Алберт Эйнштейн мегӯяд, ки ман 20 сол муаллимӣ кардам. Аммо:
1. Ҳеҷ гоҳ дафтари ҳозиру ғоиб надоштам; чун синф бояд он қадар ҷаззоб бошад, ки бидуни дафтари ҳозиру ғоиб шогирдат ба дарс биёяд.
2.Ҳеҷ гоҳ саъй накардам синфамро ғамгин ва афсурда нигаҳ дорам, чун синф хонаи дуввуми шогирд аст;
3.Ҳар шогирде, ки дер омад, дар синф роҳаш додам. Чун медонистам, ки агар 10 дақиқа ҳам ба синф биёяд, эҳсоси масъулият кардааст.
4. Ҳеҷ гоҳ беш аз ду бор ҳарфҳоямро такрор накардам, чун он қадар ҷаззоб дарс мегуфтам, ки ҳеҷ кас нагуфт бори саввум такрор кун;
5.Ҳеҷ гоҳ 90 дақиқа дарс надодам, чун медонистам зарфияти шогирди мутавассит, камҳуш ва боҳуш бо ҳам фарқ дорад;
6.Ҳеҷ гоҳ шогирдеро ҷаримаи нақдӣ накардам, чун медонистам бачаи мустазъаф (заиф, нотавон) бошад ё ятим;
7.Ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар дафтар (идора, кабинет) мунтазир накардам, чун медонистам дар дафтар истодан шикасти ғурури шогирд аст...
8.Ҳеҷ гоҳ танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳӣ танбеҳ кардам, чун медонистам танбеҳи гурӯҳӣ ҷанбаи саршармӣ дорад, вале танбеҳи инфиродӣ ғурурро мешиканад...
9.Ҳамеша ва доим шогирдро наздикӣ то бо тахта ва рӯи синф омаданро омўзондам ва аз онҳо ҳамеша саволҳоеро мекардам, ки мутмаин будам ҷавобашро медонанд, чун медонистам куҷояшро намедонанд, намепурсидам.
Таҳияи Р. Мирзо
Бознашр аз саҳифаи Хирад