Паёми Президент дастур ва роҳнамои мост!
Чунин баён доштанд ҳамсуҳбати мо - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Холиқзода Абдураҳим.
Дар зер андешаи эшонро ба хонандагон пешкаш менамоем.
Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Соҳаи илм таконбахши рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Нақши олимон дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат муассир аст. Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ироа шуд, ба вазъи илм ва мақоми он дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, минҷумла таъкид намуданд: «Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд». Дар ин бобат вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ кардани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Дар мамлакат барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Иқдомҳои солҳои охир роҳандозигардида, яъне ташкили озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин ташаббусҳо ҳамчун дастури роҳнамо ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аҳли илми кишвар ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ, қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди илми ватанӣ, ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва болоравии маърифати мардуми кишвар пазируфтанд.
Ин тадбирҳо ба рушди бахшҳои гуногуни илм ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат мусоидат менамояд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир