Академияи Гунди Шопур

Дар давраи ҳукмронии Сосониён дар шаҳри Аҳвоз аввалин Академия бо номи Академияи Гунди Шопур таъсис дода шуда буд, ки асосгузораш шоҳ Шопури II буд. Бо таклифу дархости ӯ олимони зиёди гуногунзабон аз марказҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба ин даргоҳи муқаддас ҷамъ оварда шуда буданд. Масалан шоҳ Шопури II табиби насронӣ Теодорусро аз Рим, Канакаи Ҳиндуро аз Ҳинд ва олимону файласуфони дигарро аз Юнон ба ин Академия даъват намуда буд ва барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буд. Табиби барҷастаи араб Ҳорис ибни Калда низ аз ин ганҷинаи бузурги илму фарҳанг баҳра бардошта, ба мақому мартабаи бузурге мушарраф гардида буд. Ин Академия робитаи фарҳангии мардуми ду минтақаи маданӣ, яъне Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваст менамуд. Дар Академия асосан илми тиб рушд намуда буд. Вале дар баробари илми тиб, илмҳои ҳандаса, риёзиёт, нуҷум, фалсафа ва мусиқӣ низ ба дараҷаи баланди тарақиёти худ расида буданд. Омӯзиш дар ин ҷо ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ буда, дониши амалии толибилмонро дар назди бемор месанҷиданд. Ҳамчунин дар ин Академия ҷомъомадҳои илмӣ баргузор мегардид. Масалан соли 561 бо сарварии Бухтишуъ ҷаласаи якумини олимони тиб баргузор гардид, ки дар он табибони машҳур аз дигар мамлакатҳо низ ҷамъ омада буданд.
Мутафаккирон Ҷурҷонӣ, Навбохт, Саркаб, Ромтин, Саркаш, Саргис, Гесӯи Навогар, Бомшод, Чангӣ, Борбади Марвазӣ ва дигарон дар Академияи Гунди Шопур фаъолият намудаанд. Онҳо оид ба илмҳои риёзӣ, фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ, тиб, кимиё, иқтисодиёт, санъати бадеӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва ғайра асарҳои гаронбаҳо эҷод намуда, дар пешрафти илму фарҳанг ва санъат саҳми бузург гузоштаанд.
Даромадгоҳи ин Академияро шиори «Донишу ҳикмат аз шамшер ҳам пурзӯртар аст» зиннат медод. Дар ин фарҳангистон ғайр аз бемористон китобхонаи бузурге, бо нишастгоҳҳо барои хонандагон вуҷуд дошт. Дар Академия аз тамоми гӯшаю канорҳои минтақаҳои маданӣ дастовардҳои нодиртарини фарҳангӣ ҷамъ оварда шуда буданд, ки онҳоро устодону толибилмон меомӯхтанд.
Фарҳангистон дар тӯли зиёда аз 300 сол маркази фарҳангии ҷаҳониён маҳсуб мешуд, вале аз тарафи истилогарони араб сӯзонида ба хок яксон карда мешавад.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика