ТАҲАВВУЛИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДГАРОИИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

Дар вазъияти кунунӣ густариши босуръати равандҳои ҷаҳонишавии дар дунё баамалоянда боиси сар задани як қатор хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили бӯҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ мегардад. Яке аз падидаҳои нохуш ва хатарнок дар шароити имрӯза масъалаи ифротгароӣ буда, давраи инкишоф ва таҳрик ёфтани он бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ болоравии андешаҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани бархе аз ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгарои динӣ, ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, ки ҳар кадоми онҳо нақшаҳо ва ғаразҳои барои арзишҳои миллию давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва мухолифро думболагирӣ мекарданд, сабабгор шуданд. Зери таъсири сиёсати “бозсозӣ” ва демократикунонӣ дар ҷомеа бозандешии арзишҳои миллӣ ва эътиқодӣ дар байни пайравони ҳамаи динҳои амалкунандаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ривоҷи бесобиқа пайдо кард. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси террроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, дар айни замон барои ҳар як кишвари миллӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд.
Маҳз ифротгароӣ хоси он қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошад, ки вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар ноором карда, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои демократии кишварҳои соҳибистиқлолро халалдор сохта, онҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Ифротгароӣ дар шароити ҳозира бо назардошти дигаргуниҳои баамалояндаи глобалӣ ва минтақавӣ зуҳуроти қатъии сиёсат ва идеология дар ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар сатҳи шахсият зуҳури ғояҳо, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ зуҳури сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа зуҳури идеологӣ аст. Тӯли даҳсолаҳои охир чунин ҷараёнҳои ифротгароӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар марҳалаи ҳозира хавфи бештареро на ифротгароии оддӣ, балки ифротгароии динӣ ба вуҷуд меорад. Вай аз дигар шаклҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.
Ташакулдиҳандагони асосии ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад намуда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро дар роҳи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи худ шарҳ медиҳанд. Дар фаъолияти худ ин гурӯҳҳои ифротӣ ба муқобили ҳама гуна озодиҳои фардӣ, ҷаҳонбинӣ ва таҳаммулпазирӣ дар миёни мусулмонон зуҳур карда, танҳо андешаҳои динии худро ҳақиқат мешуморанд.
Таърихи ҷаҳонии садсолаҳои охир ба ақидаи ҷонибдорони ифротгарои динӣ чун ғалабаи қувваҳои бадӣ ва «фаноёбии дунё» аст, ки зери ин мафҳумҳо беэътиқодӣ ва ахлоқан вайроншавии ҷомеа (барои насрониёни ғарбӣ), ғалабаи идеологияи зиддисемитӣ (барои яҳудиён), ғасби сиёсӣ-иқтисодии Ғарб (барои мусулмонон) фаҳмида мешавад. Сабаб дар он аст, ки дин таъсиррасонии муайяни худро ба ҷомеа аз даст дода, ба фишори гуманизми ғайридинӣ ҷой холӣ кардааст. Дар ин ҳолат ифротгароиҳои динӣ худро ашхоси аз ҷониби халқ интихобшудае меҳисобанд, ки даъват шудаанд, ғалабаи Худовандро дар таърих таъмин намоянд (милленаризми насронӣ, мессианизми иудейӣ, даъвоҳои мусулмонон ба моҳияти универсалии дин ва тарзи ҳаёти худ).
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризм фаъолона ширкат намуда, дар ин самт бо дигар кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар ташкилоти бонуфузи минтақавию байналмилалӣ чандин маротиба суханронӣ намуда, таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ буданд ва ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорию муборизаи муташаккилона ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ даъват менамояд.
Анъанаҳои халқи тоҷик, фарҳангу адабиёти ҳазорсолаи он дар алоқамандии зич бо анъанаҳои исломӣ инкишоф ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мамлакате, ки беш аз 90% аҳолиаш мусулмон аст, ҳаргиз ба асосҳо ва анъанаҳои ислом беҳурматӣ зоҳир намекунад. Аммо маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронида шавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик дорои дину фарҳанг ва пешвоёни поктинату соҳибмазҳаб буда, ба ягон ҳизб ва фарҳангу мазҳабҳои бегона эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин моро зарур мебошад, ки танҳо итоат ва тақлид намудан ба амру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ намудан ба роҳу равиш ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва иҷтиноб варзидан аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ дода мешавад, пайравӣ намоем.
Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович
н.и.фалсафа

Яндекс.Метрика