❗Соқиё бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро.
Соғари май бар кафам неҳ то зи бар,
Баркашам ин далқи азрақ фомро.
Гар чи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дар деҳ чанд аз ин боди ғурур,
Хок бар сар нафси нофарҷомро.
Дуди оҳи синаи нолони ман,
Сухт ин афсурдагони хомро.
Маҳрами рози дили шайдои худ,
Кас намебинам зи хоссу омро.
Бо дилороме маро хотир хуш аст,
К- аз дилам як бора бурд оромро.
Нангарад дигар ба сарв андар чаман,
Ҳар ки дид он сарви сим андомро.
Сабр кун Ҳофиз ба сахтӣ рӯзу шаб,
Оқибат рӯзе биёбӣ комро!
✍️Ҳофизи Шерозӣ.
Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ