Садақаи фитр намоде аз ҳамбастагию дастгириҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон аст

Садақаи фитр закоти шахсиятҳое мебошад, ки афроди муъмин баъд аз поёнёфтани моҳи шарифи рамазон барои комил сохтани норасоиҳо ва кӯтоҳиҳои рӯзадор дар аснои рӯзаи ин моҳ ва ҳамчунин барои ёрӣ ва кӯмаки мустамандон муҳтоҷону бенавоён дар рӯзи ид онро пардохт менамояд.

Бояд қайд намуд, ки садақаи фитр як барномаи дастгириҳоӣ иҷтимоӣ дар Ислом мебошад, ки ба сурати барҷаста ва бо шукӯҳи хосе дар рӯзи иди рамазон амалӣ мегардад. Дар он рӯз мусулмонон бори дигар дар хотимаи моҳи рамазон бо эътиқоду боварӣ ва меҳру муҳаббат ба арзишҳои дини Ислом, сатҳи баланди худзозӣ, маърифати динӣ ва таасуроти инсонии худро дар зарфи як моҳи рӯза ва ҳамин тавр намунае аз ҳамбастагию дастгириҳои иҷтимоии хешро ба намоиш мегузоранд ва ба ниёзмандони ҷомеа бо номи садақаи Фитр дасти меҳрубонӣ дароз мекунанд.

Ибни Аббос (р) мефармояд: “Расули Худо (с) садақаи фитрро барои пок гардидани рӯзадор аз беҳудагӣ ва бадсуханӣ ва ҳамчунин барои фароҳам гардидани ғизои муносибе барои ниёзмандон фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намози Иди фитр адо намояд, он закоти пазируфташуда аст ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақае аз садақот бошад”.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.

Яндекс.Метрика