Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад!

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет, Институти илмию тадқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиӣ-риёзӣ, Китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва тадқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои лингофонӣ, марказҳои хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, пойгоҳҳои таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ дорои беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои муосир барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ мебошад.

Имрӯз барои донишҷӯён беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст. Таҳсил дар донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, беҳтарин омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба машғулиятҳои дарсӣ сафарбар гардидаанд. Айни замон дар донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ технологияи замонавӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ бо 321 муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Имрӯзҳо ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ тамоми қуввату матонати хешро баҳри пешрафти илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф намуда, дар рушду нумуи донишгоҳ ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат низ саҳми пурарзиш гузошта истодаанд.

Довталабони азиз, интихоби Донишгоҳи миллӣ калиди муваффақиятҳои Шумост.
Шумо метавонд барои ҳуҷҷатсупорӣ ба суроғаи зерин ҳозир шавед:
Шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ

Ба аввал Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули Донишгоҳи миллии тоҷикистон пешниҳод менамоянд:

Довталабоне, ки тибқи рўйхати ММТ ҳуҷҷат месупоранд:

1.Аттестат (асл).

2.Шиноснома (бо 1 дона нусха).

3.Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.

4.Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038 (Ф-86)

5.Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

6.Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссяи қабули донишгоҳ дода мешавад).

7.Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Бознпшр аз саҳифаи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Яндекс.Метрика