Имоми Аъзам поягузорӣ равияи ақлонии фиқҳи исломист!

Имоми Аъзам тоҷики шарафмандест, ки равияи ақлонии фиқҳии исломиро поягузорӣ ва мактаби худро бунёд намудааст.

Дар шароити имрӯза ба мақсади риоя ва татбиқи асли гуфтугӯи динҳо ва фарҳангҳо шинохти мероси бебаҳои ин фақеҳи бузург ҳам барои миллати тоҷик ва ҳам барои тамоми халқҳои мусулмон аҳамияти бузургеро молик аст.

Манфиатҳои миллии мо тақозо мекунанд, ки пайвандҳои фарҳанги миллӣ ва динӣ нигоҳ дошта шаванд, унсурҳои динӣ ба пешрафти унсурҳои миллӣ бо нигоҳ доштани муқаддасоти худ кӯмак намоянд. Китоби муқаддас – Қуръони Карим, андешаҳо ва аъмоли мутафаккирони исломӣ, манобеъи саршор аз баёнот дар бораи ваҳдати иҷтимоӣ, фарҳанг ва ахлоқ аст ва шомили мизонҳое ҳастанд, ки дар байни мардум мавқеи устувор доранд.

Дини ислом мазҳари ҳукми рӯҳонӣ ва ахлоқӣ аст, ки метавонад ба манфиати миллат ва таҳкими давлатдорӣ хизмат кунад. Он дар якҷоягӣ бо андешаи миллӣ метавонад ҳамаи сатҳҳои зиндагии мардумро фаро гирад ва ба маҷрои солими такомул ва пешравӣ равона кунад.

Шарти бақои ҳар миллат ва ҳар давлат бар асари ихтилофот низоъ накардани мардумони онҳо мебошад. Ба мардуми мусулмон ин беш ва пеш аз ҳама дахл дорад. Қуръони Карим мефармояд: «Аз Худо ва паёмбараш итоат кунед ва бо ҳам низоъ макунед, ки заиф мешавед ва ҳайбати шумо аз байн меравад. Сабр кунед ва Худо бо шикебоён аст». (Сураи Анфол, ояти 46).

Имоми Аъзам рӯҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломӣ, бартараф намудани ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида ва фиқҳи исломӣ, ҳифзи асолати фарҳангии қавмҳои гуногуни ҷаҳони ислом, махсусан урфу одатҳои мардумӣ ҳамчун сарчашмаи қонунгузории динӣ, тамоми нерӯи ахлоқӣ ва ақлонии худро бахшидааст.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика