Барои беҳтар намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот то имрӯз 198 постгоҳи иловагии сарҳадӣ ташкил карда шуд.

Барои беҳтар намудани ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот то имрӯз 198 постгоҳи иловагии сарҳадӣ ташкил карда шуд.

Илова бар ин, бо дастури Роҳбари давлат аз моҳи сентябри соли 2022 ҷиҳати таҳкими сарҳади давлатӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ бунёди 77 иншооти нави сарҳадӣ оғоз гардид.

Аз ин шумора худи ҳамин рӯз 33 иншоот, аз ҷумла 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 1 комендатураи сарҳадӣ, 2 постгоҳи сарҳадӣ ва 166 хона барои афсарон, дар маҷмӯъ, барои 4000 нафар сарбозону афсарон бо беҳтарин шароит ба истифода дода шуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яндекс.Метрика