ҲАМДАРДИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ

РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН бо андӯҳи гарон хабари рух додани офати табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки боиси талафоти ҷонӣ, маҷрӯҳ гардидани сокинон ва хисороти зиёди молӣ гардидааст,  дарёфта,  дар ин лаҳзаҳои мураккабу риққатбор, ки бар сари сокинони азизи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ омадааст, ҳамдардии амиқи худро ба мардуми шарифи ин гӯшаи Ватани азизамон баён намуда, ба рӯҳу равони фавтидагон оромиши охират ва ба  наздикону пайвандони онҳо сабри ҷамилу офияти зиндагониро хоҳон аст. 

 

Инчунин, ба маҷруҳоне, ки бар асари ин офати табиӣ зарари ҷисмонӣ дидаанд, шифои комилу оҷилро орзуманд аст.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика