Яке аз зеботарин вожаҳое, ки дар забони мо маъмул буда, ёду тазаккури он дар зеҳн ҳамеша эътимоду боварӣ ва суруру шодмонӣ эҷод мекунад, ваҳдат аст. Ин вожа инсонҳоро танҳо ба самти иттиҳоду ҳамбастагӣ ва якдиливу мувофиқат фаро хонда, меҳвари аслии ҳамзистӣ ва шарти тараққии ҷомеаи инсонист. Дар фарҳангҳои муътабари забони мо яке аз маъниҳои ваҳдатро якдилӣ, ягонагӣ ва муфовиқат номидаанд, ки дуруст аст. Байҳақӣ аз қавли яке аз мардони асри худ сухане меоварад, ки дар ситоиши ваҳдату иттиҳоди буда, ҳам зебосту ҳам даъвати созанда дорад ва моро ҳам имрӯз ба кор ояд: «душманони ҳарду ҷониб чун ҳоли якдилӣ ва якдастии мо бидонанд, дандонҳошон кунд шавад». Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, зимни тамҷид аз ваҳдат дар асари машҳури худ ба яке аз имтиёзҳои вижаи он ишора карда, маснавияшро бозори ваҳдат ва хонандагони онро навиди якдастиву ҳамдилӣ медиҳад. Ӯ мегӯяд:
Маснавии мо дукони ваҳдат аст,
Ғайри воҳид ҳарчӣ бинӣ он бут аст.
Муҳимтарин розу рамзи муваффиқияти ҷомеаҳои пешрафтаи гузашта ва ҳол дар ҳамбастагии миллӣ ва ваҳдат дар ҷомеа будааст. Зеро ҳамин асли муҳкам имкон медиҳад, ки ҳамаи ниҳодҳои ҷомеа муназзаму дақиқ ба фаъолият пардозанду афроди ҷомеа ба кору пайкори созанда машғул гарданд.
Аммо чанд бахши ҳамбастагӣ ва иттиҳод аст, ки ҷомеаи мо ба он шадидан ниёзманд аст ва боястӣ рушанфикрону нухбагони миллат заминаи онро дар зеҳни мардумон падид оваранду парвариш диҳанд, ки рӯзе ба бор нишинад.
Нахуст ваҳдат дар миёни афроди ҷомеаи имрӯза аст. Вақте мо аз ваҳдат сухан мегӯем, ин ҳаргиз маънои яксон шудани салиқаҳо ва дар ҳамаи масъалаҳо ҳамфикрӣ ва ё такандеширо надорад. Ҳатто дар бисёре аз мавзӯҳо гуногунандешии афрод ба салоҳи кору муроди дили аҳли ҷомеа аст. Дар ҷомеае, ки дағдағаи ваҳдатофаринӣ дорад, набояд монеи ибрози андешаи инсонҳо шуд. Модели ҷомеае, ки имрӯз дар ҷаҳон ба шиддат дар ҳоли густариш асту чун намуна матраҳ мегардад, арзиши меҳварии худ озодии баёнро интихоб кардааст. Ин дақиқан муқобили он чизест, ки дар асри гузашта баъзе кишварҳо, ки ваҳдати миллӣ ва ё сиёсӣ дар ҷомеаро мехостанд тавассути пахш кардани озодиҳои инсонӣ барпо созанд. Ҳарчанд то андозае муваффақ гаштанд, вале ҷомеаҳои онҳо пас аз чанде ба чолишҳои ҷиддӣ, аз ҷумла инқилобҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ гардиданд, ки то андозае заҳмату талоши онҳоро барбод дод. Пас ваҳдати воқеиро бояд бар асоси гуногунандешӣ ва ҳамзистии озоди ақидаву андешаҳо пай резем.
Дигар, ниёзи сокинони кишвар ба як ваҳдати миллӣ миёни худи тоҷикон аст. Ниёзи ҷомеаи мо ба як ваҳдати саросарӣ ба решаҳои муштараки мо бармегардад. Чун ин мардумро сарманшаи умумии ориёӣ, асотири ягона, ойии муштарак ва забони воҳид ба ҳам овардааст. Ҳамаи ин унсурҳо на як рӯзу ду рӯз балки дар давоми таърихи дуру дарозу пур аз шебу фароз ташаккул ёфтаву такомул дидаанд. Аз миён бардоштан ё ҳатто камранг нишон додани ҳар кадоме аз ин унсурҳо ҳуввияи миллии моро зери суол бурда, дар маҷмуъ, пояи ваҳдати миллиро заиф месозад. Тамоми афроди ҷомеа барои нигоҳ доштани ваҳдат бояд талош кунанд. Яъне ба таври дигар баён кунем, эҷоди ваҳдат дар ҷомеа шарти нахустин буда, баҳри пос доштани ин арзиш аз нафари аввали кишвар то кишоварзи сода ҳама масъуланд. Ваҳдати миллӣ як зарурати мутлақ аст. Зеро танҳо ваҳдат аст, ки имкон медиҳад, мардумони гуногун ба ҳам оянд, ибрози назар кунанд. Дар ҷомеа, ки мардум хостори ваҳдатанд, намешавад табъиз, бартариҷӯӣ ва солории як андешаро таҳаммул карду тавҷеҳ намуд.
Дар заминаи таъмини ваҳдат дар ҷомеа бояд ба унсурҳои калидии ҳувийяи миллӣ такя намоем. Яке аз ин унсурҳо забон аст. Агар барои қавму миллатҳои дигар забон танҳо василаи баёни мақсуду тафҳим бошад, забони форсии тоҷикӣ дар сарнавишти мо тоҷикон нақши афзунтар дорад. Зеро ин забон василаи якпорчагии сарзамини моро фароҳам оварда, шахсиятҳои арҷманди миллиро, ки мо бо корномаашон ифтихор дорем парвариш додааст. Ҳамчунин забони мо боризтарин шоҳиди авҷ ва ё заъфи таърихии мо дар давраҳои гуногун будааст. Кофист, ки ба сарнавишти забон дар давраҳои гуногун назар андозем ва пай барем, ки дар кадом давраи таърихӣ аҳли фарҳангу дониш мавриди икрому эъзоз будаанд. Таваҷҷуҳ ба ин амр ҳар шахси масъулро ба андеша водор мекунад. Нақши дигаре, ки забон дар таъриху фарҳанги мо дорад, он аст, ки бо сарзамини Тоҷикистон маҳдуд намегардад ва бо ҷаҳони фарохе, ки беш аз сад миллион нуфуз дорад моро пайванд месозад. Ба ҳамин хотир ҷойгоҳи муҳими забон дар баҳамойии миллиро ҳамеша дар назар дошта, бояд ин унсури асосии ҳувийяти миллиро пос гузорем.
Ҳамбастагӣ ва ваҳдат миёни пайравони дину ойинҳои мухталиф аз аркони муҳим субот дар ҷомеа мебошад. Барои ҳосил шудани ин тафоҳум бояд аз чанд таҷриба андӯхтаи ниёгон баҳравар шавем. Таърихи чандҳазорсолаи мо тоҷикон собит кардааст, ки мо аслан миллати таҳаммулгаро мебошем. Нахустин маншури озодиву ҳуқуқи башарро як фарзанди ориёӣ – Куруш ба ҷаҳон ато кард ва илоҳаву худоҳои миллали мағлубро арҷ гузошт. Яҳудиён, ки аз қадимтарин халқҳои олам ва таъсиргузортарин сиёсатгузорони ҷаҳони муосиранд, шахсият ва маншури Курушро беш аз мо тоҷикон ёдовар шуда пос медоранд. Вақти он расидааст, ки мо дар кишвар ин санади таърихӣ ва суннати писандидаро талқин кунем.
Ашъори фаровони гузаштагонамон ва даъватҳои пайвастаи онҳо барои ҳамзистии адёнро низ дар ҷомеа талқин кунем. Шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷаҳони имрӯз бастагӣ ба ҳамин афкори инсонсозу таҳаммулгаро дорад. Мо дастуроти ин пири маънавиямонро, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда бояд дар миёни мардум тарғиб кунем. Дар як маврид ин бузургвор ваҳдати адёнро чунин тасвир кардааст:
Муъмину тарсо ҷуҳуду неку бад,
Ҷумлагонро ҳаст рӯ сӯйи аҳад.
Балки сангу кӯҳу хоку обро,
Ҳаст вогашти ниҳонӣ бо Худо.
Дар достони дигар, Мавлоно андешаи яксон будани иртиботи бандагон бо Офаридагорро талқин карда, ба тангназарону қавмгароён, ки худоро мунҳасир ба қавму тамаддуни худ медонад, ҳушдор медиҳад, ки нидои сухани ҳаққро ҳамаи ақвом мешунаванд ва шунидани нидои илоҳӣ махсуси пайравони дини хосс ё миллати хосс нест:
Турку курду порсигӯву араб,
Фаҳм кардани ин нидо бар гӯшу лаб.
Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг.
Фаҳм карданд ин нидоро чубу санг.
Яке аз нуктаҳои муҳим, ки бояд дар назар гирифта шавад, ин аст, ки ба ҳамон андоза, ки даъват ба ваҳдату ҳамбастагӣ дар адабиёти мо зиёд аст ва тамоми афроди солеҳ хостори ваҳдат дар ҷомеа, аммо аносире дар ҳамаи давра замон дар садади коршиканӣ ва ихлол дар ваҳдати ҷомеа мебошанд. Донистани ин воқеият моро водор месозад, ки сар ин масъала бияндешем ва нагузорем, ки харобкорон ба ҳадаф расанд. Чанд амали нораво ва хилофи манофеи миллӣ ва давлатӣ, ки имкон дорад, ба раванди ваҳдат халал ворид кунанд, тазаккур медиҳем:
1.Аз ҷумлаи корҳое ки метавонанд ваҳдати як миллатро бе хатар андозад ба эҳсосоти мардум бозӣ кардану шӯр андохтани миёни онон дар фаҳмиши баъзе масоил мебошад. Дар миёни мардуме, ки аслу маншаи худро ягона медонанд, кӯшиши бартар шумурдан, «решадорӣ», «асил» ва ё ба монанди ин суханони норосту хилофи мантиқу истидлол гуфтан метавонад нобоварии мардумро ба бор оварад. Муттаассифона, дар солҳои нахустини истиқлоли Тоҷикистон чунин шоирҳои авомфиребонаву тафриқабарангезро мо таҷриба кардем, ки натиҷаҳои он ба ҳамагон маълум аст.
2.Нафаратангезӣ ё нафратпароканӣ (Hate Speech) аз дигар ҳолатҳоест, ки шахс ё гурӯҳ бар асоси вижагиҳои нажод, ҷинс, дин, қавм ва ғайра мавриди ҳамла қарор мегирад. Дар қавонини байналмиллалӣ, аз ҷумла, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ингуна аъмол манъ буда, аммо эҳтимоли дар миёни баъзе қишрҳои ҷомеа, хусусан равшанфикрон буруз кардани он дар шакли пинҳонӣ мавҷуд мебошад. Дар солҳои охир дар заминаи нажоду дин иддае каҷандешу ифротӣ амнияти ҷомеаҳоро барҳам зада, бар пояи эътиқоду дин ва аслу насаб тафриқа андохта, аз ин роҳ мехоҳанд ваҳдати ҷомеа ва давлатро заиф созанд. Дар ин бахш равшанфикрон бояд бо мардум бештар кор кунанд ва бо танвири афкор миёни ҷомеа пояҳои ваҳдатро устувор созанд.
3.Давлати қудратманду тавоно низ маҳсулу самараи ваҳдати ҷомеа мебошад. Нақши он ҳамчун нигаҳдорандаи ваҳдат дар гузашта назаррас будааст. Набудани давлат низ метавонад тавозун дар ҷомеаро халалдор созад. Дар гузашта ва ҳол касоне будаанд, ки ҳамеша хостаанд давлатро заиф сохта, аз ин роҳ ба ҳадафҳои худ расанд. Аз ин рӯ, вуҷуди як давлати тавоно ва пойбанд ба ҳуқуқу қавонин зомини ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ миёни пайравони андешаҳои гуногун мебошад. Ин андешаро низ боястӣ ба ҷавонону тамоми шаҳрвандони ҷомеа талқин кунем.
Дар маҷмуъ, гуногунии андешаҳо, танаввуи нажодҳову забонҳо набояд монеи ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа гардад. Дар ин замина боз ба Мавлонои Рум паноҳ мебарем, ки дар ашъори ғаррои хеш ба ин нукта таъкид кардааст:
Сад китоб ар ҳаст, ҷуз як боб нест,
Сад ҷиҳатро қасд ҷуз меҳроб нест.
Ин туруқро мухлисаш як хона аст,
Ин ҳазорон сунбул аз як дона аст.
Сайфуллоҳи Муллоҷон