
19 июни соли 2023 дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Мурғоб баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Ато Мирхоҷа- муовини аввали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдуллоҳи Роҳнамо - коршиноси масоили байналмилалӣ, Шарифзода Саидҳомид- сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Қодирӣ-сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширинбекзода Садриддин - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи ҲХДТ иштирок намуданд.
Маърӯзачиён бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муқаррароти қонунгузории кишвар дар самтҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, сулҳу дӯстӣ - омили пойдории миллат, мафҳуми ҷадиди Ваҳдати миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуданд.
Қабул гардидан ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"-ро яке аз қадамҳои устувор дар ҷодаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии сокинон унвон дода, аз волидайн ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандон даъват ба амал оварда шуд.
Зимни вохӯрӣ сокинони ноҳияи Мурғоб омодагии худро ҷиҳати ҳифзи сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии тоҷикону қирғизҳо изҳор доштанд.
Дар фарҷом ба муносибати ҷашни 26 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ консерти идона баргузор гардид.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ