ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БО ҲАМ АЛОҚАИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД (ҚИСМИ ДУЮМ)

Агар хоҳем матлаби мазкурро ба тарзи дигар баён созем, оқибати экстремизм ин терроризм аст.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд.

Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад. 

Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд.

Ба ақидаи аксар олимон экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.

Чуноне, ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфӯзи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин надоранд.

Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Мо бо ҳисси баланди миллӣ бояд пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дорем ва ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза барем.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика