
Санаи 29 - уми майи соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинари илмӣ – амалӣ дар мавзӯи:" УФУҚҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ АНЪАНАВИИ ДИНӢ ДАР САМТИ ИҶТИМОӢ" баргузор гардид.
Дар семинар Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҳайати кормандони Марказ иштирок намуданд.
Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии дар мавзӯи "УФУҚҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ АНЪАНАВИИ ДИНӢ ДАР САМТИ ИҶТИМОӢ" баромад намуд.
Дар зер матни пурраи баромади З. Шоевро пешкаш менамоем. Дар адабиёти фалсафии муосир проблемаи хидмати иҷтимоии дин умуман ва алалхусус, фаъолияти иҷтимоии иттиҳодияҳои динӣ, амалан таҳия нашудааст. Ҳол он ки нақши назарраси ниҳодҳо ва иттиҳодияҳои динӣ дар татбиқи баъзе корҳои иҷтимоии муҳим ва «савоб» (аз қабили расонидани кўмаки моддӣ ба ниёзмандон, заифон, беморон, маъюбон, ятимон ва категорияҳои дигари «осебпазир»-и аҳолии ҷомеа; пешгирии густариши ҷинояту каҷрафториҳо, зулму ситам ва фасоди ахлоқӣ тавассути мавъиза ва панду андарзҳо; ташаккули экология, этика ва эстетикаи рафтору муносибатҳои фардию иҷтимоӣ, таҳкими фарҳанги ҳамгироию таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа) ҳеле бузург ва назаррас мебошад.
Аз тарафи дигар, дар замони шўравӣ, мафкураи бо дин оштинопазири атеистӣ ҳукмрон буд, ки дар муносибат бо дин ва ҷаҳонбинии динӣ тибқи шиори «дин афюни халқ» амал мекард. Аз ин рў, дар он замон барои ба амал баровардани имкониятхои иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ замина ва шароити ҳуқуқӣ хеле маҳдуд буд. Ба андешаи мо, барои ниҳодҳои давлатии танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ бидуни кумаки иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои анъанавии ҷомеа пурра фаро гирифтану танзим намудани ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти муносибатҳои иҷтимоӣ хеле мушкил аст. Яке аз мушкилиҳо дар ин самт бо он вобаста аст, ки бисёр ҷанбаҳо ва падидаҳои ҳаёти маънавию ахлоқии ҷомеа ва ҳаёти фардии инсон аз фазои дахолату назорати давлатӣ ва танзими хуқуқӣ берун мемонанд. Барои ҳалли ин мушкилиҳо ниҳодҳо ва иттиҳодияҳои анъанавии ҷомеа ёрӣ мерасонанд.
Иттиҳодияҳои динӣ (масҷид, калисо, синагога ва ғ.) аз қабили ҳамин гуна ниҳодҳои анъанавии ҷомеа мебошанд. Онҳо бешубҳа, қодиранд вазифаҳои анъанавии худро оид ба тарбияи ахлоқии аҳли ҷомеа, ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарра, кӯмаки иҷтимоӣ ба қишрҳои камбизоату ниёзманди аҳолӣ, беморону маъюбон, пиронсолон, ятимону бепарасторон ба таври хубу шоиста иҷро кунанд. Дурустии ин андешаро нақш ва саҳми бузурги масҷидҳо дар тарбияи ахлоқию маънавии аҳли ҷомеа, татбиқи принсипҳои таҳаммулпазирию башардўстӣ ва таъмини заминахои маънавию ахлоқии адолату амнияти иҷтимоӣ дар Тоҷикистони муосир ба таври равшан собит месозад.
Дин, ки тафаккур ва муносибати инсонро нисбат ба дунё, азҷумла нисбат ба олами иҷтимоӣ инъикос менамояд, дар ҷомеаҳои муайяни таърихӣ ва муосир навъи бартаридоштаи шуури ҷамъиятӣ буда, дорои низоми донишҳои муфассал оид ба сохтори ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун таҷассуми иродаи илоҳӣ мебошад. Дар Асрҳои миёна дар Аврупои насронӣ ва кишварҳои мусалмонии Шарқ чунин ақида ҳукмфармо буд, ки дар ваҳйи илоҳӣ (мундариҷаи китобҳои муқаддаси динӣ) тамоми дастурҳои мушаххас оид ба тартиботи ҷамъиятӣ, сохтор ва моҳияти қудрат, муносибати хоҷа ва хизматгор, қарздор ва қарздиҳанда ва ҳаёти оилавӣ мавҷуд аст. Дар партави таълимоти китобҳои муқаддаси динӣ навъҳо ва шаклҳои мушаххаси тамаддунҳо, ҳокимиятҳо, давлатҳо, меъёрҳои ҳуқуқӣ, одоб ва тарзи зиндагии фардию гурўҳии (иҷтимоии) одамон ташаккул ёфтаанд.
Гегел дар асари машҳури худ «Фалсафаи дин» таърихи пайдоиш ва таҳаввули адёнро аз мавқеи идеализми диалектикӣ таҳлил намуда, ба чунин хулоса меояд, ки дин асоси маънавии некўаҳволии инсон, ҷомеа ва давлат мебошад.
Аз он пештар шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ, робитаи танготангу канданашавандаи дин ва давлатро дар ду мисраъ аз «Шоҳнома» ба таври хеле ҷолиб баён кардааст:
Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ки гўё, ду узве ба як пайкаранд
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой
На бе дин бувад шаҳриёре ба ҷой,
Аксарияти мутлақи файласуфони қадим ва асримиёнагии Ғарб ва Шарқ моҳият ва нақши иҷтимоии динро баҳои мусбат додаанд. Дар Замони Нав дар натиҷаи тадриҷан аз итоати калисо баромадани давлатҳои Аврупо ва густариши Ғояҳои инсонмеҳварӣ (антропосентристӣ) калисои насронӣ мақом в нақши калидии худро дар ҳаёти сиёсии кишварҳои аврупоӣ аз даст дод. Дунявисозии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, махсусан ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ собит намуд, ки давлатсозию давлатдорӣ воқеан натиҷаи фаъолияти худи инсонҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, инкор кардан дуруст нест, ки дар сарчашмаҳои динӣ (китобҳои муқаддас ва шарҳу тафсирҳои онҳо), махсусан дар сарчашмаҳои исломӣ, дар баробари масоили динӣ, ба проблемахои ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти дунявӣ – фародинии ҷомеа низ таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст.
Дар замони муосир, дар баробари зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ки ба амнияти миллию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, бо роҳи зўроварию даҳшатафканӣ, иҒвогарию фитнаангезӣ, паҳн намудани мафкураи ифротии худ дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити иттилоотӣ дар пайи аз байн бурдани сулҳу ваҳдат ва ҳамгироии иҷтимоӣ дар кишварҳо ва ҷомеаҳои миллии ҷаҳон мебошанд, зарурати ҳамкории давлат бо ниҳодҳо ва иттиҳодияҳои анъанавии динӣ боз ҳам равшантар эҳсос ва дарк мешавад.
Ниҳодҳо ва иттиҳодияҳои анъанавии динӣ аз таҳдиду хатарҳои ифротгароии динӣ ва умуман аз проблемаҳои тезутунди замони ҳозира, ки инсониятро ба ташвиш меандозанд, дар канор намемонанд, дар ҳалли онҳо фаъолона иштирок мекунанд. Онҳо метавонанд дар доираи анъанавии дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ки бидуни он давлати мутамаддини ҳуқуқии муосирро тасаввур кардан ғайриимкон аст, мавқеи қавӣ дошта бошанд. Бо ин максад иттиҳодияҳои динӣ дар саросари ҷаҳон на танхо фаъолияти чандинасраи худро барои расондани ёрии амалӣ ба ниёзмандон ба амал мебароранд, балки инчунин кўшиш мекунанд, ки заминаи боэътимоди назариявии ин фаъолият — таълимоти иҷтимоии худро дар мутобиқат бо догмахои динӣ ба талаботи тараққиёти ҷамъиятии имрўза мутобиқ ва ҷавобгў сохта, ба хамаи одамони ниёзманд бе маҳдудиятҳои динӣ кўмак расонанд.
Бо ҳамин асос, мо метавонем дар бораи ташаккули фаъолият ё кори иҷтимоӣ ё хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамчун вазифаи хоси иттиҳодияҳои динӣ дар шароити муосири давлатдории дунявӣ ҳарф занем. Воқеан, хизматрасонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ мебошад. Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли проблемаҳои мушкилтарини иҷтимоии сатҳи миллию байналмилалӣ амалан иштирок карда истодаанд.
Кори иҷтимоӣ – ин фаъолияти ашхос, гурӯҳҳо, ташкилотҳо мебошад, ки табиатан ҳам динӣ ва ҳам ғайридинӣ буда метавонад. Таъмини кумаки иҷтимоӣ аксар вақт таълими махсусро талаб мекунад ва фаъолиятро дар фазои фародинии иҷтимоӣ дар бар мегирад. Бо вуҷуди ин яке аз ангезахои кор ва хихматрасонии иҷтимоӣ ангезаи динӣ —дар асоси таълимоти сарчашмаҳои динӣ ба манфиати инсон амал кардан мебошад. Анҷом додани корҳои хайр ба фоидаи аҳли ҷомеа – ин худ як навъи ибодат ё иҷрои амри Худованд маҳсуб мешавад. Чи дар татбики нуктаҳои доктриналии вобаста ба хидмати иҷтимоӣ ва чи дар ташаккули заминаи назариявии фаъолияти ташкилотхои динӣ дар самти мазкур проблемаҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Шаклхои нави хизматрасонии иҷтимоиро ёфтан лозим аст, ки ба эҳтиёҷоти тамоми чамъият чавоб дода, дар айни замон адолати иҷтимоиро дар ҳамаи зинаҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналхалқӣ ҳам инкишоф диҳанд.
Дар фаъолияти ташкилотҳои динӣ тамоюли муосири таваҷҷӯҳ на танҳо ба ибодат, балки ба хидмати ҷомеа ва шахсият зоҳир мегардад. Таваҷҷуҳи иттиҳодияҳои динӣ ба ин ҷанбаҳои фаъолият, эҷоди асарҳои дахлдори назариявии диншиносӣ имкон медиҳад, ки истилоҳи «хизмат» дар заминаи дини-фалсафӣ ва фалсафию антропологӣ истифода шавад.
Мафҳуми «хизматрасонии иҷтимоӣ» ҳамчун маҷмӯи шаклҳои муташаккили фаъолияти иҷтимоии иттиҳодияҳои динӣ муайян карда мешавад. Хизмати иҷтимоӣ ҳамчун фаъолияти иттиҳодияҳои анъанавии динӣ дар соҳаи маънавиёт (инкишофи ақидаҳои динии иҷтимоӣ, ба низом даровардани догмаҳои теологӣ дар бораи ҳаёти ҷомеа ва инсон, навиштани асарҳои теологӣ оид ба масъалаҳои навсозии иттиҳодияҳои динӣ) ва соҳаи амалӣ (ҳалли мушкилоти душвори иҷтимоӣ) амалӣ карда мешавад.
Дар натиҷаи муқоисаи барномаҳои иҷтимоӣ ва мафҳуми конфессияҳои гуногуни динӣ умумияти ақидаҳо оид ба моҳияти мушкилоти иҷтимоӣ ва дурнамои ҳалли онҳо ошкор мегардад:
а) хизмати иттиҳодияҳои динӣ барои мушкилоти иҷтимоии давлати дунявиро пурра дарк намудани ҷомеа имкониятҳои объективӣ фароҳам меорад;
б) проблемаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ҳамчун натиҷаҳои дунявият ва ҷаҳонишавӣ дар асоси ақидаҳои дунявӣ дар бораи равандҳои ҷаҳонӣ баҳо дода мешаванд;
в) хадамоти иҷтимоии иттиҳодияҳои динӣ, махсусан дар Аврупои Ғарбӣ, ақидаҳои муосирро дар бораи давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамраъйӣ ҳамчун арзишҳои асосӣ эътироф шудаанд, ба инобат мегирад.
Бо ҳамин асос метавон гуфт, ки таҳкими фаъолият ва хизмати иҷтимоии иттиҳодияҳои динӣ аз омилҳои муҳими татбиқи ваҳдату ҳамгироӣ, баробарӣ, таҳаммулпазирию инсондўстӣ дар ҷомеа буда, барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи миллӣ мусоидат мекунад.
Ин нуктаро бевосита таҷрибаи дар замони Истиқлол ташаккулёфтаи ҳамкории иҷтимоии мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон собит менамояд.
Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир