Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар деҳаҳои Шкев, Ёгед, Ширговади Ҷамоати деҳоти Нулванд ва Паткуноб, Дуробак ва Сангевни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гуруҳи корӣ бо иштироки Абдулмаинзода Заррина-муовини раиси Кумита, Абдуллозода Умеда-муовини раиси Кумита, Рамазонзода Фируз-намояндаи Маркази татқиқоти стротегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исоев Насимҷон-корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардуми касбу кори гуногуни деҳаҳои Шкев, Ёгед, Ширговади Ҷамоати деҳоти Нулванд ва Паткуноб, Дуробак ва Сангевни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум вохурӣ баргузор карда шуд.
Баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои рузмара, аз ҷумла шомилшавии ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундоав, вазъи сиёсии ҷаҳон, фарҳанги либоспушӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикиситон ,,Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзвнд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" суҳбату андешвронӣ намуданд.
Аз ҷониби иштирокдорон саволҳо дода шуд, ки ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гардонида шуд.
Вохуриҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Яндекс.Метрика