Эй маҳи хоси Худо, моҳи сафо,
Моҳи меҳру шафқату лутфи Худо.
Рӯзу шаб пайваста дорем илтиҷо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Меравад моҳи шариф аз ҷамъи мо,
Мешавад моҳи сахо аз мо ҷудо,
Тоқати ҳиҷраш надорем, ай Худо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Моҳи файзу моҳи эҳсону сахо,
Моҳи раҳмат моҳи авфи ҳар хато.
Аз самими қалб месозем дуъо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Мардумон оянд бо ҳам рӯзу шаб,
Пок то гарданд аз қаҳру ғазаб.
З- ин сабаб пайдо шавад ашки тараб,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Оқилон аз сидқ эҳсон мекунанд,
Дастгирии ятимон мекунанд.
Ёрие бар бенавоён мекунанд,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Нафси оламсӯзи мо ором шуд,
Пухтатар моро раҳи фарҷом шуд,
Сулҳу ваҳдат парчами айём шуд,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Эй Худованди карими босахо,
Меҳру шавқатро ба сӯйи мо кушо.
Лаҳзае бингар ба маҳфилҳои мо,
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Алвидоъ гӯем то соли дигар,
Моҳи хайру моҳи раҳмат хайр хайр.
Хонда ин шеъри Раҷаб шому саҳар.
Ашкрезон дидагирёнем мо,
Алвидову алвидову алвидоъ.
Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ