Китобҳои “Зоҳиру-р-ривоят” дар фиқҳи Абӯҳанифа (р) ва ёронаш аслу марҷаъ мебошанд. Масоили ин китобҳо асоси мазҳаб ба ҳисоб рафта, дар сурати мухолифати он эътиборе надоранд, магар дар чанд масъала. Аз ин рӯ, инояти уламо аз қадим ба онҳо вуҷуд дошта, онро шарҳ дода, масъалаҳои онро тахриҷ ва бар усули он масоили фаръиро истинбот карданд. Бинобар ин, онро дар як маҷмуъа гирд оварданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар гурӯҳи китобҳои зоҳири ривояти, ин китобҳо дохиланд; “ал-Мабсут”, “аз-Зиёдот”, “ал-Ҷомеъ ал-кабир”, “ас-Сияр ал-кабир”, “ал-Ҷомеъ ас-сағир”, ки ин китобҳоро усул низ меноманд. Ин китобҳоро аз он сабаб зоҳири ривоёт меноманд, ки онҳо аз Муҳамад бо таври мӯътамаду боварибахш аз ҷониби ровиёне, ки дар ривояти онҳо нобоварӣ нест, нақл шудаанд. Аз ин ҷиҳат ривоятҳои мазкур аз Муҳаммад, мутавотир ва машҳур мебошанд. Боз ба ин қисм аз ғайри китобҳои зоҳири ривоят, мисли китоби “Осор”, ки дар он ҳадисҳое, ки ҳанафиҳо ба он ҳуҷҷат меоваранд, ҷамъ овардааст ва “ар-Радд ало аҳл ал- Мадина”-ро Имом Шофеӣ дар китоби машҳураш “ал-Ум” аз Имом Муҳаммад ривоят карда, онро ҷавоб гардонда дар бисёр мавзеъҳо барои аҳли Мадина ҷонибдорӣ ва бо адолатона нишон додааст.
Дар аввалҳои асри чаҳоруми ҳиҷрӣ Абулфазл Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Марвазӣ машҳур ба Ҳокими Шаҳид, китоберо бо номи “Кофӣ” таълиф намуда, он чи ки дар он шаш китоби Имом Муҳаммад омадааст, ҷамъоварӣ ва масоили такрории онро ҳазф (ихтисор) намудааст.
Шамсулаимаи Сарахсӣ дар китоби худ бо номи “Мабсут”, “Кофӣ”- ро шарҳ додааст. Ӯ дар баёни усули масоил далилҳо ва роҳҳои қиёс дар он ба тафсил маълумот додааст. Ин китоб дар ҳамаи он чи ки бар он муштамил аст, ҳуҷҷат мебошад. Тарсусӣ дар тавсифи ин китоб мефармояд, ки “Мабсут”-и Сарахсӣ китобест, ки ба он чи хилофи он аст, амал кардан нашояд ва бар ғайри он майл кардан нашояд ва ҷуз он ба чизе эътимод нашояд.
Сарахсӣ ҳамчунин дар муқаддимаи ин китоб мефармояд: “Чун дидам, ки толибилмон бо сабабҳое аз омӯхтани фиқҳ рӯй мегардонанд, мисли камҳиматӣ, иктифо кардан аз миёни масоили фаровон танҳо ба умури ихтилофӣ, даст кашидани устодон аз насиҳати шогирдон, таълим додани масоиле, ки дар он фиқҳ дида намешавад ва суханпардозиҳои баъзе аз аҳли калом дар шарҳи маъонии фиқҳ аз назарияҳои фалсафӣ. Дар натиҷа муносиб донистам, то “Шарҳи мухтасар”-ро таълиф намуда, сухани санҷидаю муассир баён карда, дар ҳар боб ба он чи ки мавриди эътимод аст, иктифо намоям. Илова бар ин, суолоти баъзе дӯстони хосамро, ки замони дар зиндон буданам пурсидаанд бо ин амал кулфати зиндонро каме аз ман дур сохта буданд, дар ин китоб изофа намудам” .
Дебочаи китоб равшану возеҳ, ибороташ ширин ва баёнаш фасиҳ буда, дар он печидагӣ дида намешавад, агарчи дар масоил тааммуқ дорад. Аз қиёсҳои нозук дурӣ ҷӯста, ибороташ гӯёву возеҳ аст.
Исоев Н. - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ