Диндорӣ ва дингароӣ

Дар шароити ба таври бемисл интишор ёфтани раванди дунявигароӣ дар ҷомеаи муосир ва дар баробари он тақвият ёфтани дингароӣ дар кишвари мо ва ҳамчун маҳсули раванди мазкур зиёд шудани таассуби динӣ тааммулу тааққул дар мундариҷаи мафҳумҳои мазкур ва таҳқиқи аҳамият ва ё зарари равандҳои зикршуда хеле мубрам ва саривақтӣ дониста мешавад.

Агарчанде мафҳумҳои мазкур ҳаммаъно ба назар мерасанд, лекин моҳияти онҳо аз ҳам фарқ менамояд. Диндорӣ, яъне диндор будан маънои боварӣ доштан ба ҳастии мавҷуди фавқуттабиа ва вобаста донистани бурду бохти зиндагиро аз он мавҷудот ифода менамояд. Мусаллам аст, ки чунин нигоҳ ё мавқеъ сарфи назар кардани қонунҳои табиат ва ҷамъият ва адами тафаккур ва ҷаҳонбинии илмиро дар назар дорад. Ба қавли мутафаккири бузург Гегел «Дар дин тамоми муаммоҳои олами ҳастӣ ҳалли худро ёфтаанд, тамоми ихтилофҳои афкори амиқ бартараф гардидаанд». Аз ин нуқтаи назар, диндорӣ моҳиятан ба ашхоси аз донишҳои илмӣ дурмонда, дар бораи сохтори воқеии олам тасаввурот надошта ва ё тасаввуроти носаҳеҳдошта, зеҳнҳои шахшудамонда, ақлҳои донанда, лекин нафаҳманда, ба майнаҳои аз ҷӯяндагию пӯяндагӣ дур хос мебошад. Ба вуҷуди хосияти зидди илмӣ доштанаш, ки аз табиати он бармеояд,  вай дар ҷомеаҳои рушднокарда на танҳо манфӣ арзёбӣ намегардад, балки ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, амали ҳасана низ ҳисобида мешавад. Ва ҳатто барои интишору тақвият ёфтани он нерӯи зеҳнии зиёди ҷомеа низ сафарбар карда мешавад. 

Диндорӣ, моҳиятан амали соф инфиродӣ буда, инъикоскунандаи сатҳи тафаккуру навъи ҷаҳонбинӣ ва ҷилвадиҳандаи олами маънавии шахс маҳсуб меёбад. Диндорӣ ҳамчун амали инфиродӣ барои шахс аз он ҷиҳат муфид аст, ки вайро дар ҳолатҳои мушкил ва тазйиқовари зиндагӣ таскин мебахшад. Шахси диндори воқеӣ ба сабаби ноогоҳӣ аз қонунияти сабабию натиҷавӣ дар табиат ва ҷомеа бурду бохти худро ба мавҷуди фавқуттабиа марбут ва вобаста дониста, ҳамин тавр дасткӯтаҳию оҷизӣ ва дур будани худро аз дониши илмӣ ба маъраз мегузорад. Яъне, ӯ чун меҳисобад, ки сарчашмаи мушкилот ва ё бадбахтии ӯ нерӯест, ки ба он муқовимат кардан маъно надорад, беихтиёр ба тақдир тан дода, худтасаллодиҳиро роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти худ медонад. Дар чунин шахс моҳиятан ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилот вуҷуд надорад, чун гиреҳкунандаю во кунандаи мушкилот дар зеҳни ӯ танҳо неруи фавқуттабиа маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар чунин афрод шахсияти пассив маҳсуб ёфта, бо ин сифати худ ба пешрафти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ҷомеае, ки аз чунин ашхос пур аст, муддати дароз дар ҳолати шахшуда, бидуни тағйиру пешрафт қарор хоҳад гирифт. Мисоли он ҷомеаҳои тоинқилобии Осиёи Миёна аст.    

Диндорӣ ҳамчун усули вобаста сохтани бурду бохти зиндагӣ аз нерӯҳои фавқуттабиӣ таърихан дар шаклҳои гуногун ба зоҳир расидааст. Шакли қадимтарин ва даҳшатноктарини он дар чунин ҳолате сурат гирифтааст, ки диндор ба сабаби вайрон намудани талаботи динӣ тавассути худталқинкунӣ худро ба марг мерасонд. Ба ҷумлаи онҳо дар гӯшаҳои алоҳидаи олами ислом баъзе ашхоси манқуртшуда низ дохил мешаванд, ки ба хотири арзиши динӣ худро қурбон мегардонанд. Чунин ашхос воқеан ҳам манқурт, яъне азхудбегонашудаанд, ки инони ихтиёрашон аллакай дар дасти худашон нест.

Умуман, дар олами ислом диндорӣ имрӯз дар шаклҳои гуногун ба зоҳир мерасад. Гуногунии шакли диндорӣ аз он вобаста аст, ки кадом талабот ё аҳкоми динӣ  меъёр қарор дода мешавад. Ин ҷо суханро ба дарозо накашида, мухтасаран қайд менамоем, ки агар ҳадиси «Ҳеҷ нафаре аз шумо эмон нахоҳад овард, то он даме, ки ман дар назди ӯ аз ҷонаш, молаш, оилааш ва умуман аҳли башар маҳбубтар набошам.» ва ё ҳукми ояти 9 аз сураи «Мунофиқун» меъёр қарор дода шавад, чунин диндорро дар ҷомеа ёфтан хеле душвор аст. Агар меъёри диндории шахс иқрори мусулмон будани ӯ қарор гирад, дар ин ҳолат дар олами ислом мусулмонон ҳама диндоранд. Мутаассифона, меъёри мазкур аз тарафи ифротиёни дингарои ҷомеа ва қишри аз дин манфиатҷӯ қобили қабул нест. Зеро ду қишри номбурда ба ҳар чӣ бештар реша давондани дин ва ҳар чӣ бештар қавӣ гардидани пояҳои дин дар ҷомеа аз лиҳози моддӣ манфиатдор буда, сабукӣ дар динро ҳамчун таҳдид ба манфиатҳои моддии худ мепазиранд. Аз ин рӯ, ду қишри номбурда, ки динро барои худ василаи пешбурди зиндагӣ сохтаанд, пайваста саъй менамоянд, ки дар ҷомеа решаи дин амиқтар бошаду бо истифода аз дин мақоми иҷтимоии онҳо баландтар гардад. Яъне, қишрҳои номбурда барои тавсеа ёфтани дину амиқтар гардидани решаҳои дин дар ҷомеа аз лиҳози моддӣ ҳавасманд мебошанд. Барои татбиқ намудани аҳдофи стратегии худ онҳо дингароиро пешаи худ қарор медиҳанд. Дингароӣ аз диндорӣ, чуноне, ки аллакай зикр гардид, фарқ менамояд. 

Дингароӣ чист? Дингароӣ маҷмӯи афкор ва аъмоли ба интишори дин мусоидаткунанда дингароӣ номида мешавад. Агар диндорӣ ба сабаби иҷрои вазифаи таскинбахшияш ба шахс каме нафъ оварад, чун дар ҳолати мушкили зиндагӣ аз лиҳози равонӣ ба шахс оромӣ мебахшад, пас, дингароӣ бо якчанд сабаб раванди манфӣ маҳсуб дониста мешавад:

-дингароӣ аз доираи амали инфиродӣ берун баромада, хусусияти иҷтимоӣ касб менамояд, яъне дигар афроди ҷомеаро ҳадафи таъсири худ қарор медиҳад; 

-дингароӣ сабаб мегардад, ки дар зеҳни аҳли ҷомеа ба ҷойи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ тафаккур ва ҷаҳонбинии динию эътиқодӣ реша давонад;

-ба мафкураи аҳли ҷомеа, хусусан насли маърифатҷӯ доир ба пайдоиш ва сохтори олам тасаввуроти носаҳеҳи ғайриилмӣ интиқол медиҳад;

-тавсеа ёфтану нерӯ гирифтани тафаккури эътикодӣ дар зеҳни насли ҷавон мантиқан барои рушди илму маърифат монеа мегузорад; 

-интишор ва тақвият ёфтани тафаккур ва ҷаҳонбинии эътиқодӣ ба василаи дингароӣ омили асосии тавлиди ихтилоф ва тафриқа  дар байни аҳли ҷомеа гардида, заминаи мусоид барои ташкили ҷанги мазҳабӣ хоҳад буд, чун чунин ҷангро душманони ислом кайҳо боз ҳадафи хеш қарор додаанд;

-дингароӣ ба сабаби аз доираи амали фарди алоҳида убур карданаш либоси сиёсӣ касб намуда, динро ба василаи аввалиндараҷаи ҳалли мушкилоти сиёсӣ мубаддал месозад, ва аз ин ҷо сарчашмаи бадбахтиҳои иҷтимоии аҳли ҷомеа маҳсуб дониста мешавад.

Бо назардошти ҷанбаҳои манфии зикршуда ҳар чӣ зудтар ва босамартар маҳдуд сохтани дингароӣ айни муддао дониста шуда, татбиқи он заминаи боэътимоди таъмини сулҳу оромӣ ва кафили пешрафту тағйиротҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад. 

Абдухалилзода К. А.

Яндекс.Метрика