Мулоқоти директори Маркази исломшиносӣ бо сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Санаи 7 - уми декабри соли 2022, вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муҳтарам Холиқзода А. Ғ. сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Абдурраҳмон ар-Решайдонро барои таъйин шудан ба вазифаи пурмасъули давлатӣ ва 30 солагии барқарории равобит ва ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ табрику таҳният гуфта, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуд.
Ҷаноби Абдурраҳмон ар-Решайдон дар навбати худ зикр кард, ки давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш ёбанд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда низ боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамкориҳои ниҳодҳои дахлдори ҳар ду кишвар дар самти исломшиносӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.
 
 
Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир 
 
 
   

Яндекс.Метрика