«Ҳамасрони мо шоҳиданд, ки хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва дар ҳамин замина сохтани давлати миллӣ, ки ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, аз мақсадҳои меҳварии Роҳбари давлат маҳсуб мегардад. Суханони дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабтшуда ва умедбахши Роҳбари нав интихобгардидаи миллати точик - «Ман ба шумо сулҳ меорам!» азми таърихӣ ва амалҳои ҷонфидоёнаи ў, навиди созандагӣ ба ҳар хонадони мамлакати ҷангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранҷур нур бахшид.
Азм ва икдомоти гуногунҷабҳаи мушкил ба кутбнамо ва мехроби ягонаи маънавию мафкуравӣ ниёз дошт. Мардумро мебоист ба орзуву мақсад, ба рушноие дар зулмот, ба соҳиле дар укёнуси пурталотуми такдир раҳнамун сохт ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халқ ба асолати хеш, эҳсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарҳанг ва тамаддуни гузашта ва арҷгузорӣ ба онҳо аз муҳимтарин вазифаҳое буд, ки Роҳбари давлат онро боисрор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарӣ забони точики накди барҷастаи яқин барои муътақид кардани мардум ба асолати хеш буд.
Ҳамин тариқ, дар таълимоти Пешвои миллат худшиносии миллӣ ҳамчун мафҳуми иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву маънавӣ натиҷаи ташаккули ҷаҳонбиниест, ки аз маҷмӯи мураккаби мафҳум ва категорияҳои сохториву функсионалӣ иборат мебошад. Аз худ кардан, дарк намудан, ба умқ ва арзишмандии чунин категорияҳо расидан, онҳоро дар низоми ягонаи ҷаҳонбинӣ ба мақсади таъмини амният ва рушду нумӯи Ватани азиз дидан ва амал кардан муҳимтарин ҷузъиёти таркибии ҷаҳонбинии ҳар шахс ба шумор меравад.»
Профессор Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иқтибос аз китоби Асарҳо, ҷилди II, саҳифаи 27-28, соли нашр 2020, ш.Душанбе
Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ