Дар давраи ҷаҳонишавӣ падидаҳои муҳимми миллӣ, ҳуқуқӣ ва давлатӣ зери зарбаи ноаён қарор мегиранд. Таҳдиде, ки ба низоми ҳуқуқӣ ва фазои маънавии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, аз сарчашмаҳои мухталиф бо шаклҳои гуногун бармеояд, ки мехоҳем нисбат ба баъзе аз онҳо, ки бевосита аз мушкилиҳои дохилии мо маҳсуб мешаванд, диққати хонандаро ҷалб намоем.
Ғарбикунонии мазмуни қонунгузорӣ
Яке аз масъалаҳои асосие, ки аз ҳалли он имрӯз ва ояндаи мардуми Тоҷикистон вобастагӣ дорад, ислоҳоти қонунгузорӣ мебошад. Қонунгузорӣ ҳамчун озмоишгоҳи омодасозии фазои ҳуқуқии ҷамъияти оянда таҳти таъсири бевоситаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Сараввал барои хонандаи борикбин хотирнишон месозем, ки дар маҷмуъ ҳуқуқ аз се манбаи асосӣ ақл, таҷриба ва хотираи таърихӣ ғизо мегирад. Ҳар се манбаи мазкур барои ташаккул ва рушди ҳуқуқ муҳим ва ногузир арзёбӣ мегардад, вале дар сатҳ ва ҳадди муайян. Ба вижа таҷрибаи пешқадами чи ҷаҳонию чи минтақавӣ. Дар сатҳ ва андозаи муайян истифода кардан аз чунин таҷриба воқеан амали мусбат ва ногузир аст. Аз ин лиҳоз, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҳуқуқи ғарбӣ дар низоми қонунгузории шарқӣ ва дигар минтақаҳо дар умум ҳодисаи мусбат аст. Вале ин таҷрибаомӯзиро ба равиши ягона табдил додан ва ҳуқуқро пурра ғарбикунонидан он тавре, ки баъзеҳо кӯшиш менамоянд ин падидаи мусбат буда наметавонад. Минбаъд, мо роҷеъ ба ғарбикунонии қонунгузорӣ ҳарф зада, маҳз ҳамин ҳолати зиёдаравиро дар назар дорем, на истифодаи мақсадноку таҷрибаомӯзии муътадилро, ки ба рушди низоми қонунгузорӣ хизмат менамояд.
А – қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳамчун санадҳои намунавӣ ва ё лоиҳаҳои мушаххас ба мо пешниҳод мешаванд, чи аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарулмонии Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (АБ ИДМ), чи аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба вижа ФАТФ (ФАТФ – ташкилоти байниҳукуматӣ ҷиҳати коркарди стандартҳои ягонаи байнидавлатӣ дар самти пешгирии истифодаи пулҳо ва даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва пешгирии маблағгузории терроризм, ки соли 1989 аз ҷониби 7 кишвари бузурги олам таъсис ёфтааст) ва чи аз ҷониби ташаббускорони дохилӣ на ҳамеша ба рӯҳия, ба табиати миллӣ ва манфиатҳои мардуми соҳибихтиёри тоҷик комилан ҷавобгӯ мебошанд; ин таҳдид ба ғояи ҳуқуқи миллӣ, таҳдид ба ифтихороти миллати дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, ин таҳдид ба истиқлолияти давлат аст. Албатта, парлумони касбӣ ва Маҷлиси миллӣ дар самти ба табиати давлати мо мувофиқ кардани ин қонунҳо заҳмати зиёд мекашанд. Вале худи масъалаи таҳдид ва бегонашавии табиати ҳуқуқи миллӣ бо механизмҳои наву бегона аз рӯзномаи қонунгузорӣ бардошта намешавад, чунки ташаббусҳои мустақили қонунгузории миллӣ дар шакли қонунҳои сирф миллӣ нисбат ба таъсири таҷрибаи пешқадам хеле камранг аст.
Б – ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ташкилотҳои манфиатдори байналмилалӣ, кишварҳои абарқудрати байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳти таъсири дастгирии байналмилалии молиявӣ ва сармояҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пояи таъминоти иҷтимоии аҳолиро суст гардонанд; назорати қабул ва татбиқи қонунҳои молиявиро ба маърази умуми созмону ташкилотҳо гузоранд, масъалаҳои баҳсноки ҳуқуқҳои шахсию сиёсиро ба майдони мубоҳисаҳои оммавӣ ва иттилоотӣ кашанд. Дар пасманзари бевосита ва бавоситаи ин кӯшишҳо чи ҳикматҳо нуҳуфта шудааст барои инсони соҳибақл ва ҳуқуқшинос равшан аст, вале худи ҳамин раванд тавлидкунандаи таҳдидҳо аст. Таҳдид ба суботи ҷамъият, ба ташаккули мафкураи солими миллӣ, ба фазои озоди сиёсӣ, ба ташаккули мувозанаи ҳуқуқҳои шахсӣ, ба ҳифзи манфиати қишрҳои камбизоати аҳолӣ. Ин ҳама дар он ҳоле сурат мегирад, ки зиёда аз нисфи (дар с. 2006 – 57,8% мут. маълумоти оморӣ) музди меҳнати аҳолии Тоҷикистон ба хӯрокворӣ сарф мегардид ва сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар соли 2022 ба 22,5% баробар шудааст. Бинобар он ҳангоми қабул намудани фикру дархост ва пешниҳодҳои онҳо ташхисгарон, таҳлилгарон, гуруҳҳои корӣ ва ташаббускорони лоиҳаҳои қонунҳо манфиатҳои қишрҳои ҷомеаро ҳатман мувофиқ ба манфиатҳои миллӣ бояд ба назар гиранд.
В – эмиссарҳо оид ба паҳнкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон диққати асосиро ба ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии ғайримолумулкӣ медиҳанд (ҳуқуқ ба озодии сухан, озодии ҳаракат, озодии андеша, ҳуқуқҳои сиёсӣ ва ғ.). Барои давлатҳои суст тараққикарда аз ҳад зиёд пешниҳод намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шахсии ғайримолумулкӣ – таҳдид ба иваз намудани самти сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Зеро гуруҳҳои аз лиҳози иқтисодӣ на он қадар таъмин бо ғизои озодиҳои шахсӣ ва ваъдаҳои хушку холӣ тез дода мешаванд. Барои резиши онҳо ба кӯчаю бозорҳо чунин навъи озодиҳои беназорат таҳти таъсири созмону ташкилотҳои вижаи ҷамъиятию бо ном байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ин ҳолат имкон дорад ҳар лаҳза фазои ҳуқуқии давлатҳои заифро ба вайронӣ кашад. Қабул ва татбиқи ин навъ меъёрҳо аслан нооромиро меафзояд. Дар чунин вазъият ҳокимияти давлатӣ ба осонӣ иллатпазир мегардад ва таҳдид ба соҳибихтиёрии давлатӣ эҳсос мешавад…
Соҳибихтиёрии халқӣ дар муносибат ба соҳибихтиёрии давлатӣ афзалият касб карда, номуназзамии тарозуи триадаи соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатиро тавлид месозад. Ин ҳолат, чун фишанги номуназзамӣ, мисли таҷзияи нодурусти ҳокимияти давлатӣ устувории давлатро аз ботинаш бо унсурҳои худӣ ба вайронӣ мекашад. Ба давлатҳои ҷавони соҳибистиқлол, ки сатҳи рушди иқтисодиёташон суст аст, ҳокимияти заиф лозим нест. Ҳокимияте зарур аст, ки устувор ва ҳушёр буда, рушди саноату хоҷагии қишлоқро қатъӣ масъалагузорӣ намуда, баҳри некӯаҳволии халқаш ғамхорӣ намояд. Имкон дорад, ки ин гуна ҳокимият вобаста ба шароит дар ҳолатҳои зарурӣ қарорҳои ғайриодӣ ва на ҳамеша мутобиқ ба озодиҳои бесарҳад, вале мувофиқ ба манфиати миллӣ қабул намояд. Албатта, ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ – калиди рушди саодати асли инсон ҳаст, вале дар шароити мушкилоти иқтисодӣ ва давраи гузариш ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодии инсон низ муҳиманд. Дар ҳолати ёдрас шудан аз ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодӣ давлатҳои миллиро ба иҷтимопарастӣ (сотсиализм) гунаҳгор мекунанд. Вале маълум аст, ки онҳо ҳарос аз сотсиализм надоранд, балки вазъи номӯътадилро мехоҳанд, вазъеро ки созгори таъсиррасонии онҳо буда, ба майлу хоҳиши онҳо мусоидат намояд. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули қонунҳо бояд ҷанбаҳои иҷтимоии он, ҳимояи манфиати табақаҳои дастнигар нафақахӯрон, мактаббачагон, маъюбон, махсусан ҳифз карда шаванд.
Г – сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва андоз аз ҷониби ислоҳотгарон аксаран ошкоро ба буғӣ намудани истеҳсолоти ватанӣ равона мешавад. Як навъ кӯшиши ба бозори истеъмолӣ табдил додани паҳнои давлатҳои миллӣ эҳсос мешавад. Ба ин раванд васеъ ва пурзӯр кардани уҳдадориҳои андоз ва сари тез-тез тағйир додани режимҳои андозӣ мувофиқат мекунад. Ин – таҳдид ба иқтисодиёти кишварҳои суст тараққикарда аст, ки метавонад онҳоро ба таҳвилкунандагони ашё ва молҳои нотайёр табдил диҳад.
Ҳавасмандгардонӣ аз имтиёзҳои андозбандӣ баҳри истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки аксаран эмиссарон муқобили он ҳастанд ва ё имтиёзи андозбандии сармояи хориҷӣ дар ҳадди муайяни манфиатҳои миллӣ, амалҳои хайрест дар ин роҳ. Ташкилоту компанияҳои байналмилалӣ (ТНК) ва дигар иттиҳодияҳою созмонҳои ҷаҳонии савдою саноат бо ҳар роҳу воситаҳо бо таъини нарху наво ва ҷорӣ намудани таҳримҳои интихобӣ, низом ва тартиби мубодилаи ҷаҳониро ба манфиати худ гардониданӣ шуда, адли умумро вайрон ва низоми устворро заиф месозанд. Бинобар он дар имзои қарордодҳои байналмилалӣ ва воридшавии манфиати ташкилоти байналмилалӣ ба фазои иқтисодии кишвар, мақоми қонунгузорро зарур аст, ки ҳадди муайян ва тартиби устувори онро дар доираи манфиати истиқлолияти кишвар таҳти назорат гирад.
Д – ба машваратчиён ва эмиссарони ғарбгаро аҳамият надорад, ки аз кадом модел ҳуқуқи давлатҳои суст тараққикарда таҷдид мегардад, аз модели англо –америкоӣ, романию германӣ ё аз модели континенталӣ ва ғ.. Низоми ҳуқуқи миллат ҳамчун организми томест, ки дар шароитҳои муайяни таърихӣ, замонавӣ ва ояндабинӣ тарҳрезӣ мегардад. Барои машваратчиёни ҳуқуқии мо асос он аст, ки моҳият, мӯҳтаво ва натиҷагирӣ аз ҳалли масъалаҳои муҳим ба манфиаташон мувофиқ ояд.
Аз ин хотир ташаккули фазои ҳуқуқии кишвар дар самти ҳуқуқҳои умумӣ, хусусӣ ва ё мурофиавӣ ҳатман бояд ба яке аз оилаҳои ҳуқуқӣ такя намояд беҳтар аст. Зеро дар як соҳаи ҳуқуқи умумӣ баъзе қонунгузориро аз оилаи англисию дигарашро аз романӣ-олмонӣ гирифтан на танҳо иштибоҳ аст, балки тавлиди зиддият ва нигилизм дар низоми ҳуқуқӣ мегардад. Зеро онҳо таркибан аз унсурҳое иборатанд, ки дар як фазои ҳуқуқӣ ҳамоиши мавзун дошта наметавонанд. Мисол, вуҷуди амсоли судӣ дар оилаи ҳуқуқии англисию амрикоӣ ба соҳаи ҳуқуқи мурофиавӣ ва ҷиноятии ҳуқуқи романию олмонӣ ва ё кодификатсияи қатъии қонунгузории континенталӣ мувофиқат ва ҳамоиш дошта наметавонад. Як оилаи ҳуқуқ дар ин самт тавассути амсоли судӣ рушд менамояду дигараш ба воситаи қонунгузорӣ, якҷоя кардани ин ду усул дар як низоми ҳуқуқӣ вайрон кардани худи низом аст.
Албатта, бо мурури замон истифодаи самараноки усулҳои такмили ҳуқуқро аз таҷрибаи якдигарӣ дар низоми қонунгузорӣ ҷорӣ намудан мумкин аст, вале барои ин шарту шароит ва усулҳои хосаи рушди қонунгузориро омода кардан зарур аст. Аз ин хотир, риоя нагардидани ҳамин нозукиҳо дар ҳамоиши падидаҳои оилаҳои ҳуқуқӣ дар як низоми қонунгузорӣ ин таҳдид ба ягонагӣ ва ваҳдати низоми ҳуқуқи миллӣ аст. Ин нуктаҳое мебошанд, ки қонунҳо на ин ки аз тамоюли анъанавии халқияту миллатҳо дуранд, балки онҳо ба андозае байни худ зиддият доранд.
Е – ононе, ки тақлидкориро ба мо ёд медиҳанд, дар симои баъзе аз маслиҳатдеҳону машваратчиёни байналмилалӣ ду нуктаи одии зеринро ба назар намегиранд: 1. Ғарб, то ба чунин дараҷаи озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон расидан, роҳи душвори зиёда аз дусадсоларо паймуд. Бо вуҷуди он дар ин самт ғарбиҳо таҷрибаи истифодаи намудҳои ғайричашмдошти маҳдудиятҳо ва табъизҳоро ба роҳ монданд. 2. Онҳо ахлоқ ва одамгариро ҳамчун омили муҳимми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, на танҳо ба инобат намегиранд, балки кӯшиш мекунанд, ки дар тарҳрезии низоми ҳуқуқии мо ин махсусиятро ҷой надиҳанд. Агар мо ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба мизони ахлоқ нагузорем, пас мо лаҷоми нафс ва ғаризаҳоро озод менамоем, ки ин ҳолат барои тамаддуни муосир ба вижа барои давлати миллии дорои урфу одат, анъана ва боварҳои хоси эътиқодӣ фалокатбор аст. Ин таҳдиди ҷиддӣ ба тамаддуни инсонӣ ба воситаи давлатҳои миллист.
Ғарбикунонии ҳуқуқи миллӣ на хулосаи беасос, балки натиҷаи таҳлилҳои чуқури илмии ғояҳои ҳуқуқиест, ки тарғибгарони ташкилотҳои байналхалқӣ ба мо пешниҳод доранд. Ҳар нафаре, ки аз решаҳои таърихии миллат заррае огоҳӣ дорад фикр ва нияти ғаразноки тарғибгарони ғарбӣ ва ё исломии бегонапрастро хуб эҳсос мекунад. Ин ду таҳдид ба ҳуқуқи миллӣ ду тарафи як мушкилӣ аст.
Ба ҷуз таҳдидҳое, ки аз вестернизатсияи қонунгузорӣ бармеоянд, ба мо хатарҳои дигаре, низ таҳдид мекунанд, ки аз самти ҳуқуқ сарчашма намегиранд. Вазъият барои он душвор мегардад, ки маҷмуи ҷараёнҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатие мавҷуданд, ки аз ҳар ҷониб зери таъсири фишангҳои мухталиф моро ба иҷрои ҳадафҳои хориҷ аз манфиатҳои миллӣ ҷалб месозанд. Чунин таҳдидҳо, таркиши демографӣ, фаъолгардии исломи сиёсии бо ғаразҳо омезишёфта, пантуркизм, панисламизм ва дигар тамоюлҳои ифротгарои сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Искандаров Шарафҷон Фахриддинович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент