Китобҳои Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаҳои муътамади фиқҳи ҳанафӣ

Китобҳои Муҳаммад дар фиқҳи Абӯҳанифа (р) ба ҳайси марҷаъи аввал шинохта шудааст. Хоҳ ба ривояту муроҷиат аз Абӯюсуф ва хоҳ аз масоили маъруф аз фиқҳи аҳли Ироқ бошад. Аммо гуфтан бамаврид аст, ки ҳамаи китобҳои ӯ аз нигоҳи эътимод дар як дараҷа нестанд. Балки уламо аз нигоҳи дараҷабандӣ китобҳои ӯро ба ду қисм ҷудо намудаанд:

Аввал:

Китобҳои зоҳири ривоят, монанди; “Мабсут”, “Зиёдот”, “ал-Ҷомеъ ал-кабир”, “Сияри кабир”, ва “ал-Ҷомеъ ас-сағир” мебошад, ки ин китобҳоро усул низ меноманд. Ин китобҳоро аз он сабаб зоҳири ривоят меноманд, ки онҳо аз Муҳаммад бо таври мувассақ ва мӯътамад аз тарафи ровиёне, ки дар ривояти онҳо шак нест, ривоят шудаанд. Аз ин нигоҳ ривоятҳои мазкур аз Муҳаммад собит, мутавотир ва машҳур мебошанд. Ба ин қисм аз ғайри китобҳои зоҳири ривоят, мисли китоби “Осор”, ки дар он ҳадисҳое, ки ҳанафиҳо ба он ҳуҷҷат меоваранд, ҷамъ овардааст ва “ар- Радд ало ал- Мадина” мулҳақ мешаванд. Китоби “ар-Радду ало аҳл ал- Мадина”-ро Имом Шофиъӣ дар китоби машҳураш “ал- Ум” аз Имом Муҳаммад ривоят карда, онро ҷавоб гардонда дар бисёр мавзеъҳо барои аҳли Мадина тарафдорӣ ва инсоф нишон додааст.

Дуюм:

Китобҳои мансуб ба Муҳаммад, ки эътимод ба онҳо ба андозаи эътимод ба китобҳои қисми аввал намебошад. Мисли ”Кайсониёт”, “Ҳоруниёт”, “Ҷурҷониёт”, “Руққиёт” ва “Зиёдот аз-зиёдот”, ки ин китобҳоро ғайри зоҳири ривоят гӯянд. Зеро онҳо аз Муҳаммад ба таври зоҳиру собит мисли китобҳои қисми аввал, ривоят нашудаанд.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                    Исоев Н.

 

 

 

 

Яндекс.Метрика