар Аврупо чунин амалҳоро шахсиятҳое анҷом медиҳанд, ки ҷисман носолим (гейҳо) мебошанд. Дар мафҳум ва вуҷуди миллати куҳанбунёди Тоҷик ин амал фақат дар ақидаи назатиҳо ва хоинони заҳрхаридаи миллати Тоҷик вонамуд карда шуд. Ин тухми нафрат, кинаву адоват дар мафкураи наҳзатиҳо солҳои тулонӣ кошта шуда, дар зеҳни мурғони одамшакл тавлид меёбад.

Хусусан баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гуруҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гуруҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла он замон дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ ҳурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар кишварамон доман зад ва аксарияти ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкураи бегона қарор гирифт.

Таблиғоти мафкураи ғайриинсонӣ ва ифротии ТЭТ ҲНИТ ва баъзе «саршиносон»-и рӯҳонӣ буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан ин гуруҳҳои нохалаф ва хоинони ватан бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо бисёр шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ, зери таъқир монда, чандин шахсиятҳои дигари таърихӣ ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Дар асл ин гурӯҳҳои наҳзатӣ натанҳо ватану миллат надорад, балки аз вуҷуди маданияти инсонӣ берун буда, тухми кинаву адоватро дар мафкураи ҷавонони ноогоҳ кошта, нақшаи ҷудо намудани соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар доранд. Ин ашхоси хушунатангез дар дохили миллату халқҳои олам буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Миллати мо низ аз ин тазоди таърихӣ дар канор намонда, имрӯз миқдори камшумори ҷонибдорони онҳо дар кишварҳои Аврупо ба чашм мерасанд.

Ба рафтори чунин амалҳои ноҷинсонаи хоинони миллат мисраҳои шеъри шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст меоянд:

Дар дуконат нест чизе сохтае аз дасти ту,
Куҳнадӯзӣ, лек даъвои асолат мекунӣ.
Маншаи ҳайвонӣ андар туст, дар худ вонигар,
То куҷо аз одаму олам шикоят мекунӣ?
Лоиқ Шералӣ

Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун, вазифаи муќаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад.

Ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳо миллӣ ва умумибашарӣ таълим дода, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд. Рафтори нек, кирдори нек, пиндори нек хислатҳои ҳамида ва таълимоти миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд. Касе аз ин шаҳ берун аст ё одам нест ё аз ин олам нест ва ё аз тухми нафрат аст.
Лозим ба ёдовар аст, ТУХМИ НАҲЗАТ ЛАЪНАТ АСТ!

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика