Абӯрайҳони Берунӣ донишманди маъруф андар иду ҷашнҳои порсиён ҷойгоҳи Меҳргонро сутуда, аз қавли яке аз акобири саҳобаи пайғамбар Салмони Форсӣ менависад, ки «мо дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар». Ниёгони мо барои таъйиди ҷашни Меҳргон, ҳамчунон барои Наврӯзу ҷашнҳои дигар, ривоятҳои фаровон дуруст кардаанд. Аз ҷумла, пайдо шудани Хуршед ё Меҳрро ба ин рӯз нисбат додаанд. Сипас омадани фариштагон барои нусрати Фаридун дар набард бо Заҳҳоки мордӯш ва пирӯзии Коваву партавафшонии дирафши ковиёниро низ ба айёми Меҳргон бастаанд. Аммо собиқаи ин ҷашнҳои дерин ҳикоятгари он аст, ки мардумони ориёӣ қабл аз зуҳури Зардушт Наврӯзу Меҳргонро гиромӣ доштаанд ва ин ду ҷашни нозанини табиат бештар аз андешаҳову орои динӣ буда, чун намое аз тавоноии Офаридагори ҷаҳон дониста мешуданд.
Дар асрҳои баъдӣ ин ҷашнҳоро хостаанд маъниҳои мазҳабӣ бахшанд. Ҳамин тавр, Меҳргонро бар қиёмат, ки охири олам аст, монанд карда, Наврӯзро бар растохез, ки рӯзгори бедории табиат ва одаму олам аст, шабоҳат додаанд. Низ Берунӣ ба пурсиши Искандар аз Арасту ишора карда, ки «кадом яке аз ин ду фасл беҳтар аст» ва ҷавоби мантиқиву мудаллали Арасту, ки «Подшоҳо, дар баҳор ҳашароту газанда оғоз мекунанд, ки нашъу намо ёбанд ва дар тирамоҳ оғози аз байн рафтани онҳост. Пас, тирамоҳ аз баҳор беҳтар аст».
Меҳргонро ба фариштаи меҳр нисбат додаанд, ки дар оғози фасли сармо барпо мешуд (бар хилофи Наврӯз, ки оғози фасли гармо мерасид). Ба қавли Берунӣ Меҳргон «шонздаҳумин рӯз аз моҳи меҳр» фаро мерасид. Моҳи меҳр бо тақвими григорианӣ баробар бо 23 сентябр – 22 октябр мебошад. Яъне, Меҳргон низ чун Наврӯз дорои эътидоли кайҳонӣ аст ва андозаи шабу рӯз дар ин моҳ баробар мешавад. Ин байти Носири Хусрави Қубодиёнӣ, ки дар замони ҳукумати Ғазнавиён зиста, ишорат ба баробарии рӯзу шаб дар айёми Меҳргон дорад:
Наврӯз беҳ аз Меҳргон гарчӣ,
Ҳар ду замонанд эътидолӣ.
Гуфта мешавад, ки яке аз далелҳои ба номи Меҳр – Эзади доварӣ ва адолату додгустарӣ гузоштани ин ҷашн ҳамин асл мебошад. Ҳамин тавр, рози мондагории ҷашни зебову пурбори Меҳргон дар гузари таърихро набояд ба ҳеч дину мазҳаб ва замону забоне маҳдуд кард. Он нишоне аз таърихи дерини кӯҳантарин мардуми ҷаҳон ва нишоне аз тамаддуни сурурангези бумӣ ва кишоварзии як сарзамин аст. Аҷдоди мо ҷашни бардошти маҳсулоти кишоварзии худро бо шодмониву нишот барпо медоштаанд. Ҳамон тавре, ки ду фарзанди баруманди Тӯс Фирдавсӣ ва Асадӣ овардаанд, Меҳргон пас аз Наврӯз муҳимтарин ҷашни мо тоҷикон ба шумор рафта, ойину русуми вижаи хешро доштааст. Яке аз ин ойинҳо осудану даст аз кор бардоштан дар рӯзҳои баргузории ҷашнҳо будааст. Ба ривояти сарчашмаҳо Берунӣ дар сол танҳо ду рӯз аз хондану пажӯҳиш боз меистод, ки он дар Наврӯзу Меҳргон будааст. Ҳаким Фирдавсӣ мегӯяд:
Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Ба кӯшу ба ранҷ ҳеч манмой чеҳр.
Дар даврони Сосониён дар рӯзи Меҳргон шоҳон худро бо равған оғушта мекарданду ҷомаҳои гаронбаҳо мепӯшиданд. Бар асоси ин бовар, ки хуршед дар рӯзи Меҳргон ба ҷаҳон ошкор шудааст, шоҳони сосонӣ тоҷе ба шакли хуршед бар сар мениҳоданд. Ромишгарон ба шодиву сурудхонӣ мепардохтанд ва мардумон ҳадяву нисор пешкаши шоҳ месохтанд. Чун салтанати Сосониён сиёсати иттиҳоди дину давлат дар Эрон буд, аз он ба унвони ҳарбаи сиёсӣ баҳра бурда мешуд. Дар ҷашни Меҳргони он замон, маросими вижае дар оташкада иҷро мегашт, ки қисмати асоси он ситоиши Меҳр ба шумор мерафт. Ин ниёиш аз Хурд-Авесто баргирифта шуда, чунин оғоз мегашт:
Меситоем меҳри пайвандгари ҷону ҷаҳонро,
Ки ростгуфтору пуровоза аст.
Бисёр шунавову биност,
Хушпайкару баландболо ва дурбин,
Неруманду бехобу ҳамеша бедор аст.
Истилои араб, ки яке аз ҳадафҳояш ҷорӣ кардани расму ойини нав буд, бисёре аз ҷашну идҳои мардуми маҳаллиро аз байн бурд, вале осори онро комилан натавонист маҳв созад. Умавиён бо вуҷуди душманӣ бо русуми миллали ғайриараб, аз ҷумла тоҷикон, чун расми ҳадя додани мардум дар Меҳргонро писандиданд, бо баргузории Меҳргон (дар арабӣ Меҳрҷон) мухолифати ошкоро накарданд. Аммо Меҳргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллӣ аз давраи Аббосиён, ки парвардаву баркашидаи мардуми Хуросон буданд, равнақи дигар гирифт. Халифа Маъмун (813-833) беш аз дигарон ба ҷашнҳову маросимҳои мардуми Хуросон таваҷҷуҳ дошт. Дар айёми таҷлили Меҳргон аз гушаву канори хилофат мардум сарозер мешуданд ва барои халифа ҳадя нисор мекарданд. Донишмандон дар ин фасли саховатпеша осори хешро пешкаш мекарданд, шоирон шеър ва мутрибону овозхонон низ базми дарборро равнақ мебахшиданд. Ба навиштаи Табарӣ мардуми Бағдод – пойтахти Аббосиён ҳангоми ҷашн гирифтани Наврӯз шаш шабонарӯз шодиву нишот мекарданд ва гоҳе маросиму гаштугузор ва шодии онҳо мояи озори мардум мегашт. Дар ҷашниМеҳргон, ки ба даҳаи охири моҳи сентябр рост меомад, халифаҳо ба сардорони шоистаи низомӣ ва дарборӣ хилъату нишон мебахшиданд ва мардум василаҳои зиндагиро нав мекарданд.
Хонадони Бармакиён ва Фазл ибни Саҳли Зурриёсатайн ки тоҷиктабор буданд, барои таҷлили шоистаи идҳои Наврӯзу Меҳргон санги тамом мегузоштанд ва аз хазинаи кишвар харҷҳои ҳангуфт мепардохтанд. Ба навиштаи Замахшарӣ, Фазл ибни Саҳл боре дастур дод, ба шоире, ки дар васфи Меҳргон бо забони арабӣ шеъри баланд гуфт, ҳадяи фаровон доданд. Гуфтанист, ки таҷлилу гиромидошти ҷашни Меҳргон дар он рӯзгор, ки сафи мутаассибон тадриҷан меафзуд, кори осон набуд ва фарҳехтагоне, ки дар ин самт талош мекарданд, ҷон бар каф гирифта, ойину русуми миллиро гиромӣ медоштанд ва гоҳе аз нафрину лаъни фақеҳон низ бебаҳра намемонданд.
Ҳамин тавр, Тоҳириёну Саффориёну Сомониён низ ба тақлид аз Бағдод дар замони салтанати худ Меҳргонро пос доштанд. Сурудаи маъруфи Устод Рӯдакӣ, «Малико! Ҷашни Меҳргон омад», гувоҳи равшани маъмул будани ин ҷашн дар рӯзгори Сомониён мебошад. Дақиқӣ – дигар шоири озодаи аҳди сомонӣ бо гуфтани «Хуҷаста Меҳргон омад, Сӯи шоҳи ҷаҳон омад» аз тантанаҳои ин ҷашни зебо огоҳӣ медиҳад. Масъудӣ, ки ҳамзамони Сомониён аст, менависад, ки хонадонҳои тоҷиктабори ин замон дар ҳудуди Ироқ ва Эрон ин ҷашнро дар аввали фасли зимистон таҷлил мекарданд. Ӯ таъкид кардааст, ки дар он рўз мардумон фарш, олот ва либосњоро иваз мекарданд. Аз ин навишта маълум мешавад, ки миёни расму ойинҳои ҷашни Наврӯз ва Меҳргон дар замони Сомониён монандии зиёд мавҷуд будааст.
Суннату русуми дарбори Бухоро бо рӯйи кор омадани Маҳмуд ба Ғазнин интиқол ёфт. Зеро Маҳмуду падараш Сабуктагин тарбиятёфтаи Сомониён ва бо ҷашну маросимҳои ин хонадон маънус буданд. Гузашта аз ин, ғуломони турк фарҳанги хоссе надоштанд, ки ҷойгузини тамаддуни дерини тоҷикӣ кунанд. Сиёсати Ғазнавиён дар гиромидошти одобу русуми тоҷикон як навъ риояти вазъи мавҷуд ва ҳамоҳангӣ бо мардуми бумиву суннатҳои он буд. Аз ҷумла, таҷлилу гиромидошти љашнњои Наврӯзу Меҳргону Сада дар дарбори Ѓазна идома ёфт, ки аз нуфузи фарњанги тоҷикї њикоят мекунад ва шоирон дар рўзњои фархунда ашъоре дар тањнияти ин ҷашн месуруданд ва мамдуњро месутуданд. Унсурии Балхї дар ќасидаи зебои хеш баргузории некҷашни Меҳргон ва ҳамзамонии он бо воқеаи дигари фараҳбахши давлат изҳори шодмонӣ карда, онро чунин баён месозад:
Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,
Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.
Бештари ќасидањои дигар шоирони дарбори Ғазнин, аз ҷумла, Фаррухии Сиистонӣ ба муносибати ҷашнҳои Наврўз, Мењргон, Сада будааст. Дар ин миён ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи хосс дорад. Зикри ин ҷашн дар осори хатти замони Ғазнавиён бештар аз Наврӯзу Меҳргон омадааст. Фаррухӣ дар яке аз қасоиди худ, ки ба бародари Маҳмуд Амир Юсуф бахшида, Меҳргонро чунин тавсиф мекунад:
Ҷашни Фаридун хуҷаста боду ҳумоюн,
Бар азди давлат он бадали Фаридун.
Ин шоири сухангустар дар қасидаи дигар, амири ғазнавиро даъват мекунад:
Ба сад Мењргони дигар шод кун дил,
Ки ту шодиву Фаррухиро сазої
Дар қасидаи дигар ин шоири овозадор расми баргузории ҷашни Меҳргонро чунин тасвир мекунад:
Ҳумоюну фархунда бодат нишастан,
Бад-ин ҷашни фархундаи меҳргонӣ.
Дар мавриди дигар Фаррухӣ қасидае ба Амир Юсуф бародари Султон Маҳмуд бахшидааст, ки он низ ба муносибати баргузории ҷашни Меҳргон гуфта шудааст. Аммо мусодиф омадани Меҳргону моҳи рамазон айши ӯро талх кардааст, ки мефармояд:
Меҳргон расми Аҷам дошт ба пой,
Ҷашни ӯ буд чу чашм андар бой.
Ҳар куҷо дар шудам аз аввали рӯз,
Бо май андар шудаму барбату ной.
То маҳи рӯза даромехт бад-ӯй,
Он ҳама расми накӯ монд ба ҷой.
Корҳо танг гирифтаст бад-ӯй,
Рӯзаи тангхӯйи каҷфармой.
Агар дар ҷое Маҳмуду Масъудро шоирони дарбори Ғазнин шоҳи Аҷам хонанд, дар бештари мавридҳо ӯро «шоҳи Эрон», «Хусрави Эрон», «шаҳи Машриқ» ва ё «худойгони Хуросон» номидаанд. Ҳарчанд Маҳмуд турк буд, вале боре ҳам ӯро бо унвонҳои туркӣ (ҳоқон, хон, ябғу ва ғ.) ёдовар нашудаанд. Аз ҷумла дар ин қасида Фаррухӣ Маҳмудро «Эроншоҳ» хитоб карда, азми Суғд кардани вайро пас аз баргузории ҷашни Меҳргон навид медиҳад:
Ба фаррухиву ба шодиву шоҳӣ Эроншоҳ,
Ба Меҳргон биншаст бомдоди пагоҳ.
Бар он-ки чун бикунад Меҳргон ба фаррухрӯз,
Ба ҷанги душмани ворун кашад ба Суғд сипоҳ ....
Чу Меҳргон биканад хонаро зи сар фиканд,
Ба ҷангу тохтани душманон бувад шаш моҳ ....
Хуҷаста бодату фархунда ҷашну фаррух бод,
Ба Суғд рафтану берун шудан зи хона ба роҳ.
Табрику шодбош гуфтани ҳамдигар дар ҷашни Меҳргон аз одатҳои роиҷи аҳди Ғазнавиён будааст. Ин ойинро шоирон бештар муроот кардаанд. Дар бештари мадҳияҳое, ки ба муносибати ҷашни Меҳргон иншо шудаанд, дида мешавад, ки амирону вазирон ва надиму дигар риҷоли дарборро шоирон бо Меҳргон таҳният гуфта, таманниёти нек баён доштаанд. Фаррухӣ дар қасидае фарорасии Меҳргонро ба Яминуддавла Маҳмуд табрик арз карда, чунин месарояд:
Бигшод Меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод бар малики шарқ Меҳргон....
Бодо дили муҳиббаш ҳамвора бонишот,
Бодо тани адувваш пайваста нотавон.
Ҳар кас ки менахоҳад ӯро ба тахти мулк,
Бодо ба зери хоки мазиллат танаш ниҳон.
Фаррухӣ вазири маҳбуби Маҳмуд – Хоҷа Абуалӣ Ҳасанакро дар яке аз қасоиди худ, ки бо мисраи «Меҳргон имсол шуғли рӯза дорад пеши дар» оғоз мешавад, шодбош гуфта, дар фарҷоми қасида чунин орзу кардааст:
Эзад ӯро ҷовидонӣ давлату неъмат диҳод,
То бад-он ду бар бадандешон ҳамеёбад назар.
Рӯзи ӯ фархунда боду рӯзааш пизруфта бод,
В-ин хуҷаста Меҳргон аз рӯзҳо фархундатар.
Аммо набояд аз як чизи муҳим ғафлат варзид ва он динзадагӣ ва таассуби шадиди Маҳмуд буд, ки иҷозат намедод, русуми тоисломии мардуми тоҷик ба таври шоиста таҷлил гардад. Маҳмуд аз гирифтани ҳадяву нисорҳои ҷашнӣ, аз ҷумла меҳргонӣ хушҳол буд ва нишон додани азамату шукӯҳи дарбори худро ба баҳонаи ин ҷашнҳо меписандид, вале дар айни ҳол ин ҷашнҳо ба бовари ӯ «русуми давраи ҷоҳилият» ва «бозмондаи габрҳо» ба шумор меомад. Унсурии маддоҳ, ки ҳар чӣ султонро хӯш ояд, ҳамонро мегуфт, гоҳе салиқаву завқи мамдуҳашро мадди назар дошта, бар хилофи қасидаҳои қаблан сурудааш ойинҳои тоисломиро мазаммат мекунад. Дар яке аз қасидаҳои ӯ чунин омадааст:
Худойгоно! Гуфтам, ки таҳният гӯям,
Ба ҷашни деҳқонойин, ба зиннати баҳман...
Чунин ки дидам ойини ту қавитар буд,
Ба давлат андар з-ойини хусраву баҳман.
Ту мардӣ диниву, ин расм расми габрон аст,
Раво надорӣ бар расми габракон рафтан.
Донишмандони дарбори Ғазнин низ аз Меҳргону ойинҳои он ёдоварӣ кардаанд. Ба ҷуз Берунӣ, ки гуфтори ӯ дар ситоиши Меҳргонро зикр кардем, дигар уламои ин замон низ ҷашнҳои шукӯҳманди мардуми Хуросонро тазаккур додаанд. Парвардаи салотини ғазнавӣ Абдулҳай ибни Заҳҳоки Гардезӣ дар донишномаи худ «Зайну-л-ахбор» Меҳргонро рӯзи «фирӯзии Афридун бар Беварасп, ки ӯро Заҳҳок гӯянд» номида, аз қавли муғон мефармояд, ки Зардушти пайғамбар «эшонро фармудааст бар бузург доштани ин рӯз». Аммо чунин ба назар мерасад, ки ин суханро дар давраҳои баъдӣ, ки ойини зардуштӣ дини расмии Сосониён гардид, сохтаву пардохта бошанд.
Дабиру муаррихи номдори Ғазнавиён Хоҷа Абулфазли Байҳақӣ дар сӣ муҷаллад таърихи Оли Сабуктагинро таълиф кардааст, ки то замони мо панҷ ҷилди ба салтанати Масъуд бахшидашудаи он боқӣ монда, бо номҳои «Таърихи Масъудӣ» ё ҳамон «Таърихи Байҳақӣ» маъруф гардидааст. Асари Байҳақӣ ягона навиштаест, ки ҷузъиёти зиндагии шабонарӯзӣ ва гуфтору кирдори мардуми дарбор ва он рӯзгорро ба тафсил баён кардааст. Ин навиштаи арзишманд аз баргузории ҷашни Меҳргон низ ёдовар шуда, ки дар зер ба мавридҳои зикри он ишора хоҳад шуд.
Тавре гуфта омад, љашнњои Наврӯзу Меҳргонро амирони Ғазнин пуршукўњ таҷлили мекарданд. Дарвозаи зиндонњо боз мешуд, ба рўйи бенавоён низ дари хайр мегушуданд ва ба онњо инъому њадя нисор мекарданд. Фузалову шуароро боз хонда, базму мањофили шод меоростанд, ба ањли табъу завќ симу зар мебахшиданд. Ба ривояти Байњаќї дар рўзњои Наврўзу Меҳргон аз вилоёти тобеъ њадоёи зиёди љашнї расида, таомњои мутанаввеъ тайёр мекарданд. Ба ифтихори љашнњову расидани хабарњои хуш базми шоњона ва ба вижа маљлиси шароб барпо мегашт. Дар ин гуна маљолис занони пойкўб ширкат ва шодиву базморої мекарданд. Замоне, ки Амир Масъуд дар Тирмиз буд, пас аз он ки хабари фатњи Макрон расид, нишасти шаробро хеле гарм аз сар гирифтанд. Дар маросиму ойинҳои ҷашни Меҳргон мусиқии вижае навохта мешуд, ки бо номи «мусиқии Меҳргон» машҳур буд, ки акнун аз он огоҳии чандон надорем. Аммо дар китоби «Мусиқии Кабир»-и Абунасри Форобӣ мақоми ёздаҳуми он бо номи Меҳргон сабт шудааст. Шоири бузурги порсигӯй Низомии Ганҷавӣ низ дар достони «Хусрав ва Ширин» лаҳни 21-уми сигонаро «меҳргонӣ» навиштааст, ки ин назарро тақвият мебахшад.
Дар маљлиси шароби амир, ки ба муносибати Меҳргон ороста мешуд, њар кас наметавонист ширкат кунад ва њузур дар чунин базм барои ањли дарбор ва мардуми љоњталабу чоплуси он рўзгор ифтихор буд. Њатто ваќте Масъуд даъвати падараш Маҳмудро барои ширкат дар маљлиси шароб мешунавад, шодї мекунад. Мањмуд ба ифтихори ҷашни Меҳргон зиёфат ороста ба писараш мегўяд: «Навбате диранг кун, ки мо нишоти шароб дорем ва мехоњем, ки туро пеши хеш шароб дињем, то ин навохт биёбї. Амир Масъуд ба хаймаи навбат бинишасту шод шуд бад-ин фатњ».
Дар рӯзҳои нахустини ба қудрат расидани Масъуд (соли 1030) ӯро зарур омад, ки барои зудтар баргаштан ба Ғазнин, бо намояндаи саркаши Бувайҳиён, ки Байҳақӣ аз ӯ ба унвони Писари Коку ёдовар мешавад, аҳдномае ба имзо расонанд. Пас аз муайян кардани баҳсҳои сиёсӣ қарор бар ин шуд, ки ҳокими бувайҳӣ «дањ њазор тоќ љома аз мустаъмалоти он навоњї бидињад, беруни њадяи Наврўзу Мењргон аз њар чизе ва асбони тозиву астарони бозин ва олати сафар аз њар дасте». Аз ин ишораи мустанади Байҳақӣ чунин бармеояд, ки ҳокимони тамоми музофоти кишвар вазифадор будаанд, ки дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ба амири ғазнавӣ ҳадя фиристанд ва ин банд ҳатто дар қарододу шартномаҳо низ дарҷ мегаштааст.
Нахустин Меҳргоне, ки Масъуд пас аз софӣ шудани тоҷу тахт бар ӯ ва дар банд шудани бародари рақибаш Муҳаммад баргузор кард, ба моҳи рамазони соли 421 (баробар бо августи соли 1031) рост омад. Байҳақӣ менависад, ки «рўзи душанбе ду рўз монда аз моњи рамазон ба љашни Мењргон бинишаст ва чандон нисорњову њадяњо ва турафу сутур оварда буданд, ки аз њадду андоза бигзашт». Сипас аз ҳадяҳои фаровони волии ситампешаи Хуросон Абулфазли Сурӣ ҳикоят мекунад, ки ӯ «бенињоят чиз фиристода буд наздики вакили дараш, то пеш овард». Байҳақӣ аз зикри ҳадяву нисори сардорони дигар вилоёт низ фаромӯш накардааст. «Њамчунон вукалои бузургони атроф, чун Хоразмшоњ Олтунтош ва амири Чаѓониёну амири Гургон ва вулоти Ќусдору Макрону дигарон бисёр чиз оварданд ва рўзе боном бигузашт». Бояд зикр намоем, ки расми ҳадя овардан дар ҷашни Меҳргон ба замонҳои хеле пеш мерасид. Ҷуғрофиядону муаррихи шаҳири юнонӣ Страбон (64 то милод – 23 милодӣ) навиштааст, ки дар рӯҳи ҷашни Меҳргон хшатрапаван (сатрап)-и Арманистон 20 ҳазор курраи асп ба шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ ҳадя медод.
Масъуди ғазнавӣ нисбат ба падараш Маҳмуд муҳиту фазои озодтаре дар Ғазнину соири музофоти кишвар падид овард. Яке аз нахустин тадбирҳои ӯ он буд, ки Хоҷа Ҳасани Маймандии вазирро, ки муддате дар зиндон ба сар мебурд аз банди зиндон озод карда, дубора хилъати вазорат мебахшад. Байҳақӣ навиштааст, ки пас аз маросими таҳлифи Маймандӣ «Амир Масъуд ангуштарии пирўза, бар он нигин номи Амир ба онљо набишта,ба дасти Хоља (Маймандӣ – С.М.) доду гуфт: Ангуштарии мулки мост ва ба ту додем, то муќаррар гардад, ки пас аз фармонњои мо мисолњо (дастурҳо – С.М.)-и Хоља аст». Ба баҳонаи омадани ҷашни Меҳргон Фаррухии шоир фурсатро ғанимат шумурда, қасидаи шодбошие нисори вазири маъруфи Ғазнавиён мекунад. Аз ҷумла, шоир чунин мегӯяд:
Як рӯз монда боз зи моҳи бузургвор,
Ойини Меҳргон битавон кард хостор.
Овози чангу барбату бӯйи шароби хӯш,
Бо моҳи рӯза кай бувад ин ҳар ду созгор....
Ҷовид бошу пушт қавӣ бошу тандуруст,
Ту шодхору мо раҳиён аз ту шодхор.
Рӯзи ту неку соли ту неку маҳи ту нек,
Ту тандурусту ҳар ки нахоҳад чунин фигор.
Фархунда бод бар туву бар дӯстони ту,
Ин Меҳргони фарруху ин рӯзи рӯзгор.
Ду рӯз пас дар ҳолу ҳавои Меҳргон дарбори Ғазнин иди рамазонро низ баргузор карда, сафороийи лашкар, пазируфтани сафирони кишварҳои хориҷӣ бо ҳузури бузургон ва базми муфассали шеъру сухан ва шаробу кабоб доир мекунад. Ҳатто бар хилофи дастури шариат дар ин ҷашн «шароб равон шуд њам бар ин хон ва дигар хон, ки сарњангону хайлтошону аснофи лашкар буданд, мишрабањои бузург, чунонки аз хон мастон бозгашта буданд. Амир ќадање чанд хўрда буд аз хон ва ба тахти бузурги асл дар суффаи бор омад ва маљлисе сохта буданд, ки монандаи он кас ёд надошт ва вазиру оризу соњибдевони рисолату нудамо њозир омаданд ва мутрибони саройиву берунї даст ба кор бурданд ва нишоте барпо шуд, ки гуфтї, дар ин буќъат ѓам намонд, ки њама њазимат шуд. Ва амир шоиронеро, ки бегонатар буданд, бист њазор дирњам фармуд ва Алавии Зайнабиро панљоҳ њазор дирам бар пиле ба хонаи ў бурданд ва Унсуриро њазор динор доданд ва мутрибону масхарагонро сї њазор дирам».
Шоири мовароуннаҳрӣ Сӯзании Самарқандӣ (1100-1166) низ ҳамзамон омадани ҷашни Меҳргон бо яке аз идҳои исломиро ёдовар шуда, ҳамин тавр, аз баргузории ин ҷашн дар қаламрави Мовароуннаҳр хабар медиҳад:
Бо Меҳргон чун нек фитод иттифоқи ид,
Хунрезу баргрез падид омаду айён.
Абулфазли Байҳақӣ аз баргузории Меҳргони соли 1035 низ, ки ба 22 сентябр рост меояд, ёдовар шудааст. Дар ин ҷашн низ ба расми маъмул «нисорњову њадяњо оварданд аз њадду андоза гузашта. Ва пас аз намоз нишоти шароб кард ва расми Мењргон ба љой оварданд сахт некў бо тамоми шароити он». Тавре мушоҳида мешавад, шоҳиди он рӯзгор ибораи «бо тамоми шароити он» ҷашн гирифтани Меҳргонро махсус таъкид мекунад. Аз ин чунин бармеояд, ки Меҳргон дар шумори ҷашнҳои расмии давлати Ғазнавиён эътироф гардида, фурсате будааст барои нишон додани шукуҳу ҷалоли дарбор ва баҳона баҳри хӯш гузаронидани айём. Қасидаи 192-уми девони Фаррухӣ дар мадҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ суруда шуда, бо ин байт оғоз мешавад:
Меҳргон омаду симурғ биҷунбид аз ҷой,
То куҷо пар занад имсолу куҷо дорад рой.
Мазмуни ин қасидаи 28 байтии шоир ситоиши «хусраву ғозӣ, худованди ҷаҳон, шоҳи ҷаҳонгир» Маҳмуд дар айёми Меҳргон буда, вайро ба симурғ ва мурғони дигарр шикори ӯ меҳисобад. Ин қасидаи ғаррои меҳргонӣ бо таманнои шодмониву таносоӣ ва комгории «малики шаҳргӯшой» ба поён мерасад.
Пӯшидани ҷомаҳои арғувонӣ (сурх) аз дигар расмҳои маъмул дар ҷашни Меҳргон будааст, ки ба замонҳои қадим мерасад. Муаррихи юнонӣ Ктесий (асрҳои V-IV то милод) аз либосӣ арғувонӣ пӯшидани аҳли дарбори ҳахоманишӣ ҳикоят кардааст. Ранги сурх ҳамчун ранги нишоту шодобӣ барои ин ҷашн муносиб дониста мешуд. Ибораи «ҷомаи ид пӯшидан», «зулфро шона задан», «бару доманро мушк задан» дар осори шоирони ин замон мукаррар зикр мешавад. Шоири замони Ғазнавиён Масъуди Саъди Салмон, ки Байҳақӣ аз падараш, Саъди Салмон ба ҳайси муставфии Амир Маҷдуд дар Ҳиндустон ёдоварӣ карда, дар бораи баргузории ин ҷашн дар замони Ғазнавиён чунин месарояд:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Маҳ бияфзой ай нигори моҳчеҳри меҳрубон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
Ҷомро чун бода гардон аз набиди бода ранг,
В-андар он мангар, ки лола нест андар бӯстон.
Дар Меҳргони соли 1036, ки ба рӯзи 18 сентябр рост омад, Амир Масъуд дар маросими расмии ҷашн ширкат мекунад. Байҳақӣ ҳадя овардани тамоми аҳли дарбор, ҳатто фарзандони амирро низ таъкид карда, дастархони пурнеъмати меҳргониро низ ёдовар мешавад. Волиёни музофот ин рӯзро баҳона карда, ба дарбор мешитофтанд ва ҳар кас саъй мекард, бештар нисор оварад ва суханони чоплӯсонаву тамаллуқкоронаро низ замимаи ҳадяву нисори худ мекарданд. Дар ҷашни соли 1036 волии Чағониён, Макрон ва Гургон аз дигарон бештар ҳадя оварда, муҷиби шодмонии Амир Масъуд мегарданд. Поёни базми меҳгониро Байҳақӣ ин тавр тасвир кардааст: «Ва ин хонаро озин баста буданд сахт азиму фаррох ва он љо тануре нињода буданд, ки ба нардбон фаррошон бар он љо рафтандию њезум нињодандї ва танур бар љой аст. Оташ дар њезум заданд, ѓуломони хонсолор бо билискњо (сихкабоб – С.М) даромаданд ва мурѓон гардонидан гирифтанд ва хояву кавожа (тухми бирён ва нимбирён – С.М.) ва он чӣ лозимаи рўзи Мењргон аст мулукро аз сўхтаву баррагон руда мекарданд. Ва бузургони давлат ба маљлис њозир омаданду надимон низ бинишастанд ва даст ба кор карданду хурданї .... мехўрданд. Ва шароб равон шуд ба бисёр ќадањњову булбулањову сотгинњо ва мутрибон задан гирифтанд ва рўзе буд, чунонки чунин подшоњ пеш гирад». Тавре аз навиштаҳои шоҳиди рӯзгори Ғазнавиён ва базми меҳргонии дарбори онон бармеояд, ин ҷашн низ чун Наврӯз хони вижаи худро доштааст, ки яке аз ҷузвҳои ин хон кабоб аз гушти паррандагон ва шароби арғувонӣ будааст.
Соли дигар (1037) низ Меҳргонро дарбори Ғазнин бо шукӯҳи ҳарчӣ бештар ба ҷо меоваранд. Ба навиштаи Байҳақӣ дар рӯзи 18 сентябри ин сол пас аз расми ҳадяву нисор пешкаш кардани бузургон «шуаро шеър хонданду силат ёфтанд, ки ин худованд (Амир Масъуд – С.М.) шеър мехост ва бар он силатњои шигарф мефармуд». Байҳақӣ дар идомаи ҳикояти худ узр пеш овардааст, ки китоби таърихи ӯ иҷозат намедиҳад ҳамаи қасидаҳои шоирон дар ҷашни Меҳргони он сол сурударо биёварад. Танҳо хулоса мекунад, ки Меҳргони соли 1037 бо базми шароб хатм шуд ва ин «рўзи хуррам ба поён омад». Шоиру андешаманди бузурги тоҷик Носири Хусрав, ки замони Ғазнавиёну Салҷуқиёнро дарёфтааст, дар як қасидае расми бошукуҳ ҷашн гирифтани Меҳргону ба айшу нӯш нишастани шоҳони турктабор ва дар хидмати онҳо камар бастани озодагони хуросониро ба боди истеҳзо гирифта, чунин ёдовар мешавад:
Бар аҳли Хуросон фарох шуд кор,
Имрӯз, ки Иблис мизбон аст.
В-аз мутрибу руду набид он ҷо,
Пайваста ҳама рӯзгорон аст.
В-аз хуб ғуломон ҳама Хуросон,
Чун буткадаи Ҳинду Чинситонаст.
Зи рӯду суруд аст гӯши султон,
Зеро, ки Туғонхонаш меҳмон аст.
Мутриб ҳама афғон кунад, ки май хӯр,
Ай шоҳ, ки ин ҷашни хусравон аст.
Бояд ёдовар шавем, ки ин назари Носири Хусрав ҳосили андешаву биниши мазҳабии ӯст, ки бебанду борӣ ва бодагусориву беиффатии дарборҳои Ғазнавиёну Салҷуқиёнро намеписандад. Носири Хусрав бар ин бовар буд, ки аз ҳисоби молиёти камаршикан, ки бар раият таҳмил мегашт, набояд шоҳону аҳли дарбори онҳо ба айшу нӯш пардозанд. Зеро аз навиштаҳои Байҳақӣ ва ашъори Унсуриву Фаррухӣ чунин бармеояд, ки дар аҳди ҳукумати ин силсилаҳо бо баҳонаи баргузории ҷашнҳо исроф ва ҳадар додани амволи мардум сурат мегирифтааст. Дар баъзе мавридњо дар муњити динии асри Мањмуд бепарда сухан гуфта, Фаррухї аз рафтани рамазон изњори хўшнудї мекунад, бодаро њалол медонад, аз зоњидону муфтиён шиква мекунад. Чунин эътирозҳо асосан аз ҷониби он даста аз рӯҳониёну аҳли тариқат, ки вобастаи режими сиёсии рӯз набуданд садо медод. Дар яке аз қасидаҳои худ Носири Хусрав аз фасли «боди Меҳргон» ёдовар мешавад, ки низ гувоҳи маъмул будани ин ҷашну мутадовил будани вожаи мазкур мебошад.
Тавре маълум аст, солҳои 1038-1040 дар сарнавишти Ғазнавиён солҳои тираву беиқболӣ буданд, чун туркмонҳои салҷуқӣ бо ҳамлаҳои паёпай ва мудовим димор аз рӯзгори Хуросон бароварданд. Солноманависи ҳунарманди дарбори Ғазнин Байҳақӣ аз ошуфтагиву нобасомониҳои фаровони ин рӯзгор ҳикоят карда, аз гирифториҳои Амир Масъуд, ки саранҷом ӯро ба нотавониву шикаст дар баробари душманонаш расонд, ҳикоятмекунад. Акнун вақти шодиву тараб гузашта, замони муборизаву шамшеру сипар расида буд. Аммо русумоти дарборӣ тақозо мекард, ки дар ҳамин ҳолат низ асосҳои давлатдорӣ нигоҳ дошта шаванд. Аз ин рӯ вақте сарони лашкари Ғазнин аз Амир Масъуд хостанд, барои дафъи Салҷуқиён камар бандад, ӯ дастур дод ба Хуросон нома навишта таъкид доранд, ки, «мо, инак, пас аз Мењргон њаракат кунем бар љониби Хуросон ва он љо бибошем ду сол, то он гањ, ки ин халалњо дарёфта ояд. Ќалъатро нек нигоњ бояд дошт ва эњтиёт карду бедор буд». Ба дигар минтақаҳо низ нома фиристода, қотеъона мегӯяд, ки «пас аз Мењргон њаракат хоњем кард бо лашкаре, ки ба њеч рўзгор кашида наёмадааст аст сўйи Тахористону Балх, чунонки ба њеч њол аз Хуросон ќадам наљунбонем, то он гоњ, ки оташи ин фитна нишонда ояд».
Аз ин навишта чунин бармеояд, ки салотини Ғазна ҳатто дар замони ҷангу таҳдиди душман низ саъй дошданд, ҳангоми фаро расидани Меҳргон дар пойтахт бошанду ин ҷашнро баргузор кунанд. Ҳамин тавр, 12 сентябри соли 1038 дарбори Ғазнин ҷашни Меҳгонро як ҳафта барвақттар аз ҳамеша баргузор карданд. Ин Меҳргон бо иди Қурбон ҳамзамон омад. Байҳақӣ менависад, ки Масъуд «ба љашни Мењргон бинишаст ва њадяи бисёр оварданд ва рўзи арафа буд. ... Амир бисёр такаллуф карда буд њам ба маънии хон нињодан... Амир бар хон нишасту аркони давлату авлиёву њашамро фуруд оварданд ва ба хонњо бинишонданд. Ва шоирон шеър хонданд, ки иди фитр шеър нашнуда буд ва мутрибон бар асари эшон задан гирифтанду гуфтан ва шароб равон шуду мастон бозгаштанд. Ва шуароро сила фармуд ва мутрибонро нафармуд. Ва аз хон бархост њафт пиёла шароб хўрда ва ба сарой фуруд рафту ќавмро љумла боз гардонданд».
Вопасин зикри Меҳргон дар каломи зебову дилангези Байҳақӣ ба соли 1039 рост меояд. Дар рӯзномаи худ муаррихи тавонои тоҷик аз ошуфтагиҳои рӯзгор, ки ҳосили истибдоди Амир Масъуд ва хиёнати аҳли дарбори ӯ буд, ҳикоят карда, менависад, ки 19 сентябри ин сол Масъуд «ба љашни Мењргон нишаст рўзи сешанбе бисту њафтуми зиҳиљља ва бисёр њадяву нисор оварданд». Дар ин ҷашни Меҳргон яке аз шоирони дарбор Масъуди Розӣ, ки аз шикастҳои пай дар пайи лашкари Ғазнавиён аз туркмонҳои салҷуқӣ нороҳат гашта буд, дар шеъре, ки ба Амир Масъуд бахшид, ӯро ба муборизаи беамон ба муқобили душманон фаро хонд. Ду байти ин шеърро Байҳақӣ овардааст:
Мухолифони ту мўрон буданду мор шуданд,
Барор зуд зи мўрони моргашта димор!
Мадењ замонашон з-ин бешу рўзгор мабар,
Ки аждањо шавад ар рўзгор ёбад мор!
Масъуд як шоҳи худраъйу мутакаббир буда, дар сиёсати дохиливу хориҷӣ даҳҳо тадбири ноандешидаву хато гирифта, саранҷом давлати муқтадири Ғазнавиёнро ба боди фано дод. Ӯ ин насиҳати идона ва дӯстонаи шоирро ҳамчун таҳқир ҳисобида, фазои ҷашни Меҳргонро ба ҳам зад. Бар хилофи расми маъмул Амир Масъуд «шуароро њеч нафармуд (яъне молу зар набахшид – С.М.) ва бар Масъуди Розї хашм гирифту фармуд ўро ба Њиндустон фиристоданд». Масъуди Розӣ бо гуфтани ҳамин шеър аз ёру диёр маҷбуран дур ва ба Ҳиндустон табъид гашт. Байҳақӣ, ки марде хирадманду некандеш буд, менависад, ки ин шоири «мискин сахт некў насињате кард», вале бар сари ин масъала ба Ҳиндустон табъид гашт ва ба ҷурми ӯ шоирони дарбор аз подош маҳрум гаштанд. Амир ба ин басанда накард ва «мутрибонро њам силат нафармуд, ки дар ин рўзгор он абри зарпош сустї гирифта буд ва кам боридї ва муноќашањо мерафту умр ба поён омада буд. Ва њоли мардум ва давлати дунё ин аст. Ва ин рўзгори Мењргон низ бигузашту ба поён омад».
Агар ба ҳикмати барпоии ҷашнҳои мардуми эронинажод бияндешем, хоҳем дид, ки он аз ҷанбаи асотирӣ, динӣ, табиӣ ва нуҷумӣ холӣ набудаанд. Бар ин се ҷанба ваҷҳи иҷтимоиро низ метавон илова кард. Ҷанбаи табиӣ ва нуҷумӣ муассиртар аз дигар ҷанбаҳо буда, мондагории ин ҷашнҳоро боис шудааст. Муқаддас донистани обу оташу хоку хуршед низ дар ташаккули ҷашнҳои ниёгони мо таъсиргузор будааст. Агар Меҳргон бо Меҳр ё Хуршед ҳамнаво бошад, Наврӯз ҷашни баҳору хуррамии табиат ва Сада ба навъе муқаддас донистани оташ ва парастиши он марбут аст. Яке аз муштаракоти дигари ҷашнҳои бостонии мо ин аст, ки онҳо ба шоҳони қадимиву асотирии таърихи мо нисбат дода мешаванд. Наврӯз ба Ҷамшед, Меҳргон ба Фаридун ва Сада ба Ҳушанг. Дар бораи ваҷҳи иҷтимоии ҷашнҳои мардумони эронинажод ҳаминро бояд гуфт, ки дар қиёс бо ҷашнҳои сарзамини Ҳинд он аз ангезаҳои табақотиву каставӣ холӣ буда, тамоми мардумонро фаро мегирифт ва ин амр муҷиби фаротар рафтани ҷуғрофияи ин ҷашнҳо дар имтидоди таърих гаштааст. Ҷашнҳои бостонии ниёгони мо ниҳоят, сабаби ҷамъ омадани мутрибону овозхонҳову ҳунармандон мегашт, ки он дар навбати худ мероси фарҳангии моро ғановати бештар бахшид. Бо вуҷуди ин, барпоийи ҷашнҳо дар даргоҳи шоҳони худкомаву айёш тадриҷан ҷозибаву шукӯҳи онро камранг карда, харҷи ҳангуфти ин ойинҳо бар дӯши раияти ситамдида бор мешуд. Дар дарозмуддат ингуна харҷҳои газофу беинсофиҳои фармонравоён ҷашнҳои зеборо ба намоиши қудрати ситамгарон табдил дода, ойине ки аз ҷафокориҳои шоҳони кавдан пуштибонӣ мекард, ба як низоми беруҳу ҷудо аз мардум бадал шуду аз саҳифаҳои таърих маҳв гардид.
Љашни Сада њар сол дар рӯзи дањуми моҳи хуршедии Бањман (баробар бо 21-уми январ – 20 феврал) ҷашн гирифта мешуд. Абурайҳони Берунӣ менависад, ки чун ин љашн сад шабонарўз, яъне панљоњ рўз ва панљоњ шаб, бо Наврўз фосила дошта, Сада ном гирифтааст. Гардезии ҳамзамонаш низ ин фикрро тақвият додааст. Ќавли дигар доир ба ин ҷашн он аст, ки чун ин Сада дар садумин рўзи зимистони бузурги бостонї воќеъ мешудааст, бо ҳамин ном машҳур шуда. Инчунин фарзияе низ вуҷуд дорад, ки номи ҷашни Сада ба хотири гузаштани сад рӯз аз пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок номгузорӣ шудааст. Зеро гирифтор шудани Заҳҳок муҷиби раҳоии мардумон аз ситами вай ва нишоту комронии тамоми ҷаҳон гардид. Фирдавсии покзод љашни Садаро ба шоҳи пешдодї Ҳушанг мансуб медонад. Бар асоси ривояти «Шоҳнома» бар асоси як тасодуф санг ба санг аз он оташ бархоста, Ҳушанг оташро фурӯғи рушноӣ донист ва ба шукронаи падид омадани оташ:
Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ,
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Муҳимтарин рукни ҷашни Сада оташ афрўхтан будааст, ки ба ёди ихтирои оташ баргузор мешуд. Ба ин муносибат шаҳру деҳотро меоростанд. Мардум фарорасии ҷашнро ба ҳам муборак мегуфтанд.
Дар баёни Фирдавсӣ ҷашни Сада ба хотири гиромидошти оташ ҷойгоҳи вижае доштааст. Аз ҷумла, дар вопасин лаҳзаҳои умри хеш Дорои ҳахоманишӣ Искандарро насиҳат карда, аз ҷумла мехоҳад:
Нигаҳ дор ин фолу ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
Аммо яке аз шигифтиҳои «Шоҳнома»-и безавол ин аст, ки Фирдавсӣ ҳангоми тасвир кардани хоби Хусрави Анушервон ва гузориши Бузургмеҳри фармондор, барбод рафтани тоҷу тахти Сосониён ва пирӯз гаштани арабҳо дар аҳди набераи Хусравро баён месозад. Ҳакими Тӯсӣ пирӯзии қавми бесилоҳу ҷиҳози кофӣ бар лашкари муназзаму оростаи Сосониёнро аз забони Бузургмеҳр чунин ба риштаи таҳрир мекашад:
Сипоҳе битозад бар ӯ аз Ҳиҷоз,
Агарчӣ надорад силеҳу ҷиҳоз.
Зи тахт андар орад мар ӯро ба хок,
Зи гурдон кунад мар ҷаҳон ҷумла пок.
Бияфтад ҳама расми ҷашни Сада,
Шавад хокдон ҷумла ошташкада.
Фирдавсӣ ин достонро ҳангоми тасвир кардани рӯзгори охирин шоҳаншоҳи Сосониён Яздигурд низ фаромӯш накарда, ишора мекунад, ки:
Анушервон дида буд ин ба хоб,
Ки з-ин тахт бипроганад рангу тоб,
Чунон дид к-аз тозиён сад ҳазор,
Ҳаюнони масту гусаста маҳор.
Гузар ёфтандӣ ба Арвандрӯд,
Ба чархи Зуҳал бар шудӣ тира дуд.
Ба Эрону Бобул зи кишту дуруд,
Намондӣ худ аз буму бар тору пуд.
Ҳам оташ бимурдӣ ҳам оташкада,
Шудӣ тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Мувофиқи ахбори манобеи таърихӣ ва адабӣ дар дарбори Сомониён Сада њар сола баргузор мешуд ва шуаро назди амир бор меёфтанд ва бад-ў тањният мегуфтанд. Дар шабе, ки сивуякумин Сада дар замони ҳукумати амир Наср ибни Ањмад љашн гирифта мешуд, Аббоси Урухсї - шоири Самарќандї, ќасидае дар табрики ин ид суруда, ки матлаъи он ин буд:
Мењтаро бор Худоё малики Баѓдодо,
Сазаќи сиву якум бар ту муборак бодо!.
Ба ривояти сарчашмаҳо дар замони Ғазнавиён қабл аз фарорасии Сада ҷашни дигаре бо номи Баҳманҷана таҷлил мешуд. Баҳманҷана номи рӯзи дувуми Баҳманмоҳ буд, ки «аҷамон дар ин рӯз ид кунанду ҷашн созанд. Бинобар қоидаи куллия, ки назди эшон аст собит аст, ки чун номи рӯз бо номи моҳ мувофиқ ояд, ид бояд карданду онро баҳманҷана низ гӯянд. Дар ин рӯз сипандро бо шир бояд хӯрд ба ҷиҳати зиёдатии ҳофиза ва дар баъзе аз билод дар ин рӯз меҳмонӣ кунанд ба таоме ки дар он ҷамъи ҳубубот бошад ва баъзе гӯянд номи рӯзи дуюм аз ҳар моҳи шамсӣ аст». Гардезӣ низ ойинҳои баҳманмоҳро навъе барқарор доштани беҳдошт ва тандурустии мардумон медонад. «Андар ин рӯз баҳмани сурх бо шири тоза бихӯранду онро муборак донанд ва чунин гӯянд, ки ҳифзро суд дорад ва чашми бад боз дорад» .
Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада дар шаб баргузор мегардид. Чанд рӯз қабл аз фарорасии ин ҷашн ҳезумро аз гӯшаву канор фароҳам мекарданд. Ҳезуме, ки тавассути он оташ фурӯзон мешуд, аз чуби махсуси дарахти газ бояд афрӯхта мешуд. Дар тарофи ин оташ мардум, аз ҷумла мутрибону ҳунармандон ҷамъ омада, ба шодиву тараб мепардохтанд. Маликушшуарои дарбори Ғазнавиён Унсурии Балхӣ дар як қасидаии маъруфи худ дар мадҳи амир Наср ибни Носируддини Сабуктагин – бародари Султон Маҳмуд, ойини куҳани мардумони эронинажод будани ин ҷашнро таъкид карда, ба ойину маросимҳои ин ҷашн ишора мекунад:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин гӯи ту имшаб кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст шаб хондан-ш набояд,
Вагар шаб рӯз шуд хӯш рӯзгор аст.
Ҳамоно к-ин диёр андар биҳишт аст,
Ки бас пурнуру руҳонӣ диёр аст.
Фалакро бо замин анбозӣ омад,
Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.....
Гар аз фасли зимистон аст баҳман,
Чиро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?
Ба лола монад ин, лекин на лоласт,
Шарори оташи Намруду нор аст.
Ҳаме ҳар мавҷ дарёро бисӯзад,
Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст...
Аз он зард аст доим рӯйи динор,
Ки назди ҷуди ӯ динор хор аст.
Тавре дида мешавад, Унсурӣ дар тасвиру таҷлили ҷашни Сада аз ҳеч сухани баланд дареғ намеварзад. Дар байти дигар Унсурӣ ба ҷашни Сада нишастани амири ғазнавиро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки ин «ойини» Аҷам аст:
Ҷашни Сада ойини ҷаҳондор Фаридун,
Бар шоҳи ҷаҳондор фарӣ боду ҳумоюн.
Фаррухии Систонӣ низ аз баргузории ҷашни Сада хабар медиҳад. Ӯ борҳо дар қасидаҳои худ фарорасии ҷашни Садаро ба амиру вазиру дигар акобири даргоҳи Ғазна табрик мегӯяд. Аз ҷумла, дар қасидае, ки ба вазири маъруфи Ғазнавиён Ҳасани Маймандӣ бахшидааст, васфи барпо доштани ҷашни Садаро, ки бо афрӯхтани оташ шаб мисли рӯз шудааст, тазаккур медиҳад:
Гар на ойини ҷаҳон аз сар ҳаме дигар шавад,
Чун шаби торӣ ҳаме аз рӯз равшантар шавад.
Рӯшаноӣ осмонро бошаду имшаб ҳаме,
Рӯшанӣ бар осмон аз хоки тира бар шавад.
Рушанӣ бар осмон з-ин отшаи ҷашни Садаст,
К-аз сарои Хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.
Оташе кардаст хоҷа к-аз фаровон муъҷизот,
Ҳар замон гирад ниҳоде ҳар замон дигар шавад.
Дар ашъори Фаррухӣ низ, чун осори Унсурӣ зуҳуроти бегона донистани ҷашнҳои миллии тоҷикон ба мушоҳида мерасад. Чунончӣ дар ин байт Фаррухӣ, ибораҳои «иди араб» (яъне иди Фитр ё Қурбон) ва «шаҳи Аҷам»-ро ба кор мебарад:
Иди араб гушода ба фархундагӣ алам,
Фархунда бод иди араб бар шаҳи Аҷам.
Дар қасидаи дигари худ Фаррухӣ мамдуҳро дар фасли сармо ба гиромидошти ҷашни Сада фаро хонда, мегӯд:
Шаби Садаст яке оташи баланд афрӯз,
Ҳаққ аст мар садаро бар ту ҳаққи он бигузор.
Дар байти дигари Фаррухӣ мо аз санаи баргузории ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён, яъне даҳуми баҳманмоҳ огоҳ мешавем:
Аз пайи таҳнияти рӯзи ту омад бар шоҳ,
Садаи фаррухрӯз даҳуми баҳманмоҳ
Аз матни қасидаҳои Фаррухӣ, ки ба муносибати ҷашни Сада гуфтааст, дармеёбем, ки ороста кардани либос ва шона задани мӯй ва хӯшбӯй кардан аз дигар ойинҳои ҷашнӣ будааст. Дар қасидаи 183-уми девони Фаррухӣ, ки ба бародари Султон Маҳмуд Амир Юсуфи Сабуктагин бахшида шудааст, пас аз зикри омодагиҳои амир Юсуф барои баргузории ин ҷашн зимни таманниёти ҷашнӣ чунин мефармояд:
Фаррухаш боду худованд-ш фархунда кунод,
Иди фархундаи Баҳманҷинаи баҳманмоҳ.
Давлат ӯро ба ҳама кому ҳаво роҳнамой,
Эзад ӯро ба ҳама ҳодисаҳо пушту паноҳ.
Дар қасидаи дигари худ Фаррухӣ Маҳмудро шоҳи ғозӣ номида, бидъатсӯзии вайро ситоиш мекунад, ва мегӯяд ки ту фақат дар фикри он ҷаҳонӣ. Дар охири ин қасидаи ҷашнӣ орзу мекунад, ки:
Чунин сад ҳазорон Сада бигзаронӣ,
Ба пирӯзиву давлату комронӣ.
Султон Масъуд нисбат ба падараш таассуби камтар нишон медод. Муносибати ӯ бо ҷашну ойинҳои тоисломӣ аз сираи падар фарқ мекард ва беҳтар буд. Шоҳиди рӯзгори салтанати ӯ Байҳақӣ дар як маврид аз фаро расидани ҷашни Сада ёдовар мешавад. Байҳақӣ аз маҷлисе, ки рӯзи 17-уми сафари соли 426 (баробар бо рӯзи 23-уми декабри соли 1034) дар ҳузури амир шуда, гузориш медиҳад, ки дар он аъёну ашрофи дарбор ҷамъ омада, бар сари корҳои пешомад баҳс мекарданд. Қарор шуд, ки ба сабаби нооромиҳое ки бар асари ҷунбиши туркмонҳои салҷуқӣ сар зада буд, амир ба самти Марв равона шавад. Сипас Байҳақӣ чунин менависад: «Ва Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз они њамаи лашкар ба сањро бурданду газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он њаракат карда ояд. Ва газ меоварданду дар сањрое, ки љўйи оби бузург буд пур аз барф меафканданд, то ба болои ќалъате баромад. Ва чањортоќњо бисохтанд аз чўб сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар љамъ карданд, ки сахт бисёр буд ва ба болои кўње баромад бузург. Ва алуњ (уқоб – С.М.)-и бисёр ва кабутар ва он чї расм аст аз дорот (шукӯҳу азамат –С.М.)-и ин шаб ба даст карданд». Газ, ки ба навиштаи Байҳақӣ яке аз василаҳои баргузории ҷашни Сада буда, номи дарахтча будааст, ки шохњои нозуку баргњои рез дошта, бештар дар канори ботлоќњову заминњои шўр мерўидааст. Дар ҷамъоварии газ ҳамаи мардум боястӣ ширкат мекарданд, то саҳми худро дар ин ҷашн бигузоранд.
Тавре мушоҳида мешавад, Сада низ чун Меҳргон дар шумули ҷашнҳои расмии Ғазнавиён будааст. Барои барпо доштани ин ҷашн ҳатто сафари зарурии амирро, ки барои таъмини марзҳои кишвар анҷом медод, ба таъхир меандозанд. Аз гузориши Байҳақии дабир чунин бармеояд, ки ин ҷашни Садаро дарбори Ғазнин дар даҳаи аввали моҳи январ баргузор кардаанд. Байҳақӣ менависад: «Ва Сада фароз омад. Нахустшаб Амир бар он лаби љўйи об, ки шароъї зада буданд, бинишаст ва надимону мутрибон биёмаданду оташ ба њезум заданд. Ва пас аз он шунидам, ки ќариб дањ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд ва кабутарони нафтандуд бигузоштанд ва дадгони барфандуд ва оташ зада давидан гирифтанд. Ва чунон Садае буд, ки дигар ончунон надидам ва он ба хуррамї ба поён омад».
Шоири баландовозаи тоҷик Манучеҳрӣ низ муддате ба Ғазнин омада, дар ситоиши амирони ғазнавӣ қасида сурудааст. Ӯ низ Садаро васф карда, чунин месарояд:
Омад ай саййиди аҳрор ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барфурӯз оташи барзин ки дар ин моҳ басе,
Озари барзин пайғамбари озор бувад...
Май хур ай саййиди аҳрор шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан бале аз одати аҳрор бувад.
Ҳарчанд Ғазнавиён бар асари бекифоятиву ситамгарӣ Хуросонро аз даст доданд, беш аз саду анд соли дигар дар бахшҳое аз Ғазнину Кобулу шимоли Ҳинд ба ҳукумати хеш идома доданд. Аз муҳтавои манобеи ин давра метавон дарёфт, ки салотини пасини ғазнавӣ ҳамроҳ бо мардуми ин хитта ҷашнҳои Наврӯзу Садаву Меҳргонро ҳамоно гиромӣ медоштаанд. Шоири ғазнавӣ Усмон Мухторӣ (ҳаёт тақрибан байни солҳои 1064-1159) дар қасидае Алоуддавала Масъуд ибни Иброҳим ибни Масъуд (1099-1115)-ро ситоиш карда, чунин менависад:
Шаби Сада-ст биё ай чароғи рӯднавоз,
Аз оташи май ғамро бисӯзу чанг навоз....
Чу шеър хонӣ дар васфи ин шаби Сада хон,
Чу ишқ бозӣ дар мадҳи шоҳи дунё боз.
Яке тарона дар андоз ҳасби ҳол ки ҳаст,
Худоёгонро фардо нишоти нек андоз.
Хидмати арзандаи Ғазнавиён он буд, ки эшон дар таҷлилу некудошт ва интиқоли суннатҳои мардуми тоҷик саҳми муносиб гузоштанд. Салҷуқиён низ, ки ҷойгузини Ғазнавиён дар Хуросон гаштанд, ойинҳои бостонии моро пазируфта, онро нигоҳ доштанд. Дар осори Умари Хайём (Наврӯзнома) ва Абуҳомид Ғазолӣ (Кимиёи саодат) ишора шудааст, ки дар аҳди Маликшоҳу дигар салотини салҷуқӣ ҷашни Сада баргузор мегаштааст. Ғазолӣ, ки оғозгари ҳаракати таҳаҷҷуру рукуд дар таърихи мост, бо оҳу дареғ ёдовар шудааст, ки дар бозорҳои замони ӯ барои кӯдакон дар ҷашнҳои Наврӯзу Сада асбоби бозӣ мефурӯхтаанд, ки ба назари ӯ ҳаром ва «изҳори шиори габрон» ба шумор мерафтааст. Ғазолӣ орзу дошт, ки «Наврӯзу Сада бояд мундарис шаванд».
Ҷашнҳои мусулмониро низ дарбориёни Ғазна бошукӯҳ таҷлил мекарданд. Муҳимтарин ҳикмати иди Қурбон ва ё маънои он раҳоӣ аз дилбастагиҳои дунявӣ дониста мешавад. Ин раҳоӣ инсонро аз вобастагиҳо озод ва ӯро дар парастиши Офаридагори ягона ботавозӯъ месозад. Бешак, қурбонӣ кардан, ҳикмати дигаре ҳам дорад, ки он расидагӣ ба ҳоли ятимону тиҳидастон аст. Нуктаи хеле муҳим он аст, ки ин русум бояд бо шодмонӣ ва оромиш ба ҷой оварда шавад. Зеро қурбонӣ барои худое, ки маҳбуб аст, анҷом дода мешавад ва ин расм рамзи фидокорию азхудгузаштагист. Гузашта аз ин ки қурбонӣ соҳибашро ба Худо наздик месозад, аз нигоҳи иҷтимоӣ низ судманд дониста мешавад. Зеро бар асоси дастурҳои динӣ, дигарон низ аз қурбонӣ баҳравар мегарданд. Агар бенавоёну муҳтоҷон, ки имкони хариди гуштро надоранд, аз қурбонӣ бихӯранд, Худованд подоши бештаре ба соҳиби қурбонӣ медиҳад. Ҳамин тавр, кушоише дар зиндагии тангдастон ба вуҷуд меояд, ки арзиши баланди иҷтимоӣ дорад.
Маъмултарин навъи қурбонӣ, ки рӯзи Иди Қурбон ҳисобида мешавад, дар даҳуми зиҳиҷҷа баргузор мегардад. Ба ғайр аз ин, афроде, ки дар ҳоли эҳром аъмолеро анҷом додаанд, бояд қурбонӣ кунанд. Навъи савуми қурбонӣ бар асоси назри баъзе касон, ки чунин ният мекунанд, воҷиб мегардад. Яъне, касе назр мекунад, ки агар беморе шифо ёфт, ё ба орзуе бирасанд қурбонӣ мекунад ва ғ. Ҳамаи ин қурбониҳо асосан барои мискинону бечорагон, фақирону муҳтоҷон дар назар дошта мешавад. Ҳатто изҳори бандагӣ дар пешгоҳи Худо дар фаҳмиши баъзе аз аҳли тасаввуф маҳз дар кӯчаву паскӯчаҳои зиндагӣ дасти касеро гирифтан аст. Адабиёти оламшумули мо низ саросар аз чунин даъватҳо иборат аст. Нуктаи муҳиме, ки бояд онро зикр намоем ин аст, ки шароити қурбонӣ дар назди Худо ва дини ислом ин аст, ки мусулмон бояд чизеро қурбонӣ кунад, ки бештар ба он дилбастагӣ дорад. Зеро қурбонӣ ба пайравӣ аз пайғамбар Иброҳим сурат мегирад, ки маҳбубтарин сармояи умр – писарро таслим кард.
Сомониён, ки эҳёгари ҷашнҳои миллӣ буданд, нисбат ба иду маросимҳои мазҳабӣ низ бо эҳтиром муносибат намуда, талош мекарданд, ки идҳои Рамазону Қурбонро ҳам гиромӣ доранд. Дар асри Сомониён ин ҷашнро аз рӯи суннати гузаштаҳо бо номи маҳаллии он – ҷашн ё иди гуспандкӯшон мехонданд. Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Бод бар ту мубораку хӯшон,
Ҷашни Наврӯзу гуспандкӯшон.
Қатрони Табрезӣ ҳам мегӯяд:
Хуҷаста бод туро иди гӯспандкушон,
Ки ту ҳамеша дарахти хуҷастагӣ корӣ.
Ба ғайр аз барпо доштани русумоти иди Қурбон садақа додан ба мискинон ва қурбонӣ кардан, дар айёми Сомониён барои шифо ёфтани беморону ба мурод расидани амиру аъёни давлат низ қурбонӣ кардану бахшиши мол маъмул будааст. Аз ҷумла, чун вазири Оли Сомон Булмузаффари Базғашӣ аз бемористон ба манзил меояд, аъёни дарбор ба бенавоён садақа дода, чандин гусфанду говро қурбонӣ мекунанд.
Ҳамин тавр суннати гиромидошти ҷашни гуспандкушон бо тамоми ҷузъиёташ аз дарбори Бухоро ба Ғазнин, ки дорулмулки хонадони Сабуктагин буд, интиқол ёфт Амирони ин дудмон Маҳмуд ва Масъуд аҳли нишоту шодӣ буда, барои хӯшгузарондан аз ҳар фурсате истифода мекарданд. Ҷашни қурбон ё гуспандкӯшон низ дар Ғазнин ва соири шаҳрҳои қаламрави Ғазнавиён бо тантана мегузашт. Ин ҷашн агар барои мардумоне, ки эътиқоди динӣ доранд, фурсати ибодат бошад, барои баъзе давлатмардон замони гирифтани ҳадя, барои некӯкорони дигар замони базлу бахшиши мол ба бенавоён буд. Муаллифи гумноми «Таърихи Систон», ки ҳукумати Ғазнавиёну дигар турконро бар Систон «оғози меҳнати» мардум меномад, овардааст, ки «то дигар рӯзи – гӯспандкушон Султон Маҳмуд фароз расид». Сухан дар бораи юриши дубораи ин султони ситамгар ба сарзамини Систон дар соли 1003 меравад. Ба навиштаи ин муаррих омадани дубораи Маҳмуд, рӯҳияи идонаи мардумро халалдор сохт ва шаҳрҳои ободу маъмури музофоти Систон ба харобазор табдил ёфтанд.
Иди гӯспандкушон дар дарбори Ғазнин ҳамеша таҷлил мегашт. Дигар муаррихи дарбори Ғазнин Гардезӣ низ ин ҷашнро бо номи порсии он –гӯспандкӯшон меномад. «Ин рӯз иди гӯспандкӯшон бошад, ки ба Макка қурбон кунанд ва андар ин рӯз рӯза нашояд доштан ва на дигар рӯз». Байҳақии муаррих аз баргузории ин ҷашн дар айёми салтанати Масъуд муфассал хабар додааст.
Чунонки гуфта омад, мардумони ин аср бо шунидани хабари хӯш низ қурбонӣ мекарданд. Аз ҷумла, соли 1031 пас аз он ки дар мубориза барои тоҷу тахт Масъуд бародараш Муҳаммадро шикаст дод, тарафдорони Масъуд «ба Ѓазнин чанд рўз шодї карданд хоссу ом ва вазеъу шариф ва ќурбонњо карданду садаќоти бисёр доданд, ки коре ќарор гирифту якрўя шуд». Дар рӯзгори ҳукумати Ғазнавиён Нишопур яке аз шаҳрҳои калидии Хуросон ба шумор меомад. Байҳақӣ овардааст, ки бо ворид шудани Масъуд ба ин шаҳр аъёну ашроф ба мусаллои шаҳр рафта «ба шукри расидани Амир ба Нишобур ва тоза шудани ин фатњ бисёр ќурбонњо карданду садаќа доданд». Дар идомаи корҳои хайру саховати худ амир изҳор медорад, ки «фармон додем, то њам имрўз зиндонњоро арз кунанду мањбусонро пой баргӯшоянд, то роњати омадани мо ба њамаи дилњо бирасад».
Абулфазли Байҳақӣ дар таърихи худ овардааст, ки рўзи душанбе, дањуми зињиљљаи соли 427 (баробар бо 4 октябри соли 1036 милодӣ) дарбориёни амир Масъуд маросими иди Қурбонро ба ҷо оварданд. Аз ҷумла, пас аз баргузории намози иди Қурбон Масъуд «дар суффаи бузург, ки хон рост карда буданд, бинишаст ва авлиёву њашаму бузургонро ба хон фуруд оварданд ва бар хон шароб доданду боз гардониданд». Тавре ки аз навиштаҳои Байҳақӣ бармеояд, амирони ғазнавӣ ҳатто дар ҷашнҳои мазҳабӣ низ аз айшу нӯшу бодагӯсорӣ даст намекашиданд.
Дар замони Ғазнавиён ҷашнҳои мазҳабӣ, аз ҷумла ҷашни гуспандкушон фурсате буд барои озодсозии зиндониён. Ба муносибати яке аз чунин идҳо «Амир фармуд, то зиндонњои Ѓазнин ва навоњии он ќалоъ (қалъаҳо, дижҳо –С.М.) арз кунанд ва нусхатњо набиштанд ба номи боздоштагон, то фурў нигаранд ва он чї бояд фармуд дар боби њар кас, бифармояд. Ва мисол дод, то њазор – њазор (як миллион –С.М.) дирам аз хизона итлоќ карданд (харҷ карданд –С.М.) дарвешону мустањаќќони Ғазнин ва навоњии онро ва ба љумлаи мамлакат номањо рафт дар маънии тахлиќ (хӯшбӯй кардан)–С.М.)-и масољиду арзи мањобис».
Яке аз воқеаҳои муҳиме ки дар даврони салтанати Масъуд пеш омад, моҳи октябри соли 1036 рух дод. Дар ин рӯз Масъуд пас аз базми шоҳона, бо наздикони худ савори киштӣ шуда, дар рӯди Ҳирманд сайру гашт мекунад. Аз қазои омада, киштие, ки амир бар он савор буд, хароб шуда наздик буд, ки Масъуд ғарқ шавад. Ба аҳли дарбор муяссар шуд, ки амирро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд, вале бар асари сармохӯрдагӣ ва тарсу изтиробе, ки аз ин ҳодиса пеш омад, Масъуд муддате бемору бистарӣ гашт. Ин беморӣ ду моҳ ба дарозо кашид. Пас аз тандуруст шудан, амир дар шаҳри Буст, бори ом дода, ба табибону дигар наздикон, ки ӯро парасторӣ мекарданд, изҳори сипос менамояд. Байҳақӣ, ки шоҳиди ин моҷаро буд, менависад, ки «њашаму авлиёву раъоёи Буст пеш омаданду нисорњо карданд ва раъоё ўро дуоњои фаровон гуфтанду бисёр ќурбонї оварданд ба даргоњ. Ва ќурбон карданду бо нон ба дарвешон доданд ва шодие буд, ки монанди он кас ёд надошт».
Байҳақӣ баргузории иди қурбони соли 1038-и милодиро ҳам дар хотироти худ зикр кардааст. Ин ҷашн бо Меҳргон баробар мерасад. Маросими таҷлили ин ҷашнро аз дабири Масъуд, шоҳиди бевосита Байҳақӣ бишнавем: «Ба љашни Мењргон бинишаст ва њадяи бисёр оварданд ва рўзи арафа буд. Амир рўза дошт ва касеро зањра набуд, ки пинњону ошкоро нишот кардї. Ва дигар рўз иди азњо карданд ва амир бисёр такаллуф карда буд њам ба маънии хон нињодан.... Ва пас аз намозу ќурбонї Амир бар хон нишаст ва аркони давлату авлиёву њашамро фурӯд оварданд ва ба хонњо бинишонданд. Ва шоирон шеър хонданд, ки иди фитр шеър нашнуда буд ва мутрибон бар асари эшон задан гирифтанду гуфтан ва шароб равон шуд ва мастон бозгаштанд. Ва шуароро сила фармуду мутрибонро нафармуд. Ва аз хон бархост њафт пиёла шароб хўрда ва ба сарой фуруд рафту ќавмро љумла боз гардониданд». Дар таҷлили иди фитр ё рамазон низ ҳамин бисоту ҳамин дастархон густурда буд. Ба ривояти Байҳақӣ рӯзи 24-уми июли соли 1037 дар қаламрави Ғазнавиён иди рамазонро ҷашн гирифтанд. «Амир бинишасту бар он хазро омад бар майдону Дашти Шобањор ва намози ид бикарда омад. Ва Амир бад-он хонаи бањорї, ки бар рости суффа аст, ба хон бинишаст ва фарзандону вазиру сипањсолору амирони дайламон ва бузургони њашамро бар ин хон нишонданд ва ќавми дигарро бар хонњои дигар.Ва шоирон шеър хонданд ва пас аз он мутрибон омаданду пиёла равон шуд, чунонки аз хонњо мастон бозгаштанд. Ва Амир барнишасту ба хонаи заррин омад бар бом, ки маљлиси шароб онљо рост карда буданд ва ба нишот шароб хурданд».
Аммо таҷлили ҷашнҳо ба руҳияи амир бештар вобаста буд. Агар ӯ ба сабабе нороҳат мебуд, маросим ё баргузор намегашт ё хеле мухтасар таҷлил мешуд. Байҳақӣ навиштааст, ки соли рӯзи 13-уми июли соли 1038 «иди фитр карда омад, Амир на шеър шунуду на нишоти шароб кард аз тангдилӣ, ки буд, ки ҳар соат соиқаи дигар, хабаре расидӣ аз Хуросон».
Охирин иди Қурбон дар салтанати Масъудро низ Байҳақӣ зикр кардааст. Пас аз ҳодисаи Дандонақон, ки 23 уми майи соли 1040 иттифоқ уфтод, бисоти ҳукумати Ғазнавиён аз Хуросон барчида шуд ва Масъуд бо кӯҳе аз ғаму андӯҳ ба пойтахт Ғазнин омад. Ҳарчанд ин шикаст натиҷаи истибдоду худкомагии Масъуд ва ситами лашкариёну амалдорони вай бар мардуми Хуросон буд, аммо ӯ ҷуз худ ҳамаи оламу одамро дар ин шикаст муқассирмедонист ва бо ҳеч кас машварат накарда, қарорҳои нобихрадона қабул карда, иҷрои бечунучарои онро аз зердастон талаб мекард. Аз ҷумла, бо фаро расидани иди Қурбон, ки ба 23 августи соли 1040 рост омад, ӯ дастур дод, ки «њеч такаллуфе набояд кард ба њадиси ѓуломону пиёдаву њашаму хон. Ва бар хазро аз бари майдон омад ва намози ид карданду расми ќурбон ба љой оварданд, иде сахт оромидаву бемашѓала.Ва хон нанињоданд ва ќавмро ба љумла боз гардониданд. Ва мардумон онро ба фоли некў надоштанд. Ва мерафт чунин чизњо, ки умраш ба поён наздик омада будe кас намедонист».
Баргузории ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Фитр ва Қурбон (ё гӯспандкушон) дар замони Ғазнавиён бар пояи суннатҳои замони Сомониён таҷлил шуда, сарфи назар аз ишратталабиву беҳудахарҷии ҳокимони худкома он фурсате буд барои бозпурсии ҳоли маҳрумону фақирон ва расидагӣ ба аҳволи онон.
Ҳамин тавр, аз он чӣ гуфта омад, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ҷашнҳои тоисломӣ ва мусулмонии тоҷикон дар замони Ғазнавиён бар пояи суннати замони Сосониёну Сомониён бо шукӯҳу ҷалол тантана мегашт. Ин ҷашн, ки хостгоҳи мардумӣ дошт, арҷ гузоштан ба Замину неъматҳои фаровони он, мавсими шукргузорӣ ва баҳонае барои шодиву нишот будааст. Шоирону мутрибон бо ашъору оҳангҳои тоза азамату зебоиҳои ҷашнҳоро таҷассум карда, маҷлиси базму ишрати шоҳонро зиннат медоданд. Амирону дарбориёни гурӯсна чашми Ғазнин низ бо баҳонаи ҷашнҳои миллӣ ва мазҳабӣ аз ҳокимони чоплӯсу мардумозори вилоятҳои тобеъ интизори ҳадяву нисор буда, ҷашнҳоро ба нафъи худ истифода мекарданд. Ҳамчунон мувоиқи суннати дарбори Ғазнавиён баргузор накардани ҷашну идҳои милливу мазҳабиро аъёну ашроф намеписанданд ва инро нишонаи беиқболии давлат меҳисобанд. Ҷашнҳои нозанин даврони пурпечу хам ва истилову таҳоҷумоти мудҳиши хонабарканро низ паси сар карда, аз имтиҳонҳои рӯзгор берун омад ва инак, дар замони истиқлол ҷомаи тоза ба бар доранд. Ҷашнҳои миллӣ ва мазҳабии мо тоҷикон дар рӯзгоре, ки муште кавдану нохудогоҳ ба самти ифротандешиву тундгароӣ майл мекунанд, барои бедориву худогоҳии пиру барнои тоҷик ниҳоят зарур аст.
Сайфуллоҳи Муллоҷон