Дар ҷомеаи имрӯза ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ба хусус раванди таълимдиҳӣ ва тарбиятёбии ӯ аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, масъулин бо такя ба арзишҳои волои инсонӣ ин масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи замон пешниҳодҳои муфид кардаанд. Осори ниёгонамон моломол аз васфи таълимдиҳӣ ва тарбиятёбии насли ҷавону наврас аст, ки бо арзишҳои умумиинсонӣ рабти ногусастанӣ дорад.
Дар шароити имрӯза, ки асри пешрафти илму техника аст, ба назар чунин менамояд, ки раванди таълим ва тарбия дар аксар мамлакатҳо, ҳатто кишварҳои мутарққие чун ИМА, ба мушкилоти нав мувоҷеҳ шудаанд. Масъала сари ин аст, ки имрӯзҳо истифодаи ҳамагуна техникаи нави иттлоотию маърифатӣ, ба хусус компютер ва телефони мобилӣ барои кӯдакон як кори маъмулӣ гаштааст. Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва гузаштан ба ҷомеаи техникӣ-иттилоотӣ аз нуқсу камбудиҳо холӣ нест. Дар ин самт, чизе, ки бараъло мушоҳида мешавад, ин костагӣ ва заифии зеҳни насли наврас аст, ки аз майли зиёд доштан ба чунин таҷҳизотҳои муосир вобаста аст, агарчанде дар раванди корӣ ин таҷҳизотҳо ҷиҳатҳои мусбӣ низ дошта бошанд. Ин ҷо масъалаи асосӣ таълимгирӣ, тарбиятёбӣ ва ҳифзи солимии кӯдак аст, ки ҳам дар китобҳои муқаддаси динӣ ва ҳам дар осори гаронбаҳои илмию адабии таборамон ҷойгоҳи баланд дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки талошҳои ҷаҳони имрӯза баҳри ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ба хусус кӯдакон натиҷаҳои назаррас дода истодааст. Агар ба вазъияти баъзе кишварҳои исломӣ назар кунем, имконияти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар ҳоли таассуфбор қарор доранд. Ба ин гуна кишварҳо Ироқ, Сурия, Яман, Афғонистон, Покистон шомил шуда метавонанд, ки дар онҳо дар натиҷаи пиёда кардани ҳадафҳои нопоки баъзе аз абарқудратҳо на танҳо ҳуқуқу манфитаҳои кӯдак, балки арзиш ва қадру номуси инсон қариб, ки аз байн рафтааст. Дар чунин шароит, аз ҳама бештар ҳуқуқу манфитаҳои кӯдак зарар мебинанд ва таълиму тарбияи ӯ зери суол меафтад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки ҳазорҳо кӯдакон аз бепарасторӣ, гуруснагӣ, беморӣ ва ифлосшавии муҳити атроф ба ҳалокат мерасанд. Мусаллам аст, ки дар чунин шароит кӯдакон ҳама гуна табъиз, муносибати бераҳмона ва истисморро дар худ таҳаммул мекунанд, табақаи нисбатан осебпазир ва ҳимоянашуда мебошанд. Маҳз ба хотири риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҷомеаи башарӣ тасмим гирифт масъулияти таъмин ва риояи ҳуқуқи кӯдакон ва заминаи рушди онҳоро муайян намояд. Дар ин росто, тақозои қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ ба миён омад, ки ҳамагӣ бо такя ба риояи меъёрҳои муайяни ахлоқӣ-ҳуқуқӣ сурат гирифтаанд. Агар ба таърихи башарият нигарем, мебинем ақидае дар баъзе кишварҳо ҳукмрон буд, ки тибқи он кӯдакон моликияти волидони худ ба ҳисоб мерафтанд. Чунин ҳолат бештар хосси кишвари Рим буд, ки кӯдакон комилан таҳти ҳокимияти падар қарор дошта, падар ҳуқуқ дошт барои содир намудани баъзе кирдорҳо онҳоро ба қатл расонад [10, 134-136]. Ин вазъият дар таърихи давраи ҷоҳилияти арабҳо низ маъмул буд. Дар давраи пешазисломии арабҳо агар дар хонаводае духтар таваллуд мешуд, ӯро зиндабагӯр мекарданд. Ин анъанаи ғайриинсонӣ чуноне ки дар Қуръон омадааст, нисбат ба духтарон татбиқ мегардид, ки ба дунё омадани онҳо, барои падарони онҳо мояи шармандагиву беобрӯгӣ ба шумор мерафт: «Ва агар ба яке аз онҳо ба таваллуди духтар мужда дода шавад, рӯи ӯ сияҳ гардад ва ӯ аз андӯҳ пур бошад. Ба сабаби нохушии он чи ки ба вай мужда дода шуд, аз қавм пинҳон шавад; (ба андеша афтад, ки) оё ӯро ба хорӣ боқӣ гузорад ё дар хок дарорад? Огоҳ шавед: бад аст ҳукми онҳо! [8, 16:58-59]. Ин раванд дар сарзамини араб бо интишор шудани дини ислом ва ҷорӣ шудани шариати исломӣ хотима ёфта, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳам кӯдакон ва ҳам занон имконпазир гардид.
Ислом аз ғояҳои инсондӯстӣ ва меъёрҳои муайяни ахлоқӣ иборат аст, ки ба таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ба хусус кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Аз он ҷо, ки кӯдакон қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ҷиҳати тарбиятёбии ин қишри ҷомеа шариати исломӣ бар инсоният амрҳои қатъӣ додааст. Аз ҷумла, барои ҳифзи солимии кўдакон ҳатмӣ будани таъмини ширхорагӣ то дусолагӣ, ба варзиш машғулкунӣ, ба таҳсил фарогирӣ, дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ тарбия додан аз ҷумлаи вазифаҳои волидайн аст, ки асоситарин шахси ҳимоякунандаи ҳуқуқи кӯдак ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити имрӯза бо истифода аз технологияи муосир ҳатто ҷанине, ки дар батни модар аст, ҷинсаш маълум мегардад ва дар ҳоли норозигии волидайн аз ҷинси кӯдак он исқоти ҳамл мешавад. Ин раванд бештар дар Хитой ва Ҳиндустон ба назар мерасид, ки волидон пас аз донистани ҷинси кӯдак дарҳол ба исқоти ҳамл даст мезаданд. Хоссатан дар Хитой ин амал боиси зиёд шудани насли мард ва ба амалҳои ғайриахлоқӣ даст задани онҳо гардид.
Динҳои тавҳидӣ ҳамеша ба некӣ, илмомӯзӣ поктинатӣ, ростқавлӣ, сулҳу дустӣ, якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, дӯст доштани ватан ва ҳифзу ҳимояи он, волоияти қонун, пойдории оила, таълиму тарбияи дуруст ва ахлоқи ҳамида даъват карда, дар самти пешгирии ҳуқуқпоймолкуниҳо, ҷорӣ кардани тартибот, ҳимояи ҳуқуқи зану кӯдак ва шахсони ниёзманд, дур сохтани одамон аз ҷиноят, пешгирии қатлу куштор дастурҳои қатъӣ додаанд. Муҳаққиқи ватанӣ Сафарзода Б.А. қайд менамояд, ки: «…таҷрибаи ташаккули давлатдории исломӣ, меъёрҳои дахлдори Қуръон ва ҳадисҳо, ҳамчунин таълимоти донишмандони исломиро таҳлил намуда, ба хулосае меоем, ки дар ислом меъёрҳои зиёде вуҷуд доранд, ки таълиму тарбия ва ҳифзи манфиатҳои кӯдак ҳамчун арзиши асосӣ дар таърихи тамаддуни инсонӣ эътироф шудааст» [11, 146]. Ислом баробарии инсонҳоро эълон доштааст, фарқиятҳои нажодӣ, этникӣ, забонӣ, гендерӣ дар меъёрҳои ислом вуҷуд надоранд [2, 16]. Муҳақиқ Сафарзорда Б.А. қайд кардаанд, ки: «Ислом дар тӯли беш аз 1400 сол ба муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолона таъсир расонида, дорои арзишҳои зиёди ҳуқуқие мебошад, ки инсон ва ҳуқуқҳои онро дар сатҳи зарурӣ кафолат додааст» [12, 18].
Дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ Қуръон ҳамчун сарчашмаи асосӣ ва муназзам ба ҳисоб рафта, оятҳои он ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ муносибатҳоро вобаста ба ҳуқуқи кӯдак ва тарбияи ӯ ба танзим медарорад. Таълимоти исломӣ роҷеъ ба масъалаҳои ҳуқуқи фарзанд, уҳдадориҳои тарафайни падару модар ва фарзандон сарчашмаи мӯътамад дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб мераванд. Ислом ба кӯдакон аз лаҳзаи таваллуд таваҷҷуҳ намуда, даъват менамояд, ки бо кӯдакон эҳтиёткорона муносибат карда шавад, то онҳо дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия ёбанд. Албатта, ин амал подоше дорад, масалан: Ҳангоми пирӣ ва беморӣ фарзандон низ бояд волидони худро нигоҳубин намоянд [9, 113].
Кӯдакон боигарии ҳар як миллат ва давомдиҳандаи насли инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар назди волидон, хешовандон ва ҷомеа ҳамчун амонат ба ҳисоб мераванд. Нисбат ба тарбияи фарзанд роҳу усулҳо, принсипҳои умумӣ, меъёрҳои ҳуқуқии мушаххас дар ҳадисҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар ҳадисе омадааст: Подоши нек ба касе дода мешавад, ки фарзанди худро ба некукорӣ ва некӣ ёрӣ медиҳад. Ровӣ мепурсад, эй паёмбар фарзанди худро чӣ гуна ба некуӣ ёрӣ диҳад? Он гоҳ ҷавоб доданд: 1) он чиро ки кӯдак дар қудрат ва қувваи доштааш додааст, қабул кунад; 2) он чи анҷом додани он барои кӯдак сангин ва тоқатфарсост, аз ӯ талаб нанамояд; 3) кӯдакро ба гуноҳ ва туғён водор накунад; 4) ба ӯ дурӯғ нагӯяд ва дар баробари ӯ амали ношоистаеро анҷом надиҳад [1, 348].
Дар ҷомеа муҳити аз ҳама солим ва мусоид барои тарбияи кӯдакон оилаҳои суннатӣ ба ҳисоб мераванд, ки дар асоси ахлоқи ҳамида ва таъминоти моддӣ ташаккул ёфтаанд. Ташкили оила ва ба сифати падару модар қарор гирифтан хусусияти табиӣ дорад, ки ин гуфтаҳо имрӯз дар дебочаи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак инъикоси худро ёфтаанд. Ин Конвенсия соли 1989 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардида, дар он чунин омадааст: «…кӯдакон ба ғамхорӣ ва кӯмаки махсус ҳуқуқ доранд, бо боварӣ аз он ки ба оила, ҳамчун як қисми асосии ҷомеа ва муҳити табиӣ барои инкишоф ва беҳбудии ҳамаи аъзои он ва хусусан кӯдакон, бояд ҳимоя ва кӯмаки зарурӣ пешниҳод карда шавад, то оила уҳдадориҳои дар доираи ҷомеа мавҷудбударо ба зимаи худ гирифта тавонад…» [6, 64-95]. Конвенсияи мазкур эътироф мекунад, ки барои рушду такомули муносиби кӯдак муҳити солими оила, фазои хушбахтӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин ба инобат гирифтани қобилияти ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак зарур мебошад. Ҳамчунин, эълон менамояд, ки барои кӯдак, чи пеш аз таваллуд ва чи баъди таваллуд, кафолат ва ҳимояи муайян аз тарафи қонунгузор зарур мебошад. Ин муқарраротҳо дар Қуъон ва ҳадисҳои паёмбар ба таври равшан зикр шудаанд. Бинобар пешрафти ҷомеа ва рушди тафаккури инсонӣ, давлатҳои мусулмониро зарур омад, ки меъёрҳои танзимкунандаи шариатро дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам намоянд. Аз ҷумла, қабули "Эъломияи Қоҳира оид ба ҳуқуқи инсон дар ислом" соли 1990 шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар моддаи 7 Эъломияи мазкур омадааст: «Ҳар як кӯдак аз лаҳзаи ба дунё омадан ба нигоҳубину ғамхории зарурӣ, маълумот, инчунин дастгирии моддӣ, беҳдоштӣ ва ахлоқӣ, ки бояд аз ҷониби волидон, ҷамъият ва давлат таъмин карда шавад, ҳуқуқ дорад. Ҳам барои кӯдак ва ҳам барои модар нигоҳубин ва дастгирии махсус аз тарафи давлат зарур мебошад» [17]. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки кӯдакон ба ҳимоя эҳтиёҷманданд, зеро онҳо қодир нестанд худро аз ҳар гуна таҷовузи муқобили ҳаёт ва саломатӣ муҳофизат намоянд.
Ислом аз ибтидо ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатиро нисбат ба тамоми кӯдакон, новобаста аз ҷинс, нажод ва ё баромади онҳо мансуб донистааст. Қуръон куштани кӯдаконро, ки пеш аз ислом баъзеҳо аз тангдастӣ ин амалро анҷом медоданд, қатъиян маҳкум ва манъ менамояд: «Ва фарзандони худро аз тарси тангдастӣ макушед. Мо ба онҳо ва ба шумо рӯзӣ медиҳем; ба дурустӣ, ки куштани онҳо гуноҳи азим аст!» [8, 17:31].
Ширхорагии кӯдак ҳуқуқи дигари кӯдаки навтаваллудшуда ба ҳисоб меравад, ки шарти зарурии ҳифзи ҳаёт ва саломатии тифл, инчунин дар баробари маводи хӯрокворӣ таъмини ҳимояи ӯ аз сироятёбӣ ба бемориҳо (инфексия) мебошад. Вобаста ба ин, дар Қуръони карим меъёри муайян муқаррар шудааст: «Ва модарон бояд, ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир диҳанд. Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (уҳдаи) падар аст. Ва бар ҳеҷ кас – ба ҷуз қадри тавоноии ӯ воҷиб карда намешавад; модарро ба сабаби фарзандаш ранҷ набояд дод ва на падарро ба сабаби фарзандаш. Ва бар ворис (низ) монанди ин (лозим) аст. Ва агар падару модар баъди ризои миёни якдигар ва машварат кардан бо якдигар бихоҳанд (кӯдакро) аз шир боз кунанд, пас ҳеҷ гуноҳ бар онон нест. Ва агар хоҳед, ки барои фарзандони худ доя гиред ва агар он чиро, ки доданашро муқаррар кардед, ба хушхӯии тамом таслим намудед, пас ҳеҷ гуноҳ бар шумо нест. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба он чи мекунед, Биност» [8, 2:233].
Ҳам дар ҳуқуқи исломӣ ва ҳам дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ кӯдаки таваллуднашуда на танҳо таҳти ҳимоя қарор мегирад ва ба нигоҳубини тиббӣ ҳуқуқ дорад, балки дар мероси падар ҳиссаи худро дорад. Дар сурате, ки падар вафот кунад, масъалаи тақсими молу мулки ӯ танҳо пас аз таваллуди кӯдак баррасӣ карда мешавад. Ба ин масъала, дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ шудааст. Дар моддаи 1144 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мазмун оварда шудааст: «Ворисон тибқи васиятнома ва бо қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда ва ҳамчунин кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда буда метавонанд» [5].
Аз тарафи дигар, дар ҳуқуқи исломӣ зери васояти худ қабул намудани кӯдаке, ки аз волидайн ва хешовандон (кӯдаки ятим ва ё партофташуда) маҳрум мебошад, ўро таълиму тарбия намудан рафтори бениҳоят шоиста ҳисобида мешавад. Васӣ метавонад ба чунин кӯдак «то аз се як ҳисаи меросро пеш аз марг» васият намояд. Дар ҳуқуқи исломӣ диққати зиёд ба зоҳир намудани ғамхорӣ ва васоят нисбат ба ятимон равона шудааст. Зоҳир намудани ғамхорӣ ба ятимон хусусиятҳои ҳуқуқиро доро мебошад. Аз ҷумла, ятимон номи аҷдодии худ ва ҳуқуқи меросиро нигоҳ дошта, наметавонанд ба ном ва ба мероси парастори худ муддаӣ бошанд. Зимнан ба кӯдакони таҳти парасторӣ қарордошта шароити баробар бо фарзандони аслӣ дар тарбия ва ғамхорӣ, аз ҷумла пешниҳод намудани манзил, хӯрок, шароит барои инкишофи рӯҳию ҷисмонӣ ва ғайра таъмин карда мешуд. Чунин амали мусулмонон қобили қабул дониста шуда, ҳатто боиси подош мегардад. Дар Қуръон ба масъалаи васояти кӯдакон диққати махсус дода шуда, ҳатто ашхоси нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор муносибати ношоистадошта ба ашхоси ғайри муъмин баробар дониста мешавад: «Оё он касро дидӣ, ки (рӯзи) ҷазоро дурӯғ мешумурд? Пас, ин ҳамон касест, ки ба дуруштӣ ятимро меронад; ва бар таом додани мискин рағбат намедиҳад» [8, 107:1-3]. Инчунин, дар сураи Бақара зикр мегардад, ки: «Ва аз ту дар бораи ятимон суол мекунанд. Бигӯ: «Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст; ва агар бо онҳо мушоракат кунед, пас онҳо бародарони шумоанд» [8, 2:220].
Ҳамин тавр, васӣ бояд молу мулки ятимро аз молу мулки худ ҷудо нигоҳ дорад ва аз ба даст овардани фоида аз ҳисоби амволи ятим худдорӣ намуда, манфиати ӯро ҳифз намояд.
Ислом манфиатҳои асосии кӯдаконро ҳимоя намуда, оиларо ҳамчун муҳити табиие, ки дар доираи он нисбат ба кӯдак муҳаббат, таваҷҷуҳ ва амният таъмин мегардад, нигоҳ медорад. Ба волидон иҷозат дода намешавад, ки нисбат ба талаботҳои ҷисмонӣ ва маънавии кӯдак беэътиноӣ зоҳир намоянд. Волидон барои тарбияи дурусту беҳтари кӯдак масъул мебошанд. Кӯдакон ба муносибати хуб ва ғамхорӣ аз тарафи волидон ҳуқуқи баробар доранд. Барои роҳ надодан ба ҳасадбарӣ, ҳеҷ як кӯдак набояд дар оила нисбат ба бародарону хоҳарони худ мавриди икрому таваҷҷуҳи зиёд ва махсус ва ё мавриди фишору азият қарор гирад, дар ҳадисе омадааст: «Аз Худо битарсед ва дар тарбияи кӯдакони худ баробарӣ ва адолатро риоя намоед!» [4, 317].
Дар ҳуқуқи исломӣ духтарон ва писарон ба таваҷҷуҳу ғамхории волидон ҳуқуқҳои баробар доранд. Онҳо дар гирифтани таъминот, нигаҳдории саломатӣ ва ба даст овардани маълумот имкониятҳои баробар доранд. Таълими духтарон дар ислом нақши махсусро мебозад. Тибқи ҳадис, ки аз забони Анас ибн Молик ривоят шудааст, паёмбари ислом фармудааст: «Кӯшиш намудани ба даст овардани дониш (илм) барои ҳар як марду зани мусулмон фарз (ҳатмӣ) мебошад» [4, 35-40].
Натиҷаи чунин таъсиррасонӣ ва алоқаи мутақобилаи шарқӣ буд, ки дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд» [7]. Ин меъёри қонуни асосӣ уҳдадории мутақобилаи падару модар ва фарзандонро муқаррар намуда, пеш аз ҳама тарбияи фарзандонро дар навбати аввал пешбинӣ кардааст. Меъёри мазкур зери таъсири одату анъанаҳои шарқиёна бобати таълиму тарбияи фарзанд ва эҳтироми падару модар ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Муҳаққиқ Л.Р. Сюкияйнен хеле хуб қайд кардааст, ки: «Ақида меронанд, ки таълимотҳои динӣ ва ахлоқӣ куҳна шудааст, аммо дар асл на таълимоти динию ахлоқӣ, балки тасаввуроти мо нисбат ба онҳо куҳна гаштааст ва мо ба ин таълимотҳо бояд аз нуқтаи эҳтиром ба боварии ботинии пайравонаш рафтор намуда, арзишҳои умумиинсонӣ ва намунавии онро, ки ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо ва кулли инсоният созгор аст, қабул намоем» [14, 17].
Бо дар назардошти гуфтаҳои боло, дар баъзе кишварҳо то ҳол пойгоҳи қонунгузорӣ, ки ҳуқуқҳои кӯдаконро бо мақсади «ба ҳар як кӯдак таъмин намудани ояндаи арзанда» ҳимоя намояд, ҷой надорад. Соли 1959 Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ҳимояи кӯдакон Эъломияи дахлдор қабул кард, ки дар он масъалаҳо вобаста ба ҳимоя, зиндагӣ ва инкишофи сокинони хурдсоли сайёраи мо баррасӣ шудаанд. Дар баробари ин, Шӯрои СММ соли 1989 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. То охири соли 1999 Конвенсияи мазкур аз тарафи тамоми давлатҳои аъзои СММ тасдиқ карда шуд, ба истиснои Сомалӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Тавре муҳаққиқи ватанӣ Сафаров Д.С. қайд мекунад: «Дар зери таъсири ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ дар давлатҳои шомили фарҳанги ҳуқуқии мусулмонӣ ба проблемаҳои ҳуқуқи инсон аҳамияти зиёд дода шуда истодааст. Ба гуногунфикрӣ ва мухолифатҳо бобати универсализми ҳуқуқи инсон нигоҳ накарда, вазъи ҳуқуқии шахс дар ин давлатҳо рӯ ба беҳбудӣ дорад» [13, 153]. Ин ҷо назари Азиз Диноршоев низ ба маврид аст: «Ислом ҳамчун низоми идеологӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии нав дар меъёрҳои худ бевосита ё бавосита ҳуқуқу манфиат ва озодиҳои инсонро муқаррар ва танзим менамояд» [3, 101-102].
Ба тамоми саъю кӯшишҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои асосии дар Конвенсия гузошташуда нигоҳ накарда, ҳисоботҳои солонаи СММ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёди ҳалталаб, ба хусус марги кӯдакон дар синни то панҷсолагӣ, гуруснагӣ, норасоии таълими ибтидоӣ, хатари низоъҳои мусаллаҳона, эҳтимоли сироят ёфтан ба ВНМБ (ВИЧ/СПИД) ва дигар намуди бемориҳои сироятӣ ҷой доранд. Илова бар ин, кӯдакон таҳти истисмори меҳнати маҷбурӣ, таҷовузи шаҳвонӣ ва вобастагӣ аз моддаҳои нашъадор қарор мегиранд. Ислом ҳамчун як низоми ҳуқуқӣ тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонро танзим намуда, барои сохтори ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, ки манфиатҳои кӯдак ва тарбияи дурусти онро кафолат медиҳад, заминаи устувор мегузорад ва он ҳудуди муайяни амал надорад. Вобаста ба ин, устод Тоҳиров Ф.Т. қайд намудааст, ки: «ҳуқуқи мусулмониро ҳуқуқи башарият меноманд. Зеро он ба ҳудуд ё сарҳади давлатҳо маҳдуд нагардида, ба ҳамаи одамоне, ки пайрави дини ислом ҳастанд, новобаста аз макони зисташон паҳн мегардад» [15, 31-32].
Тарбияи кӯдак дар оятҳои Қуръон ва суннати паёмбар мавқеи аввалиндараҷаро касб кардааст. Дар меъёрҳои шариати исломӣ таъкид карда мешавад, ки даврони тифлӣ ва марҳилаҳои рушди шахсияти кӯдак, вақте аз сӯи падару модар, аҳли хонавода ва ё муҳити иҷтимоӣ, мактаб, хостаҳои ҷисмӣ ва ё инкишофи зеҳнӣ ва рӯҳиаш мавриди беэътиноӣ қарор мегиранд, хостаҳои кӯдак нобароварда ва бепосух боқӣ мемонанд, ё саркӯб мегарданд ва ё шахсияташ мавриди таҳқир қарор мегирад, дар оянда ба сурати душманӣ ба аҳли ҷомеа, бадбинии гурӯҳе аз мардум ва умуман ба сурати низоъҳои ботинӣ, кинаву кудурат ва носозгорӣ ба ҳаёти осоишта ба камол мерасад, ки ояндаи ногуворро аз ин гуна кӯдакон интизор шудан мумкин аст. Ҷомеаи муосир аз оғози асри ХХ осебпазир будани кӯдакро бештар дарк намуда, баҳри тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ талош карда, бо қабули Эъломия, Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ дар ҳолатҳои ҷанг иштироки онҳоро дар низоъҳои мусаллаҳона манъ кардааст, ки ин ҳолатро паёмбари ислом низ манъ карда буд.
Вобаста ба масъалаи ҳифзи кӯдакон, махсусан ятимон, маъюбон ва таълиму тарбияи онҳо Пешвои муаззами миллат ғамхории аввалиндараҷа зоҳир менамоянд, баҳри парвариши ин қишри ояндасози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Ин аст, ки дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки: «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд» [7]. Ҳамчунин, роҳбари хирадманди имрӯзаи миллати тоҷик барои таъмини таҳсили босифат, ҳифзи тандурустиву саломатӣ, рушди ҷисмонию зеҳнӣ ва фароғати кӯдакон шароити созгор фароҳам оварда, дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони боистеъдод барои гузаронидани озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба масъулин дастуроти қатъӣ медиҳанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад. Ин сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат аст, ки аз урдугоҳҳои минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ 84 кӯдак соли 2019, 146 зану кӯдак соли 2022 ва 104 зану кӯдак моҳи майи соли 2023 ба Тоҷикистон оварда шуд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон љиҳати ба ҳаёти шоиста ворид шудани онҳо, таъмин намудани онҳо бо ҷойи зист, хӯрокворӣ, сару либос, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои муҳим андешида шуда, амалӣ карда мешаванд.
Ҳам низоми ҳуқуқи исломӣ ва ҳам низоми ҳуқуқи миллӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиати кӯдак арзиши воло гузошта, барои таъмин ба таълиму тарбияи арзандаи ӯ, оила (падару модар), ҷомеа ва давлатро масъул кардааст.
Дар умум, аҳли башар новобаста аз қавмияту диният ба зарурати тарбияи дурусти фарзанд иттифоқ кардаанд. Инсоният бар он андеша аст, ки ҳар шахсе барои анҷом додани ин вазифаи олӣ камар бандад, бешак даст бар амали бузурге задааст.
Рӯйхати адабиёт:
1.Ал-Гаури Саййид ‘Абд ал-Маджид. Маусу‘ат ‘улум ал-хадис ва фунуних («Энциклопедия по науке о хадисах и [хадисоведчесому] искусству»). Бейрут: «Дар Ибн Касир», 2007. – 686 с.
2.Давлаталӣ Д. Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул. – Душанбе: ЭР Граф, 2017. – 520 с.
3.Диноршоев А.М. Права человека в истории общественной мысли. – Душанбе, 2013. – 200 с.
4.Имом Зайнуддин Аҳмад. Мухтасари Саҳеҳи Бухорӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2011. – 668 с.
5.Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми сеюм) (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, № 3, мод. 124; с. 2012, № 7, мод. 690).
6.Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (аз 20.11.1989. бо қатъномаи 44/25 Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид ва барои имзо, тавсиб ва ҳамроҳ шудан кушода аст. Аз 09.03.1990 с. эътибор пайдо кардааст) // Ализода З., Сафаров Б., Саъдизода Ҷ., Қодирӣ С., Солиев А. Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Нашри дуюм. – Душанбе, 2018.
7.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе, 2016.
8.Қуръони карим (матни асл, тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ). – Душанбе: «ЭР- граф», 2022. – 640 с.
9.Одинаев Я. Коран: философское, этическое, эстетическое. учение. – Душанбе: Маориф,1991.
10.Римское частное право: Учебник / Под ред. проф. И.Б. Новицкого и проф. И.С. Перетерского. –М.: Юриспруденция, 2000. – 544 с.
11.Сафаров Б.А. Формирование раннего исламского государства. –Душанбе, 2011. – 200 с.
12.Сафарзода Б.А. История воплощения концепций и международных стандартов в области прав человека в правовую систему Республики Таджикистан. – Душанбе: 2016, ‒ 370 с.
13.Сафаров Д.С. Права человека и глобализация в контексте исламской правовой культуры: история и современность: дис. ... кан. юрид. наук. – Душанбе, 2012. – 216 с.
14.Сюкияйнен Л.Р. Шариат и мусулманско-правовая культура. – М., 1997. – 150 с.
15.Тоҳиров Ф.Т. Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 1994. – 260 с.
16.Эъломия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз 20 ноябри соли 1959 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шудааст.
17. Эъломияи Қоҳира оид ба ҳуқуқи инсон дар Ислом, соли 1990 аз тарафи 45 аъзои Ташкилоти Исломии Ҳамкорӣ қабул карда шудааст.
Шосаидзода Ш.Ш., Одинаева Ш.Н. - кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон