Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ

Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқиест, ки дар пайравӣ ба "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус ба қалам омада, то ҳол дар адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ нашудааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургони Шарқ буда, намунаи насри зебои асри XV низ ҳаст.

Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Ахлоқи муҳсинӣ"-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст. Китоби мазкур соли 830/1427 иншо шуда аз бист фасл иборат мебошад.

Асар аз ҷониби кормандони МД "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ" омода гардида соли 2018 чоп шудааст.

Умед бар он аст, ки китоби мазкур писанди хотири хонандагон гашта, барои тарбияи насли ҷавони миллат саҳме мегузорад.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Аз саҳифаи Саидҷон

Яндекс.Метрика