Анъанаҳо ва ҷашну маросим – шаклҳои таърихан ташаккулёфта ва нисбатан устувори рафтор, тарзи зиндагӣ ва рӯзгордории хоси ин ё он қавмияту халқҳост, ки аз насл ба насл мегузаранд ва ҳамчун меъёри иҷтимоӣ дар танзими ҳаёти аҳли ҷомеа хизмат менамоянд. Сабаби асосии эҳтиром ва риоя шудани анъанаҳо ва ҷашну маросим дар он нест, ки мардум ба онҳо одат кардаанд, балки дар муттасилият, мубрамият, ҷавобгӯи ниёзҳои моддиву маънавӣ, дорои мазмуни прогрессивӣ ва қобили қабул будани онҳост.
Рушду таҳаввули анъанаҳо метавонад ё ба таври стихиявӣ, ё ба таври низомнок ва идорашаванда ҷараён гирад. Рушди стихиявии анъанаҳои миллӣ дар ҷомеа дар давраҳои муташанниҷ ва пурошӯб сурат мегирад. Рушди низомноки анъанаҳо ва ҷашну маросими миллӣ замоне имконпазир мегардад, ки онҳо дар сатҳи қонун танзим шуда, таҳти ғамхориву сарпарастии давлат ва ҳимояту назорати қонун қарор гиранд.
Муқаддасу ҳатмӣ шуморидани риояи анъанаҳои ниёгон як хусусияти умумии хоси ҳамаи ҷомеаҳои анъанавӣ ва зимнан яке аз омилҳои муҳими маънавии то имрӯз дар ин гуна ҷомеаҳо маҳфуз ва устувор мондани онҳо маҳсуб шуда, барои мутассилона ҳамчун меъёрҳо ва қоидаҳои танзимкунандаи рафтору муносибатҳои аҳли ҷомеа идома ёфтани вазифаи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳар насли оянда на танҳо ҳақ дорад, ки анъанаю маросими мавҷударо риоя намояд, дар баробари он, ҳамон миқдор ҳуқуқ пайдо менамояд, ки бо тағйир ёфтани вазъиятҳо ба ин анъанаю маросим аз дидгоҳи худ муносибат карда, онҳоро ба манфиати худ рушд диҳад.
Дар тамоми давраҳои гузашта дар рушду такомули низоми ҳуқуқии ҳамаи ҷомеаҳои мутамаддин нақши аз ҳама муҳиму калидиро маҳз анъанаҳои динӣ иҷро мекарданд ва хусусиятҳои хоси ҳар як дилхоҳ низоми ҳуқуқӣ ҳатман аз меъёрҳои ҳуқуқии ин ё он дин ё мазҳаби муайян маншаъ мегирифт. Аз ин рӯ, таҳқиқи анъанаҳои динӣ-ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои онҳо барои дуруст дарк намудани роҳу воситаҳо ва дараҷаи таъсиррасонии дин ба раванди таърихии инкишофи ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқӣ ҳам дар гузашта ва ҳам дар замони муосир хеле муҳим мебошад. Муайян кардани сарчашмаҳои ба шакл дароварандаи мазмуни анъана низ аз лиҳози илмӣ хеле муҳим мебошад. Таҳлили матнҳои муқаддас имконият медиҳад, ки образи дар он матнҳо тасвиршудаи ҳуқуқ ҳаматарафа таҳлил карда шавад. Аз матни санадҳои ҳуқуқи динӣ, назарияҳо ва фатвоҳо, манбаъҳои шифоҳӣ ва таҷрибаву амалияҳо роҷеъ ба хусусиятҳои инкишофи одату анъанаҳо дар ҷомеаҳои мухталифи динӣ ва низомҳои гуногуни ҳуқуқӣ хулосаҳои дуруст баровардан мумкин аст.
Густариши як дини муайян дар ҷомеа ва боло рафтани аҳамияти он ҳамчун омили ҳаёти иҷтимоӣ ба чунин ҳолат оварда мерасонад, ки сарчашмаҳои анъанаи ҳуқуқӣ-динӣ оқибатуламр чунин анъанаро тавлид намуда, онро дар як шакли муайян ифода мекунанд. Ҳамин тавр, анъанаҳо аз имконият ба воқеият табдил ёфта, ба таркиби низоми ҳуқуқӣ ворид мешаванд. Мантиқи густариши анъанаи динӣ дар ҳуқуқро ба таври нисбатан амиқ на аз тариқи дарки қонунмандиҳои сирф динӣ, ки асари онҳо дар анъана ба таври равшан дида мешавад, балки аз тариқи ошкор кардани хусусиятҳои муносибатҳое, ки предмети танзими ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, фаҳмидан мумкин аст.
Сатҳу дараҷа ва ҳудудҳои амалкарди ҳар як анъанаи мушаххаси диниро бо таваҷҷуҳ кардан ба се ҳолати мушаххас муайян кардан мумкин аст:
–таваҷҷуҳи дине, ки сарчашмаи анъана мебошад ба муносибатҳое, ки ба соҳаи танзими ҳуқуқӣ дохил мешаванд;
–то кадом дараҷа аз таъсири дин озод будан ва хусусияту моҳияти дунявӣ доштани низоми ҳуқуқӣ;
–тамсилаи муносибати давлат бо ниҳодҳои динии ҷомеа.
Хусусияти экспансивии анъанаи динӣ-ҳуқуқӣ хатари дар ҷомеаҳои дунявию демократӣ ба вуҷуд омадани чунин экспансияро ба миён меорад. Густаришу тавсеаи таъсири анъанаи динӣ дар ҳуқуқ боиси заъфу нуқсон пазируфтани арзиши дунявият мегардад. Аммо, ин андеша чунин маъно надорад, ки дар ҷомеаҳои дунявию демократӣ анъанаҳои динӣ бояд ҳатман ва пурра аз низоми ҳуқуқӣ ронда ва берун карда шаванд. Ягона роҳи ба мақсад мувофиқи бартараф кардани хатари экспансияи анъанаи динӣ ба низоми ҳуқуқи ҷомеаҳои демократӣ – кӯшиши муттафиқонаи ҷомеа ва давлат ҷиҳати ҳифзи низоми ҳуқуқӣ аз таъсири фавқулъоддаи анъанаи динӣ, риояи қонуни озодии виҷдон ва танзими ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба шумор меравад. Густариши анъанаи динӣ дар ҳуқуқ метавонад бидуни экспансия ва фишороварӣ, яъне дар натиҷаи онро ихтиёран пазируфтан ва ворид намудан ба низоми ҳуқуқӣ низ ба амал ояд. Аз ин нуқтаи назар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» – феномени фарҳангие мебошад, ки дар таърихи муосири давлат ва ҳуқуқ назири худро надорад.
Низоми анъанаҳо ва ҷашну маросими миллии тоҷикон ба ғайр аз анъанаҳои хусусияти байналмилалӣ-умумимусулмонӣ доштаи динӣ, инчунин, анъанаҳо ва ҷашну маросими зиёди этникӣ-фарҳангиро дар бар мегирад, ки онҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти моддӣ ва маънавӣ татбиқ меёбанд. Як қисми ин мероси фарҳангӣ дар даврони зардуштӣ, қисми дуввумашон дар давраи исломӣ, саввумиҳо дар замони Шуравӣ пайдо шуда, хазинаи фарҳанги миллии моро ғановат бахшидаанд. Онҳоро аз лиҳози мансубият ё даврабандии таърихӣ ба ду қисмати асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:
а)анъанаву маросимҳои тоисломӣ;
б)анъанаву маросимҳои исломӣ.
Аз нуқтаи назари мансубият ба ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеа бошад, соири анъанаву маросими милливу динии тоисломӣ ва исломии тоҷиконро ба чунин қисматҳои асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:
–анъанаву маросими оилавӣ-маишӣ; иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва хоҷагидорӣ;
–анъанаҳои марбут ба соҳаи давлатдорӣ ва ҳуқуқ;
–анъанаву маросими марбути ибодат ва диёнат.
Таҳлили раванди таърихии рушди одату анъанаҳо ва мазмуни таркибии онҳо чи дар масири таърих ва чи дар замони муосир дар баробари навъи мустақили меъёрҳои иҷтимоии дорои муносибатҳои хоси иҷтимоӣ будан табиати ҳукуқии онҳоро ҳамзамон вобаста ба шароитҳо инкор наменамояд. Аз доираи худ баромадани урфу одат ва анъанаҳо ва дахолати бемавқеи онҳо ба вазъи зиндагӣ ва ниҳоят ба мақоми ҳуқуқии субъектони ҳифзшавандаи қонун, объективан иҷозаи таъсиррасонии ҳуқуқиро аз дигар самт ҷоиз мегардонад. Ҳамин тавр, дар баробари махсусияти гносеологӣ ва онтологии табиати ҳуқуқии меъёрҳои анъананавӣ мо сифати зоҳирии табиати ҳуқуқии касб кардани анъанаҳоро мушоҳида менамоем, ки он аз васеъшавии номақбули худи анъана ва маросим сарчашма гирифта, худро зери таъсиррасонии ҳуқуқ қарор медиҳад. Ҳар давлате, ки тавассути корҳои тарғиботӣ аз иҷрои ислоҳи вазъ набаромад, маҷбур мешавад воситаҳои нисбатан мукаммал ва аз ҷониби дигар борҳо истифодашудаи ҳуқуқиро истифода намояд.
Идома дорад...
Шоев З. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ;
Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ.