1. Барои он, ки як нафар ба ҳила ва найранги даъватгарони гурӯҳҳои ифротӣ наафтад, ҳатман ӯ бояд роҳу усулҳои ҷалбсозии ифротгароёнро донад. Вақте, ки як нафар бештар дар бораи бими ин гуна равияҳо ва ҷараёнҳо маълумотнок бошад, ӯ ҳамон қадар худашро аз чунин хатарҳои ифроти ҳимоят карда метавонад.
Даъватгарон бештар чунин шахсонро моил мекунанд:
-нафароне, ки аз падару модар ва хешу табори наздики худ дур қарор доранд;
-шахсиятҳое, ки дар дигар кишварҳои хориҷӣ ва ё дур аз падару модар дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу техникумҳо баҳри илмомӯзӣ рафтаанд;
-муҳоҷирон, гурезагон, донишҷуён, ки мехоҳанд бо дигарон алоқаи дӯстӣ пайдо кунанд ва ё барои дар ёфт кардани хонаи иҷоранишинӣ, ба расмият даровардани ҳуҷатҳо ва ё ёфтани кори муносиб аз шахсони бегона маслиҳат мепурсанд;
-нафароне, ки дар ҳолати ғазабу изтироби сахти рӯҳӣ қарор доранд (бемори, марги наздикон, пошхӯрии оилаҳо, аз кор рафтан, аз зиндагӣ гиламанд будан ва ғ.);
-шахсиятҳое, ки, дар ҳолати мушкилии иҷтимоӣ-иқтисодӣ қарор доранд;
-нафароне, ки психологияи заиф ва номукаммал доранд;
-шахсиятҳое, ки, майлу рағбати зиёди аз худ кардани донишҳои динӣ- мазҳабиро доранд. Чунин ашхос бинобар дар ҳолати психологии номукамалу номуназзам қарор доштан, метавонанд дар идора кардани тафаккурашон ба моилкунандагони ифротӣ боварӣ кунанд.
-фиребхурдагони чунин даъватгарон ҳар гуна шахс шуда метавонад, лекин дорандагони иттилооти зарурии ирфонӣ- маънавӣ ва сиёсӣ- ҳуқуқӣ вобаста ба табиати ифротгароӣ аз ин варта худро наҷот дода метавонанд.
2.Афроди даъватгар чунин хусусиятҳоро доро мебошанд:
-даъватгарони ифроти новобаста ба он ки донишҳои фундаменталии диниву дунявӣ надоранд, қобиляти “хуби” суханварӣ ва ақидаҳои ғалати худро ба сари ҷавонон бор кардан доранд;
-чунин афрод аз ҳама дида бештар барои ҷавонони ноогоҳ “ҳалиму мушфиқ” менамоянд;
-ингуна даъватгарон метавонанд бародар, дӯст ва ё шахсони бегона бошанд;
-даъватгаронӣ ифроти мехоҳад зиёдтар дар бораи худи шумо ва кору боратон маълумот дошта бошад;
-моилкунанда ҳамеша шуморо таърифу тавсиф менамояд ва дар ботин фикр мекунад, ки бо кадом тарзу усул шуморо ба “аркони таҳрифшудаи (ғалатӣ) исломӣ” даъват кунад, зеро ба андешаи ӯ гӯё “дар роҳи ислом даъват намудани дигарон кори аз ҳама савоб аст.
-Аммо худи моилгар чунин ваколат надорад, зеро ҷавҳари асосии дини мубини Ислом сулҳу суббот, таҳамулпазирӣ ва инсондӯстӣ аст, на қатлу куштор.
3.Шахс бояд чӣ гуна дарк кунад, ки ӯро гурӯҳҳои ифротгарои динӣ- мазҳабӣ моил карда истодаанд:
-даъватгари ифроти мунтазам кӯшиш менамояд, ки тарсу ҳаросро аз вуҷуди шумо бароранд ва шумо худро мустақил ва нотарс ҳис кунед;
-ба шумо чунин вонамуд мекунад, ки ӯ ба шумо кӯмак карданӣ ҳасту халос, ҳатто ёрие ба шумо пешниҳод мекунад, ки лозим нест;
-ҳатто бо эҳсосоти баланди динӣ (гиря, овози баланд) аз номи Худову расул ҳарф мезананд, “мусулмони асил” буданашро нишон доданӣ мешавад;
-моилгар дар равиши гуфтораш оҳиста- оҳиста афкори ифротии “салафия-ваҳҳоия”-ро дар бораи “ҷиҳод” кардан ба шумо талқин менамояд, низоми демократӣ ва тамоми кормандони давлатиро дар асоси эҳсосоти динӣ - мазҳабӣ ба “куфр” ҳукм менамояд, ташкил кардани “хилофати исломӣ”-ро ҷонибдорӣ менамояд;
-моилгар оҳиста- оҳиста шуморо аз хешу табори наздик ва ҳатто падару модаратон дур карда, танҳо ақидаҳои ғалати ифротии худро дар мафкураи шумо ҷо менамояд;
-моилгар дар асоси далелҳои ифротгарои динӣ- мазҳаби ҷашнҳои суннатии мо Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Соли навро ҳаром гуфта, нисбати мазҳаби Имом Абуҳанифа ва афкори диниву ирфонии Рӯмӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва дигар мутафаккирони варзидаи форсу тоҷик эҳтиром надорад, афкори адабии онҳоро дар асоси андешаҳои ғалат, яктарафа ва кӯр -курона “бидъат” мешуморад.
-моилгар ба шумо метавонад пешниҳод кунад, ки номҳои тоҷикиатонро (Суҳроб, Рустам, Сиёвуш ва ғ.) ба номҳои арабӣ (Абубакр, ҳалид, Ансор ва ғ) иваз кунед.
4.Нафари ҳушёру зирак чӣ гуна бояд худро аз технологияи моилгарон муҳофизат кунад:
-нисбати шахси ношинос доимо бо назари танқидӣ нигоҳ кунад. Аз ҷумла, ҳангоми муошират бо таври онлайн дар интернет шахс бояд вазъиятро идора карда тавонад ва се қоидаро риоя кунад:
-ба эҳсосот дода нашавад, мулоҳизакор ва воқеъбин бошад, дарк намояд, ки барои чӣ шахси бегона бо ӯ ҳамсуҳбат шуда истодааст, мақсади чунин “лутфу марҳамат”- и моилгар дар чист?.
-мавқеи шахси мушоҳидакунандаро интихоб намуда, ба моилкунанда чунин савол диҳед: “Барои чӣ шумо ба ман ин суханҳоро (дар бораи “ҳаром будани Наврӯз, Соли нав”, “ҷиҳод кардан”, “ташкил кардани хилофат” ва ғ), мегӯед? Барои шумо ин тафаккур чӣ аҳамият дорад?
-сипас, вобаста ба чунин даъватҳои оммавии ифротгароии динӣ- мазҳабӣ аз воситаҳои ахбори оммаи расмӣ ва адабиёти аз экспертизаи динӣ - мазҳабӣ расман гузашта, шинос шавад. Зеро чунин даъватҳо бо воситаи Интернет боиси барангехтани тухми бадбинӣ, низоъ ва душманӣ дар байни ҷавонон мегардад, онҳо аз таърих, адабиёт ва фарҳанги миллӣ ру гардонида, бегонапараст мешаванд.
-ҷавоне, ки дар зиндагӣ мақсади муайяни созанда (касб омӯхтан, ихтисоси хуб гирифтан, хизмати падару модарро кардан ва ғ.) надорад, ӯро дилхоҳ намуди шамоли аҳриманӣ (ифротгароӣ) бо худ мебарад, зеро чунин ҷавон решаичуқур надорад.
5.Роҳи ошкору муайян сохтани таъсири тафаккури ифротгароӣ дар зоҳир ва ботини шахси наздик шумо инҳоянд:
-дигаргун шудани рафтор, тарзи либоспушӣ, симои зоҳирӣ;
-ҳамеша истифода кардани баъзе калимаҳои нави динӣ- мазҳабӣ бо истифода аз тарзи баёни алфози арабӣ
-аз худ кардани истилоҳоти муайяни динӣ- мазҳабӣ аз наворҳои видеоии интернетӣ, аудио ва видеодискҳо, ки аз забони бархе аз мутаасибони динӣ гуфта шудаанд;
-майл надоштан нисбат ба оила, дӯстон, хондан, хурсандӣ кардан ва мусиқӣ гӯш кардан;
-майл кардан бо “дӯстон”-и дорои таассуботи баланди динӣ- мазҳабӣ;
-зиёд шудани вохӯриҳо дар ҳафта ва моҳ бо шахсони бегона;
-завқу шавқ пайдо кардани сафари ғайричашмдошти дохили давлатӣ ва ё сафари хориҷӣ кардан;
-бо воситаи сайтҳои телефонӣ аз ҳолатҳои муқаррарӣ дида бештар гап задан, бо интернет табодули мунтазами афкор кардан бо шахсони бегона;
-мунтазам тамошо ва гӯш кардани воизони динӣ- мазҳабӣ;
-тағйир ёфтани режими хӯрокхӯрӣ, бадқаҳр шудан, аз дигарон дурӣ ҷустан ва ё бетафовут будан ба ҳаёти оилавӣ, таҳсил ва муносибат бо волидайн ва хешу табор.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.