Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон баъди ҷанги дуюми ҷаҳон 10-уми декари соли 1948 аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид қабул карда шудааст ва ҳамасола 10-уми декабрро Рӯзи ҳуқуқи инсон дар тамоми дунё ҷашн мегиранд. Бо қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон вазъи ҳуқуқии инсон дар тамоми ҷаҳон дигаргун гардид. Аз эътирофнамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба кафолатдиҳию риоянамоӣ ва ҳифзкунӣ оҳиста - оҳиста гузашт.
Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аз пешгуфтор ва 30 модда иборат буда, дар худ тавонистааст орзую умеди тамоми инсонҳои ҷаҳонро ҷой диҳад. Ҳангоми омодасозӣ ва қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон тамоми ҳадафу манфиати инсоният, ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо ба назар гирифта шудааст, то ки одамон дар ҷомеа тавонанд худро шахси комилҳуқуқ ҳис намуда, озодона зиндагонӣ намоянд, боварӣ дошта бошанд, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба пуррагӣ истифода мебаранд ва ҳангоми риоя нашудану поймолшавии ҳуқуқу озодиҳояшон давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ҳифзу ҳимоя мекунанд.
Барои пурра намудани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ду паймони байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки яке Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (аз 19.12.1966 с.) ва дигаре Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (аз 19.12.1966 с.) мебошад. Инчунин ду протоколи иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» – яке Протоколи иловагӣ ба Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», ки ба таъсис додани Кумитаи ҳуқуқи инсон ва имконияти қабул ва баррасӣ кардани маълумотро аз ашхоси алоҳида, ки ягон ҳуқуқи дар Паймон зикршудаи худро поймолшуда меҳисобанд, равона шудааст ва дигаре Протоколи иловагии дуюм ба Паймони байналмилалӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», ки ба бекор кардани ҷазои қатл равона гардидааст, қабул карда шудаанд. Ин панҷгонаро «Билл дар бораи ҳуқуқи инсон» меноманд. Ин панҷгона инчунин бо номи «Асноди асосии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон»[2] шинохта шудааст, ки тамоми санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ дар соҳаи ҳукуқи инсон бояд дар асоси онҳо қабул карда шаванд ва ба талаботҳои онҳо ҷавобгу бошанд.
Дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои минтақавии байналмилалӣ ва давлатҳо садҳо санади ҳуқуқии меъёрӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шудаанд [1, 3]. Онҳо дар худ он арзишҳои умумиинсоние, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ҷой дода шудаанд, боз ҳам мустаҳкам намуда, ба ҳаёти инсон қувваи нерӯбахш дода, ҳаёти арзандаву осоиштаи инсониятро кафолат медиҳанд.
Хамин тариқ, то имрӯз дар ҷаҳон ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ягон санади ҳуқуқии меъёрие, ки ин қадар маънову мазмуни баланд дошта бошад, тақдирсоз бошад, қабул нашудааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон роҳнамои хушбахтии инсонҳо, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи сулҳу суббот дар ҷаҳон мебошад. Имрӯз мо инсонҳоро, насли инсониятро зарур аст, боз ҳам пурратар эҳсос намоем, ки орзую умеди одамон, арзишҳои умумиинсонӣ аз манфиатҳои халқу миллатҳои алоҳида болотар меистанд ва кушиш намоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ, дустиву бародарии байни халқу миллатҳои ҷаҳонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Адабиёт:
Ализода З., Сафаров Б., Саъдизода Ҷ., Қодирӣ С., Солиев А. Маҷмуаи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон. Нашри дуюм / Муҳаррири масъул: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З. Ализода. – Душанбе: «Контраст», 2018. – 406 с.
Асноди асосии байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи башар. Тартибдиҳандагон: Раҷабов Ҷ., Шарипова Г. – Душанбе, 1999. – 80 с.
Маҷмуи ҳуҷҷатҳои байналмиллалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон (барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ). – Душанбе: «Мастер-Принт», 2006. – 484 с.
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон
ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон