Китоби “ал - Хароҷ ” дарбаргирандаи оро ва афкори фиқҳи Абӯюсуф буда, ягон ривояте аз фуқаҳои дигар дар он оварда нашудааст. Дар ин рисола масъалаҳои зиёде зикр гардидааст, ки дар онҳо Абӯюсуф назароти мухолифи устодаш Абӯҳанифаро (р) матраҳ кардааст. Оё аз ин матлаб, хулоса карда метавонем, ки он масоилеро, ки дар он назари мухолифи худ бо устодашро зикр накардааст, ҳамраъй буда, бо Абӯҳанифаро (р) мухолафат надорад? Зоҳиран чунин аст. Ба ҳар шакле, ки набошад, бояд қайд кард, ки ҳар гоҳ Абӯюсуф раъйи Абӯҳанифаро зикр кунад, онро бо далил таъйид намуда, тариқаи қиёс ва истиҳсонро баён мекунад. Зеро Абӯюсуф ба амонати илмӣ вафодор ва ҳирси шадид дошт.
Дар ин ҷо барои намуна як масъаларо аз миёни масоиле, ки Абӯюсуф дар онҳо бо устоди худ мухолафат кардааст, зикр мекунем, ки он дар бораи иҷозати имом - ҳокими давлат дар обод кардани заминҳои бекорхобида мебошад. Дар ин масъала Абӯюсуф гирифтани иҷозати пешакӣ аз тарафи ҳокимро дар обод кардани замини бекорхобида барои субути мулкияти ободкунанда шарт намедонад. Вале Абӯҳанифа (р) иҷозатро шарт медонад. Метавон барои баёни раъй ва ҳуҷҷатҳои ду ҷониб ба қавли Абӯюсуф таваҷҷӯҳ намуд: “Ҳар касе замини бекорхобидаеро обод кунад, он замин мулки ӯст”. Абӯҳанифа (р) мегуфт: “Ҳар касе замини бекорхобидаеро обод кунад, он замин мулки ӯст, ба шарти он, ки ҳоким ӯро иҷозат дода бошад ва ҳар касе заминеро бидуни иҷозати ҳоким обод кунад, замини мазкур мулки ӯ ҳисоб намегардад. Бинобар ин, ҳоким метавонад он заминро аз ӯ бигирад ва дар он мувофиқи маслаҳат тасарруф намояд”.
Абӯюсуфро пурсиданд: “ Барои Абӯҳанифа (р) сазовор нест, ки бидуни далел дар ин масъала чунин гуфта бошад? Зеро аз Расули Худо (с) ҳадис омадааст:: “Ҳар, кӣ зинда кунад замини мурдаеро, пас он замин мулки ӯст”. Пас барои мо далели Абӯҳанифа (р) баён кунед. Чунки бовар дорем, ки шумо дар ин бора ҳуҷҷати ӯро шунидаед. Абӯюсуф гуфт: “Дар ин бора ҳуҷҷати Абӯҳанифа (р) ин аст, ки ободу зинда кардани замин бояд ба иҷозати ҳоким сурат гирад. Намебинӣ, ҳар гоҳ агар ду мард як мавзеъи муайянро ихтиёр кунанд ва ҳар кадом бихоҳад онро ободу зинда созад ва дигареро аз ин кор манъ кунад, кадоме аз ин ду мард аз нигоҳи ҳуқӯқӣ ҳақдор аст? ” Намебинӣ, агар марде бихоҳад замини мурдаеро дар поёни саҳни ҳавлии касе обод кунад, дар ҳоле, ки ӯ иқрор дорад, ки дар он замин ҳақ надорад ва ҳамсояаш ӯро мегӯяд, ки ин корро накун, зеро ин замин дар саҳни ҳавлии ман аст ва аз ин ба ман зарар мерасад. Пас Абӯҳанифа (р) иҷозати ҳокимро дар ин ҳолат роҳи ҳал миёни мардум медонад. Агар ҳоким ба шахсе иҷозат дод, ӯ метавонад заминро обод кунад ва молики он гардад ва агар манъ кард, он низ дурӯст аст, то дар миёни мардум барои як мавзеъ ихтилофу низоъ воқеъ нашавад ва касе аз ин зарар набинад ва гуфтаи Абӯҳанифа (р) низ ин ҳадисро рад намекунад. Зеро ҳадис он вақт радшуда ба ҳисоб меравад, ки агар Абӯҳанифа (р) мегуфт: “Агар касе замини мурдаро бе иҷозати ҳоким обод кунад, молики он замин намегардад. Вале Абӯҳанифа (р) дар пайравӣ аз ҳадис мегӯяд, ки замини мазкур мулки он шахс мешавад, лекин ба иҷозати ҳоким, то иҷозати ӯ файсала миёни мардум гардад ва пеши роҳи хусумату даъворо бигирад. Аммо ман муътақидам, ки агар ба касе зарар ворид нашавад ва хусумату даъво надошта бошад, иҷозати Расул (с) то рӯзи қиёмат ҷорист ва шахси ободкунанда замини ёдшударо молик мешавад, ҳарчанд, ки иҷозати қаблӣ аз ҳокимро нагирифта бошад ва дар сурате, ки зарар ҳам пайдо шавад, чуноне, ки дар ҳадис омада аст: “Барои заҳмати золим ҳаққе нест”.
Мушоҳида мешавад, ки ҳар ҷое Абӯюсуф мухолиф будани устодашро зикр мекунад, агар ҳоҷат ба тафсил бошад, далел онро ба таври муфассал чуноне, ки гузашт баён мекунад.Сабаби тафсилбаёниаш он аст, ки Абӯюсуф барои исботи ин ки устодаш бо ҳадис мухолафат накарда, балки маънои онро муқайяд кардааст, бисёр ҳарис буд. Дар ҳақиқат равиши Абӯюсуф дар баёни масоили мавриди ихтилоф, беҳтарин равиш аст. Агар ҳамин услуб дар ҳама чизе, ки аз фиқҳи Абӯҳанифа (р) барои мо нақл шудааст истифода мешуд, бешак фиқҳи ӯ бо услубу далелаш ба дасти мо мерасид. Китоби “ал - Хароҷ” дар масъалаҳои қазоӣ бисёр муфид буда, аз назари фиқҳӣ сарвати гаронқимате ба ҳисоб меравад.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ Исоев Н.