НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Қисми сеюм.

Ватандӯстии муътадил. Ин навъи ватандӯстӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии паҳншавии ватандӯстии қотеъ ва бартараф кардани омилҳову ангезаҳои дурӣ ва бегона шудани шахс аз Ватан ва ҷомеа пайдо шудааст. Омӯзиши ин роҳҳо баъзе файласуфонро ба ақидаи мавқеъи миёна ва мӯътадили ватандӯстӣ водор сохт, ки он аз як тараф меҳру муҳаббати ватандӯстро ба арзишҳои умумибашарӣ ва тамоми башарият, аз тарафи дигар, ғамхории махсуси ӯ дар ҳаққи Ватан ва ҳамватанонашро таҷассум месозад.

Олими америкоӣ М. Барон, яке аз тарафдорони чунин мавқеи муътадил аст, ки ватандӯстиро бо ахлоқи либералӣ пайвастааст, иддао мекунад, ки ихтилофи байни беғаразӣ ва ғаразнокӣ он қадар амиқ нест, ки ба назар менамояд. Ҳарду намуд бо ахлоқ хос мебошанд, зеро ҳар яки онҳо ба сатҳҳои гуногуни муҳокимаи ахлоқӣ ишора мекунанд. Агар беғаразии ватандӯст аксар вақт бо назардошти ӯҳдадориҳои мушаххаси ӯ дар назди кишвар ва ҳамватанонаш асоснок мешуда бошад, пас беғаразии ӯ хоҳиши фарқ кардани доираи дуруст ва муайян кардани дараҷаи мувофиқати ин меҳру муҳаббати ватандӯстона ба арзишҳои маънавии инсоният ва ахлоқи умумибашариро ифода мекунад. Аз ин нуктаи назар, масалан, метавон ба чунин хулоса омад, ки «барои амрикоӣ ҷоиз аст, ки дар хусуси баъзе масъалаҳо ва дар баъзе мавридҳо ҳамчун амрикоӣ қазовату андеша кунад ва манфиати Амрикоро дар мадди аввал гузорад».

Дар чунин ҳолат аз дидгоҳи беғаразонаи умумибашарӣ андешаҳо ва амалҳои ғайри объективӣ ва хосро метавон дуруст ва қонунӣ дарк ва қабул кард. Ин чунин маъно дорад, ки кубагӣ ҳам метавонад дар баъзе мавридҳо ва масъалаҳо ба ҳам монанд мисли як амрикоӣ доварӣ карда, манфиатҳои Кубаро дар мадди аввал гузорад. Воқеан, ин ки як ватандӯст дар бораи ӯҳдадориҳои хоси худ дар назди Ватан ва ҳамватанонаш чӣ фикр мекунад, ин ки ҳар як шахс ба оила, дӯстон ё ҷомеаи маҳаллии худ афзалият медиҳад - ин гуна ғаразнокиҳо дар ҳақиқат на танҳо барои ман ва ҷомеаи ман аст, балки барои хамаи одамон ва ҷомеаҳои дигар низ қонунӣ ва арзишманданд. Дар ин ҷо тафовут ва зиддияти ошкори байни навъҳои қотеъ ва муътадили ватандӯстӣ ба чашм мерасад. Ба ақидаи Макинтайр, меҳру муҳаббати ватандӯстӣ танҳо дар сатҳи хусусии муҳокимаи ғаразноки ахлоқӣ эътибор дорад ва дар зинаи дигар баландтар, яъне дар заминаи муҳокимаи беғаразонаи ахлоқӣ аз мавқеи умумибашарӣ вазн ва мазмуни худро гум мекунад. Аммо барои Барон ин навъи ватандӯстие, ки Макинтайр пешниҳод кардааст, ғайримантиқӣ ва аз ҷиҳати ахлоқӣ хатарнок аст. Барон инчунин дарки оммавии ватандӯстиро, ки он ба қудрату манфиати мамлакат, сарфи назар аз он ки кадом ҳукумат дар сари хокимият аст, тамаркуз мекунад, инчунин проблеманок мешуморад. Мутафаккир нигаронӣ аз бартарии фарҳангиву ахлоқии кишварро таъкид мекунад ва бар ин назар аст, ки чунин ватандӯстӣ барои муносибати интиқодӣ ва ҳатто радикалӣ ба кишвар ҷой мегузорад ва боиси ихтилофу низоъ дар арсаи байналмилалӣ нахоҳад шуд.

Тарафдори дигари ватандӯстии мӯътадил С. Натансон низ интихоби байни ватандӯстии қатъии Макинтайр ва космополитизмро рад мекунад ва бар ин назар аст, ки принсипи беғаразӣ аз ахлоқ тақозо мекунад, ки барои татбиқҳои мушаххас ва ӯҳдадориҳои махсус тавассути фарқ кардани сатҳҳои гуногуни тафаккури ахлоқӣ иҷозат диҳад. Натансон барои исботи андешаи худ Даҳ Аҳкомро аз Аҳди Қадим мисол меорад, ки онро сарчашмаи асосии ахлоқи ғарбӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, таълифи ин аҳком бештар хусусияти умумибашарӣ, беғаразона дорад, вале дар айни замон онҳо аз ҳар як насронӣ муносибати махсус ва эҳтиромонаро нисбат ба волидони худ талаб мекунанд: «падару модари худро иззат намо».

Ватандӯстии мӯътадил ба ватандӯст фармон намедиҳад, ки дар ҳар ҳолат ва бо ҳар роҳу восита манфиатҳои кишварашро пеш барад. Он арзишҳои маънавию ахлоқии умумибашариро эътироф мекунад, ба майлу хоҳиши шахс ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои инфиродӣ ва коллективӣ маҳдудият ҷорӣ мекунад. Масалан, вай метавонад аз як ватандӯст талаб кунад, ки танҳо дар вақти муноқишаҳои мусаллаҳонаи байнидавлатӣ, барои муҳофизати ватани худ мубориза барад. Аммо дар сурати набудани таҷовузи беруна ин талабот аз байн меравад. Ҳамин тавр, ҳарчанд фарди ватандӯсти мӯътадил нисбат ба кишвару ҳамватанонаш ғамхории хоса дорад, аммо ин монеи ғамхории ӯ нисбат ба дигар кишварҳо ва сокинони онҳо намегардад. Гузашта аз ин, ин гуна ватандӯстӣ имкон медиҳад, ки дар шароити муайян ғамхорӣ дар бораи одамон, умуман, ғамхорӣ дар бораи кишвар ва ҳамватанонро бекор кунад. Чунин ватандӯстӣ бар хилофи ватандӯстии шадид  (ифротӣ) ва қотеъ, ки умдатан меҳру муҳаббат ба кишвару халқи худро тарғиб мекунанд, бештар ба принсипҳои гуманизм мувофиқ аст.

Ватандӯстии ахлоқӣ. Дар осори муҳаққиқони ғарбӣ оид ба падидаи ватандӯстӣ ба таърифи ҷанбаҳои ахлоқии ин падидаи маънавӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд дода шудааст. Профессори Донишгоҳи Мелбурн Игор Приморатс ҳангоми тасниф кардани навъҳои ватандӯстӣ мафҳуми «ватандӯстии ахлоқӣ»-ро истифода мебарад, ки маънои он дилбастагӣ ва ғамхорӣ ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ, манфиатҳои миллат ва давлати миллӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ин навъи ватандӯстӣ аз навъҳои шадид (ифротӣ) ва қатъии ватандӯстӣ, ки таваҷҷуҳи барандагони худро ба арзишҳо ва манфиатҳои дунявӣ ё моддӣ равона мекунанд, фарқ мекунад. Баръакси инҳо, ватандӯсти ахлоқӣ пеш аз ҳама барои некӯаҳволии ахлоқию маънавӣ, ташаккули шахсияти ахлоқӣ ва якпорчагии кишвар ва ҷомеае, ки ба он мансуб аст, мубориза мебарад. Ба ин маънӣ мавқеи ватандӯстии ахлоқӣ бо мавқеъи ватандӯстии мӯътадил, ки дар осори М.Барон ва дигар муҳаққиқони Ғарб таблиғ шудааст, мувофиқат мекунад. Ҳам ватандӯсти мӯътадил ва ҳам ватандӯсти ахлоқӣ саъй мекунанд, ки дар кишвар талаботи ахлоқӣ риоя шавад, арзишҳои ахлоқӣ  чи дар дохили кишвар ва чи дар миқёси байналмилалӣ тарғиб гарданд. Онҳо саъю кӯшиш мекунанд, ки дар кишварашон як ҷомеаи одилонаю башардӯстона ба вуҷуд ояд ва шаҳрвандони кишвар берун аз марзҳои он одилона амал кунад ва ҳамраъйии умумии инсониро бо ниёзмандон, ҳатто агар дур ва ношинос бошанд ҳам, нишон диҳанд. Онҳо инчунин дар бораи комёбиҳои гузаштаи ахлоқию маънавии кишвар ва пайомадҳои онҳо дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа меандешанд. Онҳо лоиҳаҳоеро матраҳ ва дастгирию пешбарӣ мекунанд, ки бобҳои норавшани таърихи кишварро меомӯзанд, тавассути эътироф ва посухи дуруст ба хатогиҳои гузашта, ҷиҳати  ислоҳи онҳо ва дар оянда такрор нашудани онҳо тадбирҳои назарию амалӣ меандешанд ва тавсияҳо пешниҳод мекунанд.

Ватандӯсти ахлоқӣ мехоҳад адолат, эҳтироми ҳуқуқ ва ҳамбастагии инсониро на танҳо дар кишвари худ, балки дар тамоми ҷаҳон бубинад. Аммо ватандӯстии ӯ дар дар чунин ташвишу изтироб зоҳир мешавад, ки кишвараш он принсипҳо ва арзишҳои ахлоқиро роҳнамоӣ мекунад, ки аз нигаронии ӯ ҷиҳати дар маҷмӯъ амалӣ шудани ин принсипҳо ва арзишҳо пойдортар ва амиқтаранд. Ӯ чунин мешуморад, ки ахлоқи худи ӯ ҳам бо таҷрибаи ахлоқии ҳамватанонаш алоқаманд аст, чунон ки ҳувияти ӯ бо ватанаш алоқаманд аст.

Ба фарқ аз ватандӯстони ашаддӣ (ифротӣ) ва қотеъ, ватандӯсти ахлоқӣ аз хизматҳои дунявӣ ва дастовардҳои кишвари худ ифтихори аз ҳад зиёд (тафохур) намекунад. Аммо аз эҳёи ахлоқӣ ва ободии кишвар ифтихор карда метавонад. Ватандӯстии ӯ, пеш аз ҳама, дар муносибати интиқодӣ нисбат ба кишвару ҳамватанон ифода меёбад: вай дар воқеъ худро ватандӯст эҳсос карда, чунин мешуморад, ки барои кишвараш ва ҳамватанонашро зери назорати интиқодии ахлоқӣ қарор додан ҳақ дорад.

Ватандӯсти ахлоқӣ сабаб дорад, ки дар бораи беҳбудии ахлоқии ватани худ ғамхории махсус зоҳир намояд. Чун қоида, вақте ки касе хафа карда мешавад, ин барои каси дигаре фоидаовар аст. Вақте ки  давлат ба амалияи ноодилона ё ғайриинсонӣ даст мезанад, ё қонун ё сиёсати ноодилона ё ғайриинсониро қабул ва татбиқ мекунад, ҳадди ақалл як қисми шаҳрвандони он ва баъзан шумораи зиёди шаҳрвандони он аз он манфиат мегиранд.

Баъзан чунин амалия, қонунгузориҳо ё сиёсатҳо ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони берун аз кишвар таъсир мерасонад: дар чунин ҳолатҳо онҳо метавонанд ба тамоми аҳолӣ нафъ расонанд.

Масъулият барои беадолатӣ ё набудани ҳамбастагии оддии инсонӣ ҳам бар дӯши онҳое мебошад, ки қарор қабул мекунанд ва ҳам онҳое, ки қарорро иҷро мекунанд. Ин ба онҳое низ дахл дорад, ки ин гуна қарорҳо ва иҷрои онҳоро дастгирӣ мекунанд. Аммо дар ин маврид масъулияти муайянеро бар души шахсоне низ метавон гузошт, ки дар қабули қарор ё дар татбиқи онҳо иштирок намекунанд ва ҳатто онро дастгирӣ намекунанд, вале манфиатҳоеро, ки амалишавии чунин қарор ба вуҷуд меорад, мепазиранд.

Барои чунин қарору қонунҳо, амалияву сиёсатҳо инчунин онҳоеро низ метавон масъул донист, ки дар тарҳрезӣ ё татбиқи онҳо иштирок намекунанд, онҳоро дастгирӣ намекунанд ё истифода намебаранд, вале дар раванди амалисозии онҳо аз шаҳрвандони кишвар бо роҳҳои гуногун манфиат мегиранд. Агар касе ин гуна манфиатҳоро бо баҳонаи надоштани огоҳӣ дар бораи лоиҳаҳо, қонунҳо ва сиёсатҳои бадахлоқона қабул кунад, он кас низ метавонад дар ин гумроҳӣ шарик дониста шавад. Чунин шаҳрванди бепарво ва бемасъулият бо дарки манфиати робитаи худ бо «гунаҳкорон» ва ҷонибдорони ин гумроҳӣ, ӯро метавон шарики чунин қарору қонунҳо, сиёсату амалияҳои инҳирофии зиддииҷтимоӣ ва ғайриинсонӣ донист. Бо вуҷуди он ки шарикии ӯ ночиз аст ва гуноҳ ҳам ночиз аст, вале ӯ то ҳол як навъ масъулияти маънавӣ дорад ва дар ин маврид сазовори иттиҳоми ахлоқию маънавӣ аст. Вай софдилона гуфта наметавонад: «Ин беадолатиҳо ба ман дахл надоранд. Ман ба ҳеҷ ваҷҳ дар онҳо ширкат надорам».

Агар ин дуруст бошад, пас ҳар як шаҳрванд асос дорад, ки дар бораи ҳувияти ахлоқию маънавӣ ва якпорчагии кишвараш ғамхории хоса дошта, инро вазифаи маънавии худ донад. Ба гуфтаи Маурисио Вироли, эҳсоси шукргузорӣ маъмултарин омил ё ангезаи ботинии таҳрикдиҳанда ба иҷрои вазифаи ватандӯстӣ аст: «Мо дар назди кишвари худ ӯҳдадории маънавӣ дорем, зеро дар назди он қарздор ҳастем. Мо барои ҳаёт, барои таҳсил, забон, озодии худ аз кишварамон қарздорем. Агар хоҳем, ки ахлоқӣ бошем, бояд он чизеро, ки аз Ватан гирифтаем, қисман ҳам бошад, ба манфиати умум хизмат карда, ба Ватан баргардонем».

Илова бар ин, як қисми зиёди неъматҳои иҷтимоие, ки шахс дар ҷомеа ба даст меорад, воқеан ройгон нест ва пардохти муносибро талаб мекунад, яъне шахс бояд барои ин неъматҳо бо рафтори қонунии худ, пардохти саривақтии андозҳое, ки давлат муқаррар кардааст ва ғайра ҷавоб диҳад. Ин ҳолат ба ташаккули рӯҳияи ватандӯстии аъзои ҷомеа низ мусоидат мекунад.

Риояи принсипи адолати иҷтимоӣ низ омили муҳимест, ки ба ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа таъсири мусбат мерасонад. Ин ба ҳамкории оммавии табақаҳои васеи аҳолӣ, ки бо ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба сохтори давлатӣ дар таъмини некӯаҳволии ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии кишвар фаро гирифта шудаанд, мусоидат мекунад. Қонунҳо ва дигар меъёрҳои иҷтимоие, ки ҳамкориро ба танзим медароранд ва тақсими уҳдадориҳо ва имтиёзҳои иҷтимоиро дар байни аъзоёни ҷамъият муайян мекунанд, дар баробари дигар талаботҳо, зуҳуроти таваҷҷуҳ ва ғамхории махсусро ба некӯаҳволии ҳамватанон, на хориҷиён, муқаррар мекунанд. Ричард Даггер бо дифоъ аз ин ақида менависад: «Барои мо ҳамватанон авлавият доранд, зеро мо бо онҳо дар назди ҳамдигар қарздорем. Дуруст аст, ки ҳар як одам, хоҳ ҳамватан бошад, хоҳ не, ба эҳтиром ва ғамхории мо даъво дорад. вале онҳое, ки ҳамроҳи мо дар корхонаҳои кооперативӣ иштирок мекунанд, ба эътирофи махсус даъво доранд. Ҳамкории онҳо ба мо имкон медиҳад, ки аз неъматҳои ҳамкории кооперативӣ баҳраманд шавем, бинобар ин адолат аз мо талаб мекунад, ки нисбат ба ҳамватанон муносибати махсус дошта бошем. Мо бояд ба ҳамватанони худ мақоми махсус диҳем, афзалияти онҳоро нисбат ба онҳое, ки берун аз муносибатҳои махсусе, ки дар кишвари мо байни шаҳрвандони он амал мекунанд, қарор доранд, эътироф кунем. Ва азбаски ҳамватанони мо ба муносибати хоси мо даъвоҳои қонунӣ доранд, аз ин бармеояд, ки онҳо нисбат ба шаҳрвандони дигар кишварҳо барои мо афзалият доранд».

Ин далел масъалаи ватандӯстиро бо шартномаву тааҳҳудоти сиёсӣ ва мафҳуми ватандӯстро бо шаҳрванд омехта мекунад. Баръакси ҳамкории ғайрирасмии шаҳрвандон, ҳамкорӣ дар саросари кишвар бо бисёр қонунҳо танзим карда мешавад. Барои дар ин гуна корхонаи кооперативӣ иштирок кардан фақат ба қонун итоат кардан, ҳамчун шаҳрвандони масъулиятшинос тибқи қонун  амал кардан лозим аст. Аз ин рӯ, суоли он, ки оё мо вазифаи ахлоқии риояи қонунҳои кишварамонро дорем, яке аз саволҳои марказии фалсафаи сиёсӣ ва иҷтимоии муосири Ғарб мебошад.

 

Давом дорад...

 

Шоев Зиёвиддин - мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

 

Яндекс.Метрика