Дар назди пирон ҳушёр бошед ва суханони сазоворро гӯед.
Бори худро ба гардани каси дигар нагузоред.
Бо одами бадфеъл дӯст нашавед.
Сухани ҳақро бузург ҳисоб кунед.
Саховатмандиро ба одати худ табдил диҳед.
Аз тамаъкорӣ дурӣ ҷӯед.
Бо сафсатагӯйҳо сӯҳбат накунед.
Аз одамони шариф кӯмак пурсед.
Корҳои некро аз дигарон дареғ надоред.
Ба ваъда вафо кунед.
Онҳое, ки аз шумо умедворанд, ноумед накунед. Айби касеро наҷӯед.
Бо дӯстони вафодор алоқаро наканед.
Вақти бой ва сарватманд будан дӯстонро фаромӯш накунед.
Душмани худро хурд ҳисоб накунед.
Кори имрӯзаро ба фардо нагузоред.
Аз саҳифаи Ҳазинаи маърифат
Таҳиякунандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ