ТАЪСИРИ АНДЕШАҲОИ ХОҶА ҲОФИЗ БА АЛЛОМА ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз маъруфтарин адибону мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX -и Машриқзамин, бахусус Шибҳқора (Ҳинду Покистон), ба шумор рафта, бо осори илмию адабии рӯҳбахш, муассир ва сергунҷоишу пурмазмуни худ дар таърихи тамаддуни башарӣ сазовори манзалати баланд мебошад. Мавсуф бо истеъдоди бесобиқа ва осори гаронбаҳояш дар тамаддуну фарҳанги  Шарқи исломӣ нақши бориз ва мақому маҳбубияти поянда дорад. Қарни сипаришудаи тамаддуни бузурги форситаборон бе ном, назми шевои инқилобӣ ва андешаву афкори созандаи ӯ ғайри тасаввур аст. Ба ин маънӣ, адиби баркамоли эронӣ Маликушшуаро Баҳор бо итминон нисбат ба Муҳаммад Иқбол одилона қазоват намуда, гуфта буд, ки «Қарни ҳозир хосаи Иқбол гашт». Вай бо ашъори шӯрангезаш, ки бо ду забон; урду ва форсии тоҷикӣ суруда шудаанд, Шарқи мазлуми замонашро такон дода, шӯру исён ва рӯҳи моҷароҷӯёнаю озодихоҳонаи Носири Хусрав, Мавлоно Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Шайх Саъдиро дар замири шарқиён зинда кард.
Доир ба рӯзгору осори илмию адабии Иқбол, афкори фалсафию динӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ, паёмҳои озодихоҳонаву ҳикматомез ва халлоқияти ӯ дар эҷоди бадеӣ ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб мулоҳизаву андешаҳои гуногун мавҷуданд. Дар гуфтаю навиштаҳои мутааддид омада, ки он ҳама қудрати волои эҷодӣ ва илмӣ ба Иқбол аз андӯзиши пайваста ва ҳамешагии фарҳангу адаби мардумони Шарқ, бахусус форсизабонони ин минтақаи куҳанниҳод, маншаъ гирифтааст.
Ҷои таъкид аст, ки Муҳаммад Иқбол дар мактаб баробари тадрис ба забони модарӣ (урду) ба омӯзиши забони форсии тоҷикӣ низ машғул буд ва ҳанӯз аз даврони бачагӣ бо бузургони илму адаби форсӣ ошноӣ ва ба ашъори ноби онҳо дилгармӣ дошт, монанди устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Аттор, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва дигарон.
Яке аз суханварони маъруф ва воломақоми форсии тоҷикӣ, ки аллома ба ашъори ӯ таваҷҷуҳи хоса дошт, ин лисонулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ будааст. Истиқбол ва таъсирпазириҳои зиёди суханвари сонӣ бар устоди ғазали форсӣ густурда мебошад, ки ин мулоҳизаронӣ бар мабнои сеҳри қалами аллома Иқбол аст. Чун ин ҷо сухан аз Хоҷа Ҳофиз ва аллома Иқбол аст, бемаврид намешуморем, ки ба ашъори Иқбол, ки нишонгари иштиёқи зойидулвасфи вай нисбат ба ҳар ғазал, байт ба байт ва мисраъ ба мисраи Хоҷа аз худ буруз медиҳад, истинод намоем. Ва ин каломи шевои Иқбол аст, ки таъкид бар истиқболу татаббуи Ҳофиз дорад. Хоҷа Ҳофиз мегӯяд:
Ай фурӯғи моҳи ҳусн, аз рӯйи хандони шумо,
Обрӯйи хубӣ аз чоҳи занахдони шумо.

Иқбол мегӯяд:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Ай ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

Матлаи дигар аз як ғазали Хоҷа Ҳофиз:
Сарам хуш асту ба бонги баланд мегӯям,
Ки ман насими ҳаёт аз пиёла меҷӯям.

Ҷавоби аллома Иқбол ба байти фавқи Хоҷа ин аст:
Ба ин баҳона дар ин базм маҳраме ҷӯям,
Ғазал сарояму пайғоми ошно гӯям.

Ҳамин бардошт аз каломи малакутии Ҳофиз буда, ки Муҳаммад Иқбол дар китобҳои ашъори худ «Паёми Машриқ» ва «Забури Аҷам» тақрибан дар ҳудуди 24 - 25 ғазалро бо ҳифзи сабку авзони шеърӣ ба истиқболи Хоҷа сурудааст. Боз аз девони Ҳофиз мехонем:
То зи майхонаю май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.

Аллома Иқбол дар ҷавоб мегӯяд:
Зиндагӣ ҷӯйи равон асту равон хоҳад буд,
Ин майи куҳна ҷавон асту ҷавон хоҳад буд.
Мувофиқи маълумоти мавҷудаи аҳли таҳқиқ аввалин касе, ки Иқболро бо шеъру сухани форсӣ ошно кард, Сайид Мирҳусайн, муаллим ва мураббии бузурги ӯ мебошад, ки дар як хонаводаи эронии муқими Шибҳқора чашм ба дунё кушода ва ба Иқбол забони форсӣ омӯхт ва ӯро бо ашъори шоирони бузурги форсигӯй, аз ҷумла Хоҷа Хофиз ошно сохт.
Бояд гуфт, ки Ҳофиз аз зумраи суханваронест, ки ҳиҷоби дунёро бо шуҷоати бемонанд дида ва бар дурӯғҳои он сабқат ҷустаю камтари ороя ва перояҳо чашми ҳақбини вайро мефиребаду аз тааммул дар ҳақиқати дунёву аҳволи гузарони он боз медорад. Аллома Иқбол бошад вола ва шайдои ин ҳақиқат аст.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика