Касе аз Имом Абӯҳанифа (р) пурсид, ки кадом як аз ин ду Имом беҳтаранд, Алқама (р) ё Асвад (р)? Фармуд: «-Ба Худо мартабатам беш аз ин нест, ки эшонро ҷуз ба дуо ва талаби омӯрзишу бузургӣ ёд кунам, пас чӣ гуна метавонам якеро бар дигаре бартарӣ диҳам?».
Ва Ибни Муборак (р) барои Сӯфёни Саврӣ (р) гуфт: «-Чӣ қадар Абӯҳанифа аз ғайбат дур аст, ҳаргиз надидаам, ки ғайбати душмани худро бикунад!»
Абӯсӯфёни Саврӣ (р) дар посухи вай гуфт: «-Ба Худо, ки ӯ оқилтар аз он аст, ки бар савобҳо ва ҳасаноти хеш чизеро мусаллат созад, ки онро пок аз миён бардорад, ӯ чи сон бо ғайбати дигарон савобҳояшро барбод медиҳад?»
Шарик (р) мегӯяд: «Абӯҳанифа (р) сукуте сангин ва тӯлонӣ ва хираду фақоҳате бисёр васеъ дошт, бо мардум ӯ бисёр кам ба муҷодала мепардохт ва бо онон бисёр кам сухан мегуфт». (Бале, ба истиснои он лаҳазоте, ки бояд тири ҳақ ба сӯи ботил задан воҷиб бошад-С.Б.Б).
Ва шахсе бар Имом Абӯҳанифа (р) гуфт:-Бадхоҳонат дар пушти сарат суханатро мегӯянд, аммо ту дар бораи аҳаде лаб ба сухан тар намекунӣ? Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ин фазли Илоҳӣ аст, ки бар ҳар кас бихоҳад, мебахшояд».
Ва Бакир ибни Маъруф гуфт: «-Ҳеҷ мардеро дар уммати Ҳазрати Муҳаммад (с), некӯсираттар ва пурзӯҳду тақводортар ва фозилу хирадмандтар, аз Абӯҳанифа надидам, ки надидам».
Ва Маккиӣ ибни Иброҳим (р) мегӯяд: «-Бо аҳолии Кӯфа муҷоласат ва муонасат кардам, аммо дар миёни онон касеро парҳезгортар, аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа надидам».
Саҳл ибни Мазоҳим мегӯяд: «-Андар манзили Имом Абӯҳанифа, ба маҳзари вай меомадем, аммо дар он ҷуз бурёфарш дигаре намедидем».
Ҳасан ибни Солеҳ (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) дар вараъу тақво сахт пешрав буд, аз ҳаром ва олӯда шудан, ба он сахт тарсон буд, бисёрӣ, аз ҳалолҳоро аз тарси шубҳанок будани онҳо фурӯъ мегузошт, фақаҳеро худотарсу нигаҳбонтар, аз вай дар посдорӣ, аз нафс ва илмаш надидаам, ба Ҳақ, ки ҷиҳоду пайкори вай, ҳама барои ободонии охираташ буд».
Ва Язид ибни Ҳорун (р) мегӯяд: «-Аз ҳазор шайх (устод) таҳсили илм карда ва матлабу ривоят ва Ҳадис навиштаам, аммо дар миёни ин ҳазор тан шайх, парҳезгортару забоннигоҳдортар ва муҳаддистар аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа надидаам». 62-82-91.
Устод Абулқосим Қушайрӣ, дар рисолаи маъруфи худ, ки бузургтарин китоби сарварони мо аҳли тасаввуф қаддасаллоҳ арвоҳуҳум ҳаст, дар боби «тақво» мегӯяд: «-Абӯҳанифа (р) дар сояи дарахти қарздораш наменишаст ва мегуфт: «-Ҳар қарзе, ки мунқатеъро ба сӯи худ ҷалб кунад, пас он қарз рибоъ аст».
Ва изофа мекард: «-Аммо ман, ин амали худро бар мардум воҷиб намедонам, лекин олим бояд барои худаш, аз амалаш, бештар аз ҳадде, ки халқро ба сӯи он даъват мекунад, баргирад».62-82-91.
Вақиъ (р) мегӯяд: «-Абӯҳанифа амонатдори бузург буд». Абӯнаъим ва Фазил (р) низ гуфтаанд: «-Абӯҳанифа (р) накӯдиёнат буд ва басо азимуламонат». 62-82-91.
… Ва аз фаросату тезбинии Имом Абӯҳанифа (р) гуфтаанд, ки: – Ӯ зиёда пешгӯӣ, аз воқеоте мекард, баъдан он воқеот ба ростии қавли Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) амалӣ мешуданд, яъне ӯ саропо валии соҳибкаромот буд.
Аз ҷумлаи осори ин фаросот, пешгӯиҳои Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳаққи ҷамъе аз ёронашон буд, ки ҳама чунон, ки гуфта буданд, рӯнамо гардид. Ва Имом Зуфар ибни Ҳузайл ва Довуди Тоӣ, аз он ҷамъ буданд. Зеро Имом Абӯҳанифа (р), барои Довуди Тоӣ гуфт: « -Ту худро барои ибодати Ҳақ вақф мекунӣ». Ва чунон шуд, ки ӯ аз аимаи сӯфиёни замон гардид.
Ва аз он ҷумла буд Абӯюсуфи Яъқуб (р), ки Имом Абӯҳанифа (р) ба вай гуфт: «-Ту ба дунё гароиш меёбӣ!» Ва чунон шуд, ки Имом (р) фармуда буд… 62-82-91.
Имоми Аъзам (р) басо заковатманд ва ҳозирҷавоб будаанд. Аз ин боб аст, суоли марде аз бадхоҳони Имом Абӯҳанифа (р), аз эшон, ки гуфт: – Чӣ мегӯи дар бораи шахсе, ки орзу надорад биҳиштро ва наметарсад аз оташи дӯзах ва наметарсад аз Худои таъоло ва хӯрад гӯшти худмурдаро ва намоз мехонад, бидуни рукӯъу саҷда ва гувоҳӣ медиҳад ба он чи, ки онро надидааст ва аз ҳақ нафрат дорад ва фитнаро дӯст медорад ва аз раҳмат мегурезад ва яҳуду насориро тасдиқ мекунад?
Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Оё ту аз шахси муайяне мепурсӣ, ки бар аҳволи он огоҳӣ дорӣ?»
Он мард гуфт: – Хайр! Фарди хосе мавриди назарам нест, лекин аз чунин кас навъе дар олам бадтар наёфтам, лоҷарам туро аз он пурсидам.
Имом Абӯҳанифа (р) ба ёронаш рӯ кард ва гуфт: «-Дар бораи чунин шахсе чӣ мегӯед?»
Ёрон гуфтанд: – Ин чунин шахсе – бадтарин фарди олам аст, зеро ин сифат, сифоти куффор мебошад.
Пас Имом Абӯҳанифа (р) табассум намудаву хитобан ба он мард фармуд:
«-Ин шахсе, ки ту бо ин авсоф (сифат) аз он ёд кардӣ, аз авлиёи барҳақи Худои таъоло аст». Сипас илова намуд:
«-Агар бар оят собит кунам, ки шахси мавриди назари ту валии Худои таъоло аст, оё забонатро аз бадгӯиям нигаҳ медорӣ ва киромалкотибинро аз ин дар заҳмати он чизе намеандозӣ, ки саранҷом зиёну вуболи он саранҷом мар турост?!
Мард гуфт: – Оре!
Пас Имоми Ҳумом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Он шахс орзӯи Биҳиштро надорад, аз он рӯ, ки орзӯи Парвардигори субҳон Биҳиштро дорад; аз Дӯзах наметарсад, чун аз Парвардигори яктову қодир дӯзах метарсад ва аз Худои мутаъол наметарсад, ки дар адолату салтанати мутлақаи хеш бар вай ситам намояд, яъне, аз ситами Худои таъоло наметарсад ва гӯшти моҳии худмурдаро мехӯрад, чунки ҳалол аст ва тайиб (покиза, тоҳир) ва намозро бидуни рукӯъу саҷда мехонад, он гоҳ, ки намози ҷанозаро мехонад, ё мурод ба салот, дуруди шариф аст, ки бар Паёмбари гиромӣ (с) дуруд ва салавот мефиристад.
Ва маънии ин ки гувоҳӣ медиҳад, ба он чи ки намебинад, низ рӯшан аст, зеро ӯ ба вуҷуд ва ягонагии Худо ва рисолати Ҳазрати Муҳаммад (с) гувоҳӣ медиҳад, дар ҳоле, ки ҳеҷ як аз онҳоро надидааст. Ва аз ҳақ нафрат дорад, бале! Аз марг, ки ҳақ аст, нафрат дорад, то итоати Худои мутаъолро бинамояд. Ва фитнаро дӯст медорад, ки мол ва фарзанд, аст ва аз раҳмат мегурезад, ки борон аст, то ӯро хис (тар) накунад ва яҳуду насрониро тасдиқ мекунад, дар ин гуфтаи эшон (худи онҳо), ки: «-Лайсат-ан-яҳуд ъало шайин» (яъне, яҳуд бар чизе нестанд) ва насороро тасдиқ мекунад, дар ин гуфтаи эшон, ки: «-Лайсат-ал-насоро, ъало шайин» (яъне: «Насоро бар чизе нестанд». «Дар ин ҷо буд, ки мард аз посухҳои сокиткунанда ва дандоншикани валиюллоҳ Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мабҳут монд ва гуфт: «-Ман ба дурустӣ гувоҳӣ медиҳам, ки ту (Абӯҳанифа) бар ҷодаи Ҳақ ва ҳақиқат равонӣ, маро маъзур дор… /62-82-91.
… Зане назди Имом Абӯҳанифа (р) омад ва гуфт: «-Бародарам ба раҳмати Ҳақ пайваст ва шашсад динор аз худаш ба ҷо гузошт, аммо аз ҳамаи ин маблағ, фақат як динор ба ман расид».
Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ирсия (мерос, моли тарака, ки таракааш фарз аст)-и шуморо чӣ касе тақсим кард?! Зан гуфт: «-Довуди Тоӣ».
Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Ҳамчунон аст, ки ӯ тақсим кардааст! Оё магар аз бародарат, модаре ва ду духтару як ҳамсару дувоздаҳ бародару як хоҳар, намондааст?». Зан гуфт: «-Оре! Чунин аст». Пас Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Хуб! Тақсими ирсияи (мерос) Шумо ҳамчунон аст, ки Довуди Тоӣ тақсим кардааст». 62-104.
… Паррандаи Товусеро аз ҳамсояи Имом Абӯҳанифа (р) дуздида буданд, ҳамсоя назди эшон аз ин воқеа шикоят бурд. Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Алъон ором бигир, то ман чора биандешам. Пас чун бомдод мардум ба масҷид гирд омаданд, Имом Абӯҳанифа (р) хитоб ба онон фармуд: – Оё ҳаё намекунад, он кас, ки товуси ҳамсояашро медуздад ва боз ба намоз меояд, дар ҳоле, ки асари пари он товус дар сараш ҳувайдо аст?! Дар ин асно дузди товус саросема даст бар сар кашид, ки ин ҳолати нангинро ҳама диданд ва бад-ин гуна он дузд худашро ба заковати Имоми Аъзам (р) намоён сохт. Пас Имом Абӯҳанифа ба ӯ гуфт: «-Оқои азиз! Бирав ва товуси он мардро ба ӯ деҳ!» Пас он мард ниҳоят хиҷил ва шармсор шуд ва аз кардаи худ сад пушаймон гардид ва паррандаро ба соҳиби он баргардонд. 62-115.
… Аъмаш раҳамуллоҳ марде дилгир буд, аз он рӯ, ки табъе тунд дошт. Пас яке аз каҷхулқиҳои вай сахт барояш мушкилсоз шуд, зеро бар талоқи занаш савганд ёд кард, агар чунон чӣ ӯро занаш аз тамом шудани орд хабар диҳад, ё ин амрро ба ӯ таи навиштае баён кунад ё биогоҳонад, ё пайке бад ин пайғом барояш бифиристад, ё ин амрро ба касе дигар ба миён гузорад, то ӯ онро ба гӯши вай бирасонад, ё ҳатто ин амрро бо ишора матраҳ созад (яъне, ҷамъ, бо хат, бо лафз ва ишорате, ки ба ӯ занаш ё касе рӯ ба рӯ бифаҳмонад-С.Б.Б). Биноан бечора зани Аъмаш (р), дар ин амри шавҳари густохи худ мутаҳайир монд, ки чӣ кунад? Пас касе ба вай машварат дод, ки чораи ин мушкилот назди Абӯҳанифа (р) аст. Ӯ ба назди Имом Абӯҳанифа (р) омад ва моҷароро ба эшон бозгуфт.
Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: «-Чун киса (халта)-и орд тамом шуд, онро дар ҳангоме, ки Аъмаш ба хоб андар аст, бо ҷомааш маҳкам гиреҳ зан, пас чун бедор шавад, онро мебинад ва аз тамом шудани орд, дар хона иттилоъ меёбад».
Зани Аъмаш чунин кард, ки Имоми Аъзам (р) фармуда буд. Аъмаш, ки бедор шуд ва ин гуна худро ғофилгир дид, дод зад ва гуфт:
– Ба Худо, ки ин аз ҳилаҳои Абӯҳанифа аст. Чӣ гуна мо комёб мешавем, то ӯ зинда бошад?! Ӯ моро дар миёни занонамон расво мекунад, зеро нотавонӣ ва гумроҳии моро ва бадҷаҳливу беандешагӣ ва соддагии моро ба эшон менамоёнад!! (Ин буд, ки Аъмаш (р) дигар дар зиндагии хеш сари ин масъалаҳо барнагашт, аз баракати заковати Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ-С.Б.Б).
… Марде дар замони Имом Абӯҳанифа (р) даъвии паёмбарӣ кард ва ба мардум гуфт: – Муддате ба ман мӯҳлат диҳед, то нишоне биёварам. Имом Абӯҳанифа (р) фармуд:
«Ҳар кас аз вай талаби нишона намояд, кофир мешавад, зеро дар ҳолате аз вай талаби нишона намудааст, ки такзибкунандаи ин фармудаи Расули барҳақи Худо (с) аст: «Ло набийя баъдӣ» (яъне: – Баъд аз ман паёмбаре нест»!) (Дар зимни ин ҳадиси шарифи набавӣ салъам, як чиро ёдрас намудан зарур ва фарз аст, дарҷ намоем, ки худро бардурӯғ «паямбар» хондани Баҳоуллоҳ, яъне, Мирзо Ҳусайн Алии Нӯрӣ (1817-1892) ва маслаки таъсиснамудааш-«Баҳоия»-ро, ойини баҳоия эълон доштанаш ҳам, назди мо афсонае беш нест. Баҳоия афкори фалсафии дуздидашудаест, аз уламо ва ҳакимони пешин, ки орзӯи адолатхоҳӣ доштанд. Агар баҳоиён, бо дидаи бедор: ба Исломи мубин назар намоянд, ба дурустӣ хоҳанд дарк кард, ки пешвояшон, барояшон ягон чизи наве нагуфтааст ва ҳар муроде, ки доранд, аз Ислом онро метавон дарёфт, ки Ислом ойини одамият ва башардӯстист. Пас ҳеҷ зарурате ба гумроҳсозии мардум нест. Баҳоия маҳсули «мағзи айёрона»-и ҷосӯсони пешини инглисист, барои мутафарриқ сохтани мусалмонони олам-С.Б.Б).
… Ва дар Мадина бо Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ разиаллоҳу анҳум мулоқот намуд (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ). Муҳаммад ибни Ҳасан (р) ба Имом фармуд:
«-Оё шумоед, ки бо амал ба қиёс (далели ақлӣ), бо аҳодиси ҷаддам Расулуллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам мухолифат меварзед?!» Имом Абӯҳанифа (р) фармуд: – Паноҳ металабам ба Худои ъазза ва ҷалл, аз чунин амре. Биншин, ки туро ҳурмате аст бузург, ҳам монанди ҳурмати Ҷаддат (с), ки бартарин дурудҳову саломҳо бар вай (с) бод»! Пас Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) нишаст ва Абӯҳанифа (р) дар пеши рӯяш ба адаб зону зад.
Ва он гоҳ аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Бифармоед, ки мард заифтар аст, ё зан? Муҳаммад разиаллоҳу анҳум гуфт: – Зан заифтар аст. Сипас пурсид: – Саҳми зан аз мерос чи қадар аст? Муҳаммад (р) гуфт: – Нисфи саҳми мард. Пас Имом Абӯҳанифа (р) гуфт: – Агар меъёр назди ман қиёс (далели ақлӣ) мебуд, бояд ҳукмро мунқалиб (ки аз сурат ва ҳоле ба сурат ва ҳоле дигар дар-омада ва дигаргун шуда) месохтам ва мегуфтам, ки саҳми зан ду баробари саҳми мард аст. Он гоҳ аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Намоз фазли бештаре дорад, ё рӯза?
Муҳаммад ибн-Ал Ҳасан (р) гуфт: – Намоз. Пас Имом Абӯҳанифа (р) гуфт: Агар қиёс меъёри ҳукми ман мебуд, бояд зани ҳойиз (бе намоз, зани узрдида)-ро ба қазо овардани намоз дастур медодам, на ба қазо овардани рӯза. Сипас аз Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) пурсид: – Оё бавл наҷас аст, ё манӣ? Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) гуфт:- Бавл.
Абӯҳанифа (р) гуфт: – Агар қиёс меъёри ҳукми ман мебуд, бояд ғуслро аз бавл воҷиб медонистам, на аз оби манӣ. Маозаллоҳ, аз ин ки ҳукм ба Ҳадиси Расули Худо (с)-ро фурӯ гузорам, балки ман ходими аҳодиси Расули Худо (с) ва камтарин ғуломи ин боргоҳам. Пас он гоҳ Муҳаммад ибн-Ал-Ҳасан (р) бархост ва рухсори Абӯҳанифа (р)-ро бӯсид… 62-118.
Чун сухан ин ҷо аз боби чи гуна ба аҳодиси Набавӣ (с) пайравӣ ва амал кардани Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) рафт, зарур мешуморем, ки чанд ҳарфе, дар санади эшон (яъне, Имом Абӯҳанифа (р), дар илми ҳадис ва амали он аз ҷониби эшон гуфта бошем, ки шоир гуфтааст: «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» (С.Б.Б).
Чуноне, ки гуфтем, Имом Абӯҳанифа (р) аз маҳзари чаҳор ҳазор (!) шайх, аз аима (имомон)-и тобиъин (саҳобаи киромро дарёфта) ва ғайри эшон ахаз (зиёд истифода кардан)-и Ҳадис намудаанд.
Ва ба ҳамин далел, Заҳабӣ (р) ва ғайри он Имом Абӯҳанифа (р)-ро дар табақоти ҳиффоз (муроқиб, нигоҳбон, маҳфӯз-доранда)-и муҳаддисин баршумурда намудаанд. 62-139.
Ва бояд гуфт, ки дар илми қироати Қуръони карим, низ эшон (Имом Абӯҳанифа (р) устодӣ доштаанд ва аз хурдсолӣ, сабки қироат ва таҷвиду тартили Каломуллоҳро хуб омӯхтаанд ва овози хуше доштаанд ва ҳам Қуръони Маҷидро пурра ҳифз намудаанд, ки дар Ислом чунин фардони бедордил ва бедормағзу покниҳод ва муваҳҳидро қории мураттаб мегӯянд, ки Қуръон дар қалби ӯ асту ҳикмати волои Илоҳӣ, дар сари муборак (С.Б.Б).
Ривояти ворида, аз тариқи мутааддид ҳокӣ аст, ки Имом Абӯҳанифа (р) илми қироатро аз Осим, ки яке аз қарро (хушхон қорӣ, ки Қуръонро некӯ мехонад)-и сабъа (ҳафтгона) аст, омӯхтаанд. 62-138.
Ва ҳар кас пиндоштааст, ки Имом Абӯҳанифа (р), ба Ҳадис камеътибор будаанд, ё дар таҳқиқ перомуни ин амр саҳлангор буда ва ё, ки ҳасад бар ҷони вай рахна афканда, зеро бо иноят, ба ин ки Имом Абӯҳанифа (р) аввалин касе будаанд, ки бо риояти тамом усул ва завобит, аз далоили шаръӣ, истинботи аҳком намудаанд (ки то ба Абӯҳанифа (р) ягон муҷтаҳиди сарсупурдае набуд, ки бо ин тарзу усул аз аҳкоми Илоҳӣ, аҳодиси набавӣ салъам ва аз далоили шаръӣ истифода кунад ва бе муболиға эшон асосгузори воқеӣ ва муҳаддиси мӯшикофеанд, дар таърихи Испом ва таърихи баёни илму аҳкоми шаръӣ, ки бинои фиқҳро, яъне, Кохи ҷовидонии адолати Илоҳиро бар асоси Оёти шарифу аҳодиси Набавӣ салъам, тармим ва устувор сохтаанд, ки тамоми фуқаҳову аимаи баъди ӯ раҳамуллоҳ муҳассилини мактаби Абӯҳанифа раҳамуллоҳ, яъне, ниёзмандони ин Кохи адли Илоҳианд, ки муассисаш ҳамоно Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аст ва дигарон ҳама резахӯри хони Абӯҳанифаи ориёии «Имонро», ба гуфтаи Расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам: «аз Сурайё ба чанг оваранда» мебошанд. Агар ба ҳақиқати ҳол қоил бишавем возеҳтар ин аст, ки муассисини мазоҳиби дигар, ҳама ба ҷумлагӣ, шогирди шигирдони басо фозили Имом Абӯҳанифаанд ва ин мазоҳиб шаклҳои табдил ва тағйирдодашудаи мазҳаби Сироҷи умам – Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошанд. Мазҳаби Имоми Аъзам (р) беназир мазҳабест, ки дар он одоби пурраи тоату ибодат, яъне, аҳкоми Илоҳӣ ва Суннати пири шариат ва пешвову Мавлои уммат – Ҳазрати Муҳаммад (с) фарзу воҷиб аст ва ҳар сухани бевазне, ки нисбати Имом Абӯҳанифа (р) ва мазҳаби ӯ гуфта мешавад, ҳама аз рӯи ҳасад ва ҳамоно нажодпарастӣ ва кӯрдилӣ аст, ки ин тарзи рафтору кирдор ва муносибат бо пешвоёни дин, хеле хандаовар аст ва Исломи мубин, ки Паёмбараш – ҳабиби Худо Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам аст, тафриқаандозонро дӯст надорад, бояд, ки «Мӯъмин, бародари мӯъмин» бошанд, зеро ки роҳи ҳамаи мо ба сӯи Аллоҳ аст-С.Б.Б), ки ин ҳақиқат дар кутуби ёронашон (р) маъруфу машҳуд аст – пас чӣ гуна аз фақеҳе ин чунин, истинботи аҳкому масоили -бешумори шаръӣ, мутасаввури мақдур будааст?!
Ва бояд гуфт, ки ба ҷиҳати иштиғоли Имом Абӯҳанифа (р), ба ин амри авлову аҳамм (сазовору аҳамиятнок), аҳодиси Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), дар хориҷ зоҳир нагардида аст, чунонки Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқу Умар Ал-Форуқ разиаллоҳу анҳумо ба далели иштиғол, ба мусолиҳи оммаи муслимин, ба андозаи дигар асҳоб маҷоли ривояти Аҳодисро наёфтаанд, ба тавре, ки мулоҳиза мекунем, ҳатто саҳобаи ба маротиб поинтар аз Эшон ризвонуллоҳу ъалайҳим, аз онон, дар ривояти Ҳадиси шариф сабақ гирифтаанд. Ҳамин гуна Молик (р) ва Шофеъӣ (р), низ дар ривояти Ҳадис ҳамон майдонеро паймуда натавонистаанд, ки мутафарриғон, дар амри ривоят, хамчун Абӯзаръа (р) ва Ибни Муъин (р) паймудаанд, биноан Аҳодиси зиёде аз Молик (р) ва Шофеъӣ (р) ҳам ривоят нашуда аст, ба таври мушаххас, чи онон ҷумлагӣ, машғули амри муҳимтаре будаанд, ки ҳамоно истинбот (истихроҷ ва дарёфти маънӣ ва мафҳум)-и аҳком буда аст».
Биноан аимае чун Абӯҳанифа (р), Молик (р) ва Шофеъӣ (р), аз сиқот (мӯътамадон)-и аимаи Ҳадис ба шумор мераванд, лекин фарқашон бо аимаи ҳиффозу дигар дар ин аст, ки инон Аҳодисро дар коргоҳи истинботу корхонаи иҷтиҳод афкандаву аз онҳо ҳазорон ҳукму масъалаи шаръиро истинбот кардаанд, ки имрӯз мадори амали шаръии муслимин аст, дар ҳоле, ки аимаи Ҳадис, фақат Аҳодисро ҷамъ ва тадвин (ва таблиғу интишор) намудаанд, ки гарчи ин низ дар ҷойгоҳи худ муҳим аст, лекин зикри ин нукта холӣ, «аз фоида нест, ки кисрат (фаровонӣ)-и ривояте бидуни дароят (дарёфт, огоҳӣ, доноӣ) аз назари бархе аз аимаи бузург, дархӯри ситоиш намебошад, балки ҳатто Ибни Абдулбарр боберо дар замми он мунъақид намуда ва сипас гуфтааст: «-Фуқаҳои ҷамоати муслимин бар онанд ки ифрот дар ривояти Аҳодис, бидуни тафаққӯҳ (илми фиқҳ хондан, фақеҳ шудан ва дарёфти маънӣ) тадаббур (жарфбинӣ, мӯшикофӣ) дар онҳо мустадъии (дархосткунанда)-и мазаммату муставҷиби маломат аст». 62-139-140.
Ва ҳам Аз ин рӯ, аст, ки Ибни Шибирма (р) мегӯяд: «-Кам ривоят кун, то фақеҳ шавӣ!» 62-140.
Ва Абдуллоҳ Ибни Муборак (р) мегӯяд: «-Такияи ту дар аҳком бояд бар Қуръон ва Ҳадис бошад ва аз раъй ҳамон миқдор баргир, ки Ҳадисро барои ту тафсир намояд».
Яке аз маъозири (маъзур) Абӯҳанифа (р), дар кам гуфтану ривоят намудани Ҳадис, аз ин сухани вай истинбот мешавад, ки фармуд:
«- Барои шахс сазовор нест, то ҷуз он аҳодисеро, ривоят намояд, ки дар ҳангоми шунидан ҳифз намуда ва то ҳангоми ривояти он ҳамчунон ҷузъи маҳфӯзоти вай буда аст». 62-140.
Биноан аз назари Имом Абӯҳанифа (р) ривояти Ҳадис, ҷуз барои ҳифзи он (чун дигар аима-С.Б.Б)., барои касе дигар ҷоиз нест.
Ва Хатиби Бағдодӣ, аз Исроил ибни Юнус ривоят мекунад, ки гуфт: «-Некӯшахсияте аст Нӯъмон (Имоми Аъзам), Алҳақ, ки ҳофизтар аз вай, дар ҳар Ҳадисе, ки дар маънии фиқҳӣ мавҷуд аст, надидаам, ба ростӣ, ӯ дар пажӯҳишу таҳқиқи маонӣ (ки дар аимаи аҳди Абӯҳанифа раҳамуллоҳ ва ҳатто қабл аз ӯ ва баъди ӯ, мутаассифона пажӯҳишу таҳқиқи тафаққӯҳӣ, дар дарёфти маъонии фиқҳӣ набуд, ки набуд-С.Б.Б)-и фиқҳии Аҳодис, ба гунаи эъҷоб (шигифтӣ, аъҷӯба) – ангез, моҳиру забардаст ва басо доно буд!» 62-140.
Ва аз Абӯюсуфи Яъқуб (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: «-Касеро донотар, ба тафсири Ҳадису мавозеъи нукоти фиқҳии он, аз Абӯҳанифа раҳамуллоҳ надидаам».
Ва ҳам ӯ (Абӯюсуф) мегӯяд: «-Ҳаргиз, дар ҳеҷ масъала, бо Абӯҳанифа раҳамуллоҳ мухолифат нанамудам магар, ин ки чун дар он нек тадаббур кардам, мазҳаби вайро дар он масъала наҷотдиҳандатар, дар охират ёфтам, ва чунон буд, ки вақте ба сӯи Ҳадис гароиш меёфтам, мулоҳиза мекардам, ки ӯ дар шинохти Ҳадиси саҳеҳ низ, аз ман бинотар ва басо – доно аст». 62-141.
Абӯюсуфи Яъқуб (р) изофа мекунад: «-Ва чун Имом Абӯҳанифа (р) бар раъйе мусаммим (аз тасмим, ба ӯҳда гирифтани коре, тасмим гирифтан-С.Б.Б) мешуд, бар машоихи «Ҳадис»-и Кӯфа мурур (гузар кардан) мекардем, ки бубинам, оё бар тақвияти қавли вай Ҳадис ё асареро хоҳам ёфт? Бас басо мешуд, ки ду ҳадис ва се ҳадис, дар тақвияти он қавл меёфтам ва аз шодӣ такбир («Аллоҳу акбар!») мегуфтам ва онро, яъне, ҳадисро назди Имом Абӯҳанифа (р) меовардам, аммо ӯ бо шинохти ҳамаҷонибае, ки аз Аҳодис дошт, дар бораи баъзе аз он аҳодис мегуфт: – Ин ҳадис саҳеҳ нест. Ё: – Ин ҳадиси машҳур нест.
Пас аз ин амр мутааҷҷуб мегардидам ва мегуфтам: Устоди азиз! Аз куҷо медонед, ки ин ҳадис саҳеҳ нест, ё маъруф нест, дар ҳолеки ин ҳадис мувофиқ бо раъйи Шумо аст? Дар посухи суоли ман мегуфт: «-Ман ба дониши аҳли Кӯфа доноям». 62-141.
Рӯзе Имом Абӯҳанифа (р), дар маҷлиси Аъмаш (р) буд, ки Аъмаш аз чанд масъала, мавриди суол қарор гирифт, аммо қабл оз он ки ҷавоб бигӯяд, ба ҳар як суол, рӯ ба Имоми Абӯҳанифа (р) кард ва аз рӯи эҳтиром гуфт: – Раъйи Шумо дар бораи ин масоил чист? Имом Абӯҳанифа (р) ҷавоби он масоилро доданд. Аъмаш гуфт: – Ин ҷавобҳоро аз куҷо овардед? Имом Абӯҳанифа фармуд: «- Аз аҳодисе, ки аз Шумо ахаз кардаам».
Ва он гоҳ шумори зиёде аз он аҳодисро ҳамроҳ бо туруқ (тариқ)-у асониди он қироат намуд. Аъмаш, ки ҳайратзада шуда буд, гуфт: «-Бас аст! – Алъон донистам, ки ончиро дар сад рӯз бар ту ривоят кардаам, дар як соат ҳамаро, ба ман боз хоҳӣ гуфт! Ман намедонистам, ки ту ба ин Аҳодис амал мекунӣ, эй ҷамоати фуқаҳо! – Шумо утабо (табиб)-ед ва мо дорухонаҳо. – Ва аммо ту эй мард! (Абӯҳанифа) – Ҳарду буъдро гирифтаӣ! – Ту ҳам табибию ҳам дорухона!» 62-141-142. Бале, Имом Абӯҳанифа (р), аз пешкасватони фанни Ҳадис будаанд.
Чунонки ҳиффози илми Ҳадиси шарифу басо муборак, аз аҳодиси он Имом (Абӯҳанифа раҳамуллоҳ)-ҳи ҳумом масонид (аз санад; асосу далел, чизе ки ба он истинод мешавад)-и бисёреро ҷамъоварӣ ва тадвин кардаанд, ки бисёре аз он масонид ба мо расида ва дар муснадҳои машоихи мо зикр шуда аст. 62-142.
Ва ногуфта намонад, ки Имом Абӯҳанифа (р) дар илми Ҳадис, асари махсусе дорад, бо номи «Муснад Ал-Имом Абӯҳанифа», ки дорои нусхаҳои зиёди мутааддид (бе шумор, гуногун)-е аст, ки Абулмуайяд Муҳаммад ибни Маҳмуди Хоразмӣ онро гирдоварӣ намуда ва бо муқаддимаи хеш нашр намуда аст.
Ва дар ҳилми эшон (Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) овардаанд, ки: Язид ибни Ҳорун разиаллоҳу анҳум мегӯяд: «-Касеро бурдбортар аз Абӯҳанифа (р) надидаам… Ӯ фазле азиму диёнате матин дошт, забонашро нигаҳбон буд ва аз беҳудагиҳо рӯйгардон».
Гӯянд, ки марде забон ба дашноми он Имоми ҳумом Абӯҳанифа (р) гушуд, ва дидадароиро то бадон ҷо расонид, ки гуфт: – Эй зиндиқ! Имом Абӯҳанифа (р) дар баробари ҳамаи ин ҷасоратҳо фақат як ҷумла гуфт ва он ин буд, ки: «-Ғафараллоҳу лака ҳува яъламу миннӣ халафа мо тақул!» («-Худо бар ту биёмӯрзад, Ӯ аз ман хилофи ончиро медонад, ту ба ман нисбат медиҳӣ»).
Рӯзе касе ба Имом Абӯҳанифа (р) хабар дод, ки як тан аз ёронашон аз бом афтода аст, Имом Абӯҳанифа (р) чунон фарёде кашид, ки аҳли масҷид ҷумлагӣ онро шуниданд, сипас саросема бо пойи урён ба роҳ зад, то ба болини он ёраш расид ва он гоҳ дар Ҳоле, ки мегирист гуфт: «-Эй кош мумкин буд, ки тамоми дарду марази ин азизро ман бармедоштам». Ва аз он рӯз, ҳар субҳу шом ба болини вай меомад, то он гоҳ, ки он ёраш шифо ёфт, Имом Абӯҳанифа (р) табибе доно буд ва он ёри худро бо муруввату эҳтироми фарзандпадарӣ табобат намуд, то он замон, ки он заҳматрасида ба зудӣ шифо ёфт…
Ибни Муборак (р) мегӯяд: «-Аз маҷлиси Абӯҳанифа (р), маҷлиси сангинтар ва бо уббуҳат (азамат ва шукӯҳу ҷалол)-тар надидаам. Ӯ сукуте некӯ, ҷомае некӯ ва рухсоре некӯ дошт».
Ва Имом Зуфар ибни Ҳузайл (р), шогирди Имом Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р), сахт бурдбор ва сабур буд. Рӯзе Сӯфён ибни Уяйна бар вай гузар кард ва дар ҳоле, ки садои Имом Абӯҳанифа (р) ва ёронаш дар масҷид печида буд, гуфт: – Эй Абӯҳанифа ! Ин масҷид аст ва садо дар он набояд баланд шавад, Имом Абӯҳанифа (р) дар посух гуфт: «-Чӣ кунам, инон ҷуз ба ин шева масоилро намефаҳманд».
Ва Халифа Ҳорун-Ар-рашиди Аббосӣ, ба Абӯюсуфи Яъқуб (р) гуфт: – Ахлоқи Абӯҳанифа (р)-ро бароям тавсиф кун. Абӯюсуфи Яъқуби Қозӣ гуфт: – Эй амиралмӯъминин, Худои ъазза ва ҷалл мегӯяд: «-Мо ялфизу мин қавлин илло ладайҳи рақиб-ба ъатид» («Инсон ҳеҷ суханеро аз даҳон берун намеафганад, магар ин, ки дар назди он нозир ва рақибе баргумошта аст»). Биноан, ончи дар бораи вай ҳам акнун мегӯям, дақиқ ва бе газофа аст:
– Имом Абӯҳанифа (р) дар ҳадди зиёди илми ман, мудофеъи сарсахти муқаддасоти Илоҳӣ ва сахт парҳезгор буд, ӯ дар дини Худои ъазза ва ҷалл бе пушвонаи илм сухан намегуфт, дӯстдори он буд, ки тоати Илоҳӣ, дар ҳама ҷо густариш ёбад ва нофармонии вай аз соҳоти рӯзгор рахт барбандад, аз дунёталабони тиҳимағзи замонаш бар канор буд, на дар касбу иззати дунё бо ҳамгинон (ҳампешагон), ба рақобат мепардохт ва на дар касби рифоҳу роҳат вориди ин ошӯфтабозор мегардид, сукуте тӯлонӣ дошт ва дар айни ҳоле, ки бар кӯҳе баланд, аз улуми маориф такя зада буд, ҳамеша ба тафаккур андар буд (ки бо ин хислати зотӣ ӯ, яъне, Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ, аз дигар аимаи Ислом бартарияти томе дорад, ки умри худро то вопасин нафаси муборак, вақфу сарфи иҷрои аҳкоми Илоҳӣ ва Суннати Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин намудааст-С.Б.Б) ва пурсухану ҳазёнгӯй набуд, агар чунончи аз масъалаи мавриди пурсиш қарор мегирифт ва дар он масъала, маълумоте медошт, ба посухи он забон мегушуд ва ба расогию пӯхтагии тамом ҳам ҷавоб мегуфт ва дар ғайри он ҳақро меъёри хеш қарор дода ва аз сухани ҳақ пайравӣ мекард ва нусбул-айн (манзури назар, муқобили чашм)-и вай дар ҳар ду ҳолат ин буд, ки нафсу динашро нигаҳбон бошад.
Имом Абӯҳанифа (р) дар нисору исори илм ва сарвати хеш низ, бисёр ҷаводу бахшанда буд, нафсе пурғано дошт ва аз тамоми мардум эҳсоси бениёзӣ мекард ва ҳаргиз, ба тамаъ моил набуд, аз ҳисоби заҳмати хеш рӯз мегузаронид (Яъне: «Доми тазвир»-у риё намекард «Чун дагарон Қуръонро» -*дагар-паррандаи гӯштхӯр, боша, шоҳин С.Б.Б) ва ба фурӯши матоъҳои гуногун машғул буд, ӯ ҳамчунин аз ғайбати дигарон дар ҳазар буд ва лаб ба ғайбати дигарон намегушуд ва ғайбат ҳаром аст, мегуфт ва касеро ҷуз ба хайру хубӣ ёд намекард».
Ҳорун Ар-Рашид, ки аз баёни хасоили Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) сахт дар тааммул фурӯ рафта буд, сар бардошт ва гуфт: «-Бешак, ки ин ахлоқ ахлоқи некону солеҳон аст».62-122-127.
Бояд гуфт, ки Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) на ин, ки валиюллоҳу муваҳҳид ва тақводору парҳезгор ва дорои вараъу аҳли футувват будаанду дар байни мардум машҳуру муқадои оламиён будаанд, яъне, ба сират, балки бо сурати зебо ва одоби либоспӯшиву озодагиаш низ гули маҷлису шамъи маҳфил будаанд ва ҳар гоҳ ба масҷид медаромадаанд, ҳамоно бӯи мушку анбар ва атрҳои хушбӯй атрофро муаттар мекард, ки мекард. Ҳаммод, фарзанди Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мегӯяд: «-Падарам зоҳире ороста дошт ва атру хушбӯиҳои фаровон истифода мебурд, то бадон ҷо, ки бо бӯи хуши хеш шинохта мешуд, қабл аз он, ки дида шавад».
Ва Абӯюсуф (р) мегӯяд: «-Имом Абӯҳанифа (р) ҳамеша банди кафши худро ороста нигоҳ медошт, то бадон ҷо, ки касе ӯро бо банди кафши пора ва фарсуда надидааст».
Ва нақли саҳеҳ аст, ки гуфтаанд: «-Имом Абӯҳанифа (р) кулоҳе баланду сиёҳ мепӯшид».
Назр (р) мегӯяд: «-Рӯзе дар ҳоле, ки Имом Абӯҳанифа (р) иродаи савор шудан бар маркаби хешро дошт, ба ман гуфт: – Абоятро ба ман бидеҳ ва абоямро бигир. Чунон кардам, ки хоста буд. Пас чун бозгашт бароям гуфт: «-Маро бо дуруштии абоят хиҷил сохтӣ! Ин дар ҳоле аст, ки қимати абоям панҷ динор буд, ки пули каме нест. Сипас бар тани вай абое дидам, ки қимати онро сӣ динор баробар кардам ва қимати пироҳану радои вай чаҳорсад дирҳам буд».
Ва нақли дигар аст, ки: «Имом Абӯҳанифа (р)-он марди порсо, чандин пӯстину абои фохир дошт, ба чандин хелу гуна, ки аз пӯсти санҷоб ва пӯстҳои гаронқимати дигар ҳайвонот сохтаву дӯхта шуда буд, ва радое дошт бисёр, зебо ва дурнамо ва ҳафт кулоҳ дошт, ки яке аз онҳо сиёҳ буд». 62-130.
Бале, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ҳам ба сират ва ҳам ба сурат зебо ва ороставу пироста будаанд. Эшон, ки ба гуфти Ҳазрати Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ – «Чун дагарон Қуръон-ро доми тазвир накардаанд» (мисли баъзе «муллоҳо»-ву «ҳазратҳо» ва «фуқаҳои доно»-и имрӯзи олами Ислом, ки бо ном қории «Қуръон»-анду, аз мантиқу аҳкоми оёт бехабар ва бо ном ҳофизони аҳодисанду аз маъонии қудсии онҳо бехабар, ки аксарият, маҳалгароёнанду аҳли ҷоҳу ҷалол ва тӯдаҳои мутафарриқанду «бузургон»-и ба якдигар бе меҳр, мутакаббир ва бо як ҷуръа шароби илм маст, мисли халафиҳо ва басо-басо «арабидон»-у «доно») Имоми барҳақ буданду ҳастанд ва давлати Худодод доштанд, ки ба сабаби меҳнати пурмашаққати худашон, ба даст оварда будаанд, ки ҳаштод фиссади он, дар роҳи Худо сарф мешуд…
Ва осори манқул аз аима (имомҳо) раҳматуллоҳ ва осору ривоёти манқули бузургони дин ва шогирдони Имоми Аъзам (р) дар сифот ва хасойили неки эшон (р) бисёр аст, ки дар ин мухтасар намеғунҷад ва ончи гуфтем ва дарҷ кардем, барои қаноат варзидани ашхоси мунсаф (одилу бо инсоф, ки аз рӯи инсоф амал кардан)-и ҳақшинос, ки ҳақи аҳли ҳақро мешиносанд кофӣ аст ва аз ин ҷиҳат Ҳофиз Абӯумар Юсуф ибни Абдулбарр (р) мегӯяд: «-Аҳли фиқҳ ба касоне, ки ба Имом (Абӯҳанифа раҳматуллоҳ) таън ворид кардаанд, илтифоте намекунанд ва чизе аз уюберо, ки бидъатиён, зиндиқиён, хориҷиён, мурҷиъиён ва халафиёну мутаассибон (ва баъзе имрӯзиёни садмазҳаб, яъне халафиёни ғарбитинат ва ғарбиғулом) ба Имом (Абӯҳанифа раҳлатуллоҳ) нисбат додаанд, тасдиқ наменамоянд». 62-73.
БОЗНАШР АЗ СОМОНАИ https://komron.info/cr/imomon-va-buzurgon/
Шодиев М. - шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ