Дар рӯзҳои баҳор ва таҷлили Наврӯзи бошукӯҳ аз он сӯйи обҳо, аз иёлати Вирчинияи кишвари Иёлоти Муттаҳида Амрико хабаре пахш шуд, ки боиси тааҷҷуби мардуми олам гардид. Тавре медонем мусулмонони гуногунфирқаи Покистону Ироқу Афғонистон дар бист соли охир борҳо ба ҷони ҳам уфтода масоҷиди якдигарро ба оташ кашида, гоҳе бо анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ боиси куштори бегуноҳон мегарданд. Дар натиҷаи ин амалҳо ҷони ҳазорон нафар талаф ва хонаводаҳои зиёде азодор мегарданд. Сарвазири собиқи Олмон боре гуфта буд, ки тааҷҷуб мекунам, ки ҳиндуҳо бо доштани садҳо худову илоҳа дар сулҳу оромиш ба сар мебаранд ва мусулмонон ки як худову як пайғамбар доранд, ҳамдигарро ба куштан медиҳанд.
Дар ҳамин замон мусулмонони суннӣ ва шиаи ИМА ибодатгоҳи хешро бо номи “Масҷиду-н-набӣ” бунёд карданд, ки ҳадафи он зери як сақф муттаҳид кардани пайравони фирқаҳои гуногуни мусулмон мебошад.
Дар маросими кушода шудани ин масҷид масъулони иёлати Вирҷиния ва аъзои Конгресси ИМА низ ширкат варзида, таъкид карданд, ки пайравони дину мазҳабҳо боястӣ дар сулҳу оромишу ҳамкорӣ ба сар баранд. Ин марказ қарор аст дар қатори ибодату ниёиш ҷавононро ба барномаҳои омӯзшӣ низ ҷалб созад. Ҳадафи аслии бунёди чунин марказ таблиғи руҳияи дӯстиву осоиштагӣ дар миёни мардумони гуногунмазҳаб мебошад. Дар ҳамин вақт кишвари Чин кӯшиш мекунад, ки миёни ду қудрати бартари ҷаҳони ислом – Арабистони Саудӣ ва Эрон тарҳи оштӣ ниҳад. Ин бояд дарси азим барои пайравони ислом гардад, ки низои худро бе дахолати кишварҳои савум ҳаллу фасл намоянд.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ