Сада – ҷашни таърихии тоҷикон

“Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”. Эмомалӣ Раҳмон.

Дар аксари сарчашмаҳои ориёиҳо мавҷудияти ҳаётро ба чор омил:  ҳаво, хок, об ва оташ вобаста менамоянд. Оташ дар инҷо ифода аз омили гармӣ ба муқобили сардӣ буда, таҷассумгари нармиву ҳаловат аст. Тавре, ки аз мазмуни сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони гузашта бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Дар охири фасли сармо мардум дар майдонҳо ҳезум ҷамъ карда, оташ меафрӯхтанд, дар гирди оташ рақсу бозӣ мекарданд, ин маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли сармо мебояд, ки ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯ овард.

Мувофиқи махзанҳои таърихӣ иди Сада таърихи беш аз 3000-соларо доро буда, аввалин таблиғкунандагони Сада тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд, мебошанд. Сада поёни чиллаи калон муждае аз наздик расидани баҳор меорад, инчунин пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзи оламафрӯзро мерасонад. Ҷашни Сада марбут ба бузургдошти оташ буда, аз ин рӯ назди зардуштиён арҷманд мебошад. 

 

Зардуштимазҳабони ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пазироӣ менамоянд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки то имрӯз дар шаҳри Кирмони Эрон суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти оташ яке аз чаҳор унсури мабодии ҳаёт ва нерӯҳои неки аҳурамаздоӣ инчунин  рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.

 

Шоири бузурги асри XI Фаррухӣ дар бузургдошти ҷашни Сада фармудааст:

 

Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.

 

Ба ривояти “Таърихи Байҳақӣ”, ҷашни Сада дигаре, ки ба ёди мардум монда, ҷашнест, ки дар замони султон Маҳмуди Ғазнавӣ баргузор шуд. Унсурӣ, шоири қасидасарои дарбори Ғазнавӣ ҳангоми таҷлили ҷашни Сада дар баробари Маҳмуди Ғазнавӣ қасидае дар бораи ин ҷашн қироат кардааст, ки матлаи он чунин аст:

  Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Тавсифи ҷашни Сада дар ашъори шоирони дарбори Ғазнавӣ далолат бар он дорад, ки ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён бошукӯҳ таҷлил мешудааст. Манучеҳрии Дамғонӣ аз зумраи он шоирон буда, дар васфи ҷашни Сада қасидае суруда аст:

                Омад эй сайиди аҳрор! Шаби ҷашни Сада,

                 Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.

         Оташе бояд чунон, ки фарози аламаш,

             Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

                  Майхӯр, эй сайиди аҳрор шаби ҷашни Сада,

             Бода хӯрдан, бале аз одати аҳрор бувад.

Аз мазмуну муҳтавои манбаҳои таърихӣ ва дигар сарчашмаҳо ба хулосае метавон омад, ки Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин дигар корҳои кишоварзӣ буда, ба ҳеҷ як аз ақвом ва адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ мебошад. 

Ҳарчанд дар роҳҳои ноҳамвори таърих бисёр расму оинҳои миллати бостонии мо ба нестӣ рафтаанд, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада алорағми ин ҳама ҷафокориҳову бедодгариҳо боз аз қаъри асрҳо ҳамчун дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз гардида, то замони мо расидаанд ва бо рангу ҷилои беҳтар ва бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил  мегарданд. 

Парлумони Тоҷикистон охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ расман (30-уми) январ) таҷлил карда мешавад.

Ҷашнҳои бостонии тоҷикон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада ҳамчун мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуданд ва бо ибтикори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромада ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои табрикотии хеш ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд: “Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид”.

 

Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика