Ҷанги иттиллотӣ - паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст!

Ҷанги иттилоотӣ чист?
Мафҳуми ҷанги иттилоотӣ аз тарҷумаи истилоҳи “information and psychological warfare” аз забони англисӣ буда, метавонад ҳамчун "муқовимати иттилоотӣ" ё "ҷанги иттилоотӣ - психологӣ" тарҷума шавад, ки он аз матни ҳуҷҷати расмӣ ё нашри илмӣ вобаста мебошад.
Ҷанги иттилоотӣ – ҷангест бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст. Дар ин бора файласуф ва мунаққиди канадагӣ Маршалл МакЛухан соли 1962 дар китоби худ “Галактикаи Гутенберг” таъкид кардааст. “Ҷанги ҳақиқии комил ин ҷанг тавассути иттилоот аст. Он ба таври возеҳ тавассути воситаҳои электронии иртибот амалӣ мешавад. Ин ҷанги доимӣ ва бераҳмона аст ва аслан дар он қариб ҳама ширкат мекунанд".
Ҷанги иттилоотӣ метавонад сохторҳое, ки мақомот таъсис медиҳанд, инчунин ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад.
Ҷанги иттилоотӣ шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад. Мувофиқи таърифи Манойло А.В. (2005), ҷанги иттилоотӣ ҷараёни муқовимати ҷомеаҳои башарӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ё дигар сатҳи стратегӣ тавассути таъсир расонидан ба аҳолии мулкӣ, мақомот ва (ё) қувваҳои мусаллаҳи ҷониби муқобил, бо роҳи паҳн кардани иттилоот, маводи махсус интихобшуда ва омодашуда мебошад.
Ҷанги иттилоотӣ чӣ ҳадаф дорад?
Ҷанги иттилоотӣ бо ҳадафҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд. Он бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири ҳодисаҳои гуногун ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори омма барои пуштибонии хеш аст. Истифодаи моҳирона ва пахши ҳадафмандонаи он тарафдорони зиёдеро гирди гурӯҳи пахшкунандаи он ҷамъ меоварад.
Ҷанги иттилоотии имрӯза
Дар замони имрӯза мисоли равшани ҷанги иттилоотиро метавон дар расонаҳои Русия ва Амрико мушоҳида кард. Расонаҳои кишварҳои болозикр ҳамавақт тарафи муқобилро сиёҳ карда, кишвари худро ҳамчун ҳомии сулҳ ва дилсӯз муаррифӣ мекунанд. Коршиносон дар он ақида ҳастанд, ки имрӯзҳо натиҷаи ҷанги иттилоотӣ аз ҷанги “анъанавӣ” назаррас ва харобовар мебошад. Аксари аҳолии кишваре, ки ҳадафи ҳамлаи иттилоотӣ қарор гирифтааст, ҳатто дар ин бора хабар ҳам надоранд. Ҳадаф аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ин маъмулан тағйир додани низоми сиёсӣ дар кишвар ва ё то ҳаддал имкон заиф кардани бехатарии миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мебошад.
Ҷанги “анъанавӣ” хеле гарон аст ва усулҳои иттилоотии таъсиррасонӣ ба он алтернативаи олиҷаноб буда, хеле самаранок ва аз таҷовузкор қурбонии зиёдро талаб намекунад. Дар ҳама ҷо паҳн шудани Интернет ба тарғиботгарони муосир имкон медиҳад, ки қариб дар ҳар хона ворид шаванд ва тафаккури онҳоро мағзшӯ карда, ба ақидаи ғаразноки хеш ворид созанд. Дар байни аҳолии ҷаҳон – қурбонии ҳамлаи иттилоотӣ, фазои низоъ, ноумедӣ ба вуҷуд омада, тамоюли фаъоли афкори ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар фазои шабакаҳои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ маълумот ва баҳсу мунозираҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аксарияти онҳо аз ҷониби аҳолӣ, ки зиракии сиёсӣ ва дониши кофӣ барои таҳлил кардани онҳо надоранд, бо вокунишҳои беасос сурат мегиранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ имрӯза равшан инъикос карда истодааст, ки душман ба воситаи иттилоот дар кишварҳои алоҳида муноқишаҳои мазҳабию динӣ миёни миллату қавмиятҳоро ташкил намуда, онро то табаддулотҳои давлатӣ бурда мерасонад. Таҳлили баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки хушбахтона мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сафеду сиёҳро ҷудо карда метавонанд, вале ҷангиёни иттилоотӣ рӯз аз рӯз услубу тарзи мағзшӯ кардани аҳолиро такмил дода истодаанд.
Таҳдиди иттилоотӣ барои мардуми мо хусуссияти беруна дорад. Маҳз хоинони миллат бо дастгирии хоҷагони худ дар кишварҳои хориҷӣ истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам вокунишҳои беасосу ғаразнок намуда, кӯшиши мағзшӯ кардани мардумро доранд. Аз ин лиҳоз, барои ба вартаи ғаразноки ҷангиёни иттилоотӣ фирефта нашудани мардум, хусусан ҷавонон, ташкилу такмил додани чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилии равандҳои сиёсӣ мувофиқи мақсад аст. Зеро иттилоот беканор аст, вале истифодабарандаи он худи инсон аст.
Дар ин самт такмил додани донишу малакаи таҳлилии истифодабарандагони иттилоот пеш аз ҳама муҳим мебошад.
Абдуллоҳи Қодирӣ, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика