Рӯзгоре барои ибрат...

Шодиев Мирзохӯҷа номзади илми филология, 18 феврали соли 1955, дар ноҳияи Сангвор, ҷамоати Гурхам, деҳаи Лоҷирк таваллуд шудааст.

Таҳсилот:

-Мактаби №25, н.Қумсангир (1961-1971);

-Университети Давлатии Тоҷикистон (УДТ) ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1973-1979). 

-Аспирантураи кафедраи филологияи араби факултети Забонҳои Шарқи УДТ ба номи В.И.Ленин (1984-1987). 

Фаъолияти корӣ: 

-Лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ: Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон (1979-1984; 1987-1993). 

-Ходими илмии калони Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АФТоҷикистон (1993-1995). 

-Дар солҳои гуногун дар хориҷи кишвар ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ адои вазифа кардааст: 1977-1978-Ироқ; 1982-1984-Либия; 1995-2001-Сурия.-Мудири шуъба, ёвари вазир, сардори раёсат - Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2001-2008). 

-Мушовири Маркази омўзиш ва иттилоот барои муҳоҷирони меҳнатии СБМ, (2008-2009). 

-Муаллими калон, дотсенти кафедраи филологияи араби факултети Забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз соли 2009).

-Сармутахассиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ (аз соли 2018).

-дотсенти кафедраи “Забоншиносӣ”-и Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ба номи М.В.Ломоносов (аз соли 2020).

Номи китобҳои чопшуда:

1.Краткий арабо - русский словарь. -Алеппо, 2000. 150 с.

2.Шодиев М. Луғати соҳавии тоҷикӣ-русӣ. (Соҳаи меҳнат ва шуғли  аҳолӣ). Д., 2007. 85 с. 

3.Мансур ал-Халладж-поэт суфий. - Душанбе: «Матбуот», 2012. -208 с.

4.Адабиёти муосири араб. Душанбе, 2015. 410 с.

5.Матнҳои арабӣ барои хониш. Душанбе, 2015. 124 с.

6.Таърихи адабиёти муосири араб. Душанбе, 2019. 415 с.

7.Вожагон ва ибораҳои роиҷ дар забон (тоҷикӣ, русӣ, арабӣ)Душанбе, 2021. 85 с.

Номи мақолаҳои илмӣ:

1.Соотношенте макро и микрокосма в поэзии Мансура ал-Халладжа. Тезисы республиканской научно-практической конференции молодых ученных и специалистов. -Душанбе, 1985.

2.Нусхати хаттии девони форсии Мансури Ҳаллоҷ.  Материалы республиканской научно-практической конференции молодых ученных и специалистов Тадж.ССР, посвящ. 70-летию ВОСР. -Душанбе, 1987.

3.О сущности главного изречения Мансура ал-Халладжа «Ана ал-Хак». История философи и современность. -Душанбе, «Дониш», 1988.

4.О подлинности авторства персидского дивана Мансура ал-Халладжа. Сборник трудов молодых ученных и спеиалистов. –Душанбе, 1989. 

5.Мансури Ҳаллоҷ. Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.2. -Душанбе, 1989.

6.Шахсияти Мансури Ҳаллоҷ дар адабиёти тасаввуфии форс-тоҷик.Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон (Бахши илмҳои гуманитарӣ). –  Душанбе, 1990.

7.Проблема веры и веротерпимости в творчестве Мансура ал-Халладжа. Маҷаллаи Паёми Донишгоҳ. –ДДТ, Душанбе, 1995. -№2.

8.Як паҳлўи вижаи романи «Вахш» Садои Шарқ. -Душанбе, 2012, №5.

9.Низоъ ва таҳаммулпазирӣ дар раванди тамаддунҳо.  Ҳикмати таҳаммул (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ). –Душанбе: Ирфон», 2014.

10.Рўзбеҳони Бақлии Шерозӣ - рўзгор ва осор. Масоили мубрами филологияи араб (маҷмўаи мақолаҳо). ДМТ ФЗОА КФА, -Душанбе, 20017.

11.Тасвири Наврўз ва Меҳргон дар ашъори Буҳтурӣ. ДЗМТ. - Душанбе: «Эр-граф», 2017

12.Восприятие угрозы исламского радикализма в Таджикистане: взгляды извне и изнутри. Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ «Мақомот ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». -Душанбе: «ЭР-граф», 2017.

13.Назаре ба рўзгор ва осори Рўзбеҳони Бақлии Шерозӣ (1128м.-1209м.). Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», 2017, - № 4/5.

14.Ташаккул ва таҳаввули вожаи «шатҳ» (« شَطْحٌ ») ва муштақоти он дар адабиёти ирфонии форсу тоҷик ва араб. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», 2017, - № 4/7.

15.Мансури Ҳаллоҷ. Маҷалаи «Дин ва ҷомеа». Душанбе, 2017, -№ 6.

16.Тамоюлот ва омилҳои ифротгароӣ ва тундгароии ҷавонон дар шароити рушди технологияи иттилоотию компютерӣ ва роҳҳои пешгирии таблиғи он дар фазои иттилоотӣ. Маҷмўаи мақолот «Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиқлолиии Тоҷикистон», -Душанбе, 2017.

17.Иникоси фарҳанг ва тамаддуни эронӣ дар шеъри Миҳёри Дайламӣ. Масоили мубрами филологияи араб. Маҷмўаи мақолаҳо. –Душанбе: «Аржанг», 2018.

18.Ҳадафҳои сиёсӣ-иҷтимоии ҳизбу ҳаракатҳои исломии муосир. Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ «Мақомот ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». -Душанбе: «ЭР-граф», 2018.

19.Масъалаи талоқ ва мушкилоти он дар адёни ҷаҳонӣ. Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, 2018. -№5.

20.Шеъри нав дар адабиёти араб: заминаҳои пайдоиш ва вижагиҳои он.  Маводи конференсияи илмию амалиӣ дар мавзўи «Забоншиносии Шарқ ва Ғарб» (ш.Душанбе 15-уми ноябри соли 2019).  -Душанбе, 2019.

21.Таълими забони арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи аввалини арабшиносони Осиё. Арабистони Саудӣ, Ар-Риёз, 2019.

22.Таҷассуми тамаддун ва фарҳанги мардуми эроннажод дар шеъри Миҳёри Дайламӣ. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», - 2019, -№4. 

23.Тасаввуфи муосир ва равияҳои он дар Тоҷикистон. Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ «Мақомот ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». -Душанбе «ЭР-граф», 2019. 

24.Анвои насри ирфонӣ ва вежагиҳои он (дар мисоли аҳди аббосӣ). Маводи конференсия, ҷ2, -Душанбе, 2019.

25.Нуктае чанд дар ҳошияи китоби «Билоди Мовароуннаҳр» аз силсилаи китобҳои «Футуҳ ал-билод ал-ислмия»-и Маҳмуд Шийт Хаттоб. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – «Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷума», - 2019, -№8.

26.Назаре ба заминаҳои пайдоиши шеъри нав (шиър ал-ҳурр) дар адабиёти муосири араб. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.Бахши илмҳои филологӣ. 2020, №3.

У яке аз донишманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки пайваста дар тарғиби мафкураи солим миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо ва баромадҳо мекунад. 

Мавсуф ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаи илмӣ дар коркард ва татбиқи нақшаҳои кории шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ фаъолона ширкат намуда, дар тарбияи муҳаққиқону кормандони ҷавони Маркази исломшиносӣ ва сайқал додани таҷрибаву малакаи илмию касбии онҳо мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Шодиев Мирзохӯҷа дар байни ҳамкорон ҳамчун инсони нексиришту покманиш, мутахассиси донишманду масъулиятшинос ва поквиҷдону ростқавл соҳиби обрӯ ва эҳтироми шоиста мебошад.

Аҳли эҷоди сомонаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарият ва кулли кормандони Марказ ҷашни зодрӯзи Шодиев Мирзохӯҷаро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама барори кору саодати рӯзгор, тансиҳатӣ, сарбаландӣ, дастовардҳои беназир ва беҳатрин хушиҳои зиндагиро орзу менамояд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика