Артиш дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ба дастовардҳои назаррас дар кулли соҳаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ шарафёб гардад.
Дастгириву таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат аст, ки дар Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавӣ диққати махсус зоҳир карда мешавад. Иқдом ва дастгириҳои неки Сарвари кишвар боиси рӯз аз рӯз зиёд гардидани афсарону сарбозон гардида истодааст, ки шоистаи таҳсин аст. Аз таваҷҷуҳу шароити созгор аст, ки аксари сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро ба итмом мерасонанд, баҳри идома додани фаъолияти касбии сарбозии худ камари ҳиммат мебанданд.
Дар баробари инъикоси дастоварду пешравиҳо дар қисмҳои низомии кишвар, мутаассифона аҳёнан ҳолатҳои вайрон намудани Оинномаи ҳарбӣ низ ба назар мерасад. Тайи ду рӯзи охир вайрон намудани қоидаҳои Оиннома ва муносибати дағалонаи сарбозони солор бо наваскарон дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ сару садоҳои зиёдеро дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Атрофи масъалаи мазкур чунин андешае моро водор месозад, ки мардуми мо, махсусан ҷавонон бо андак мушкилот ва проблемаҳо ба эҳсосот дода шуда, нигоҳи яктарафа онҳоро фаро мегирад.
Бо оддитарин нофаҳмиҳо дар байни сарбозон ҳамаи қисмҳои ҳарбиро наметавон баҳо дод. Хизмат макони мардон аст ва мард дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ мубориз аст. Хурду калон ҷонибдор аз он аст, ки вайронкунандагони Оинномаи ҳарбӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал меорем, ки бо одитарин наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ назаррамонро дигаргун насозем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонон хизмати Ватанро пешаи худ намуда, дар пойдории сулҳ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ саҳми бориз гузоранд.
Ҳифзи марзу бум барои ҳар сокини Тоҷикистон муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда, аз ҳар нафар ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Сулҳу субот ва осоиши ҷомеаи ҳар кишвар ба ҳифзи сарҳади он вобаста аст. Ҳамин аст, ки Артиши миллӣ яке аз асоситарин омилҳои ҳифз ва нигоҳдошти давлату миллат ва осоиши ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ҳифзи Ватан - Модар барои ҳар шаҳрванд қарзи виҷдонӣ аст. Аз пайдоиши давлат ва ҳатто пештар аз он инсонҳои ибтидоӣ бошгоҳ ва қаламраверо, ки дар он ба сар мебурданд ҳифз ва ҳимоят менамуданд.
Кушиш менамуданд ҳамон қисмате, ки ба онҳо тааллуқ дошт аз дасти душманон ва нафароне, ки ба он ба назари соҳибӣ менигаристанд, мавриди бархурд қарор мегирифт. Зина ба зина бо болоравии фарҳанги башарӣ дигаршавии арзишҳо ва ба як ҷузъи зиндагонии инсонӣ табдил ёфтани онҳо, арзиши Ватану ватандӯстӣ ба як арзиши аслию меҳварии башарият табдил ёфт. Ҳамин аст, ки дар ҳамаи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум нигоҳдошти озодиву истиқлол ва муборизаи тӯлонии мардумон ба хотири ҳифзи ҳамин гуна арзишҳо будааст.
Вазифаи ҷонии ҳар яки мову шумост то арзиши ҳифзи марзу бум ва хидмат кардан дар сафи артишро ба ҳайси як мактаби мардонагию ҷасорат дар байни ҷавонон таблиғ намоем, зеро ин марзу бум ва ин давлат аз мост ва вазифаи мо ҳаст, ки онро ҳимоят намоем ва агар зарур бошад дар роҳи ҳифзи он ҷоннисорӣ кунем. Саркашӣ кардан аз хидмат ё фирор кардан аз он, нодида гирифтани ҳифзи Модар ва Ватан мебошад.
Таҳдид ба марзу буми Тоҷикистон, таҳдид ба кулли мардум ва миллати тоҷик ба ҳисоб меояд. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги мо ҳифзи марзу бум ва дар роҳи ҳифзи модару ватан ҷоннисорӣ намудан яке аз арзишҳои муҳими маънавӣ ба ҳисоб меравад.
Ба таъбири пирони хирад - бо набарди зиндагӣ мардона қадам гузошта, дар пойдории фардои дурахшони меҳан саҳми муассир гузорем.
Абдуллоҳи Қодирӣ – СИЁСАТШИНОС, корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон