Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба дин ва рӯзадорӣ дар Тоҷикистон

Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатӣ нисбат ба дин таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа муносибати давлат ва ҷомеа нисбат ба дин қатъиян тағйир ёфт ва дин дар ҷомеа ҷузъи муҳимтарини фарҳанг эътироф гардид.
Роҳбари давлат барои таҳсилоти динӣ ва фаъолияти қонунии ташкилотҳои динӣ дар Тоҷикистон шароитҳои мусоидро фароҳам сохта, пеши роҳи паҳншавии ҳаракату равияҳои динии ифротиро гирифтанд ва дар Паёми худ ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад». Бо вуҷуди муваффақиятҳо дар самти муносибатҳои осоишта миёни дин ва сиёсат, дунявият ва дин, озодии виҷдон ва эҳёи арзишҳои динӣ дар Тоҷикистон душманони ғоявӣ аз хориҷ бо василаҳои гуногун, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои шиддат бахшидан ба низоъҳои динию ақидавӣ, ангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ва паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ талош менамоянд. Ҳоло аксарияти эътиқодмандони динӣ ба арзишҳои дунявӣ дилбастагии зиёд доранд, худро зоҳиран диндор меҳисобанд, барои ба даст овардани эҳтироми атрофиён намоишкорона ибодату ҳаҷ ва дигар маросими диниро ба анҷом мерасонанд.
Далели ин гуфтаҳо аз тарафи баъзе афроди ба ном “боимон” ва “тоҷирони мусалмон” боло бардоштани нархи молу маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон, Идҳои Рамазон ва Қурбон мебошад. Дар алоқамандӣ ба таҳлилҳои анҷомшуда кормандони кафедраи сотсиология дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар мавзуи “Омӯзиши масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар панҷ минтақаи интихобшуда (ш. Душанбе, НТҶ, вилояти Хатлон, ВМКБ ва вилояти Суғд) бо 1100 нафар шаҳрвандони аз 18 сола болои Тоҷикистон тадқиқоти сотсиологӣ гузарониданд. Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ 81,6%-и мусоҳибон доимо рӯза мегирифтанд, аз даҳ як ҳисса (9,8%) то охир рӯза гирифта наметавонистаанд, 4,6%-и дигар тамоман рӯза намегирифтаанд ва 4,0%-и онҳо аз ҷавоб ба ин савол даст кашидаанд. Муносибати мусоҳибон нисбати шахсоне, ки рӯза намегиранд, мухталиф мебошад. Ба ақидаи 49,4%-и мусоҳибон ҳар як шахс дар гирифтани рӯза озод аст, 44,4%-и дигар қайд намуданд, ки ба ин масъала аҳамият намедиҳанд. Ҳамзамон 17,4%-и мусоҳибон имони нафаронеро, ки рӯза намегиранд, заиф ҳисобидаанд ва 4,5%-и мусоҳибон нисбати чунин нафарон нафрат доштаанд. Инчунин, 0,7%-и пурсишшавандагон нафаронеро, ки дар моҳи Рамазон рӯза намегиранд, кофир номидаанд.
Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ аз даҳ як ҳиссаи мусоҳибон (10,1%) қайд кардаанд, ки ба хотири фарзу савоб будани рӯза ва кам шудани гуноҳашон дар ин моҳ ҳангоми беморӣ (занону мардон) ва ҳомиладорӣ (занон) низ рӯза мегирифтаанд. Ҳамзамон 47,4%-и мусоҳибон иброз доштаанд, ки ҳар як шахс дар намозгузорӣ озод аст ва тахминан ҳамин шумораи пурсишшавандагон ба намоз хондан ё нахондани дигарон аҳамият намедодаанд. Аз чор як ҳиссаи мусоҳибон – 23,5% имони бенамозонро заиф ҳисобидаанд, 4,2% нисбати бенамозон нафрат доштаанд ва 0,8% чунин ашхосро кофир номидаанд. Мусоҳибон сабабҳои асосии болоравии нархҳои молу маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазонро ба беинсофии савдогарон (60,5%), зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба молу маҳсулот (45,9%) ва беқурбшавии пулӣ сомонӣ (18,7%) марбут донистаанд. Ба ақидаи мусоҳибон барои гирифтани пеши роҳи болоравии нархи молу маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон бояд молу маҳсулот аз хориҷӣ кишвар зиёдтар ворид карда шаванд (46,2%), дар ин давра нархи молу маҳсулот аз тарафи мақомоти давлатӣ зери танзими ҷиддӣ қарор гирад (40,8%), рӯҳониёни маъруф дар ин мавзуъ бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва маъвизаҳо намоянд (17,5%) ва ғайра. Мувофиқи таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ барои ҳалли масъалаҳои ба дин алоқаманд татбиқи чунин пешниҳоду тавсияҳо мусоидат менамоянд:  ташкили шароитҳои зарурӣ барои рушди низоми таҳсилоти динӣ;  андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои динӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани аҳкоми аслии дини ислом;  дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳаммулгароӣ тарбия намудани наврасону ҷавонони Тоҷикистон;  дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолона иштирок намудани рӯҳониёни маъруфи динии Тоҷикистон;  танзими нархи маводи озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои динӣ (иди Рамазон ва Қурбон) ва тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳии рӯҳониёни маъруфи исломӣ дар ин давра;  баланд бардоштани сатҳи тафаккури илмии ҷавонон ва мубориза ба муқобилӣ ифротгароию хурофотпарастӣ ва ғайраҳо.
Шоисматуллоев Ш. – Узви вобастаи АМИТ, д.и.с., профессори кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Миров Ф.С. – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Бознашр аз саҳифаи Мировой Ф.С.
Таҳиякунандаи мавод:
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 

Яндекс.Метрика