Рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон муборак бошад!

10 – уми апрели соли 1930 нахустин бор садои радио бо ибораи «Диққат, диққат, диққат, ин ҷо Сталинобод» аз собиқ Хонаи деҳқон – макони имрӯзаи театри ба номи Маяковский дар фазои пойтахти Тоҷикистони ҷавон танин андохт.

Рӯзҳои 10 – 11 – уми апрел гуфторҳо бо пахши радиогазета ва нашри ахбор (то панҷ дақиқа) анҷом меёфтанд. Шурӯъ аз 12 – уми апрел гуфторҳои радиолексия,машқи тарбияи бадан ва барномаҳои мусиқӣ муҳтавои ҷадвали пахшро пур месохтанд. Барномаҳо аз 12 – уми апрел аз соати 7:00 то 19:00 пахш мешуданд.

Ҳамин тариқ, 13 – уми январи соли 1932 бо қарори Кумитаи Марказии Иҷроия ва Совети Комиссарони Халқи ҶШС Тоҷикистон Кумитаи радиои Тоҷикистон ташкил гардид, ки он расман 1 – уми феврали соли 1932 ба кори худ шурӯъ кард.

Радиои Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба ҳаёти мардум ворид шуд. Дар шаҳру деҳот нуқтаҳои радио афзуда, шаҳрвандон аз тариқи он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабӣ ошно мегардиданд.

Имрӯз Радиои Тоҷикистон ба як расонаи муқтадири миллӣ табдил ёфта, ҳамчун яке аз зерсохторҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 93-юмин солгарди таъсисёбии Радиои Тоҷикистонро ба тамоми кормандони ин даргоҳ ва дигар радиоҳои мамлакат табрику таҳният мегӯяд.

Масъули сомона: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика