Равандҳои ҷаҳонишавии замони муосир дурустии таълимоти марксистиро дар бораи нақши муайянкунанда доштани зербино дар рушди ҷомеа ва таъсири қавии он бори дигар амалан собит намуда истодаанд. Имрӯзҳо равшан мушоҳида карда мешавад, ки кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ қавӣ дар як вақт ба рушди забони миллии худ низ ноил гардидаанд ва пайваста дар пайи васеъ гардонидани фазои истифодаи он ҳастанд. Барои васеъ гардонидани фазои истифодаи забонашон кишварҳои мазкур аз буҷаҳои давлат маблағҳои калонро низ сафарбар намуда истодаанд.
Аз тарафи дигар, барои даст ёфтан ба дастовардҳоим саноатӣ ва илмии кишварҳои пешрафта миллатҳои хати дуюм ва сеюмро лозим мегардад, ки таълиму омӯзиши забонҳои кишварҳои пешрафтаро ба роҳ монанд. Бидуни тардид, амали мазкур то андозае дар ҷомеа маҳдуд сохтани забони миллӣ ва заиф сохтани мақом ва нақши онро дар назар дорад. Аммо илоҷи дигар нест. Чун худи миллат ба сабаби пойбандии амиқ ба хурофот аз илм қафо монд, ӯ маҷбур
мегардад, ки ин илмро тавассути забони дигар аз худ намояд. Яъне, равандҳои ҷаҳонишавии замони муосир, ки тавассути интишори дастовардҳои илмӣ ва технологияи ҷадид сурат гирифта истодаанд, на танҳо ба рушди забонҳои миллӣ, ҳатто ба ҳастии онҳо хатар эҷод карда истодаанд. Ҳолати мазкурро таърихи башарӣ борҳо паси сар намудааст. Барои мисол, ин ҷо мо метавонем ёдовар шавем, ки баъд аз пайдоиши ислом ва интишори босуръати он чӣ қадар забонҳои маъруфу шуҳратёр комилан ба фаромӯшӣ супурда шуданд. Магар забонҳои қифтӣ ва паҳлавӣ то ислом аз ҷумлаи забонҳои пешрафтаи замони худ набуданд? Ҳамчунин ёд дорам даврони донишҷӯии худро, ки фарзандони иддае аз зиёиёни маъруфи кишвар байни ҳам бо забони модарии худ гуфтугӯ мекарданд, яъне забони модариашон барои онҳо кайҳо ба забони хонагӣ мубаддал гардида буд. Гумон мекунам, ки онҳо эҳтимол дар хона ҳам байни ҳам бо забони модарии худ гуфтугӯ намекарданд.
Бешак, пешрафти босуръати илму технологияи ҷадид ва дар ин самт қафомонии мо ва болои сӯхта намакоб зиёд шудани таассуби динии ҷавонони кишвар моро водор менамояд, ки дар бораи рушди минбаъдаи забон, ҳадди ақал нигоҳ доштани мақому мартабаи он андеша намоем. Дар ин самт аз тарафи ҳукумати кишвар иқдомҳои саривақтӣ ва муфиде анҷом пазируфта истодаанд. Аз ҷумла, гузаронидани сабқати «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» аз ҷумлаи беҳтарин иқдомҳои ҳукумат дар самти мазкур маҳсуб ёфта, ҳам имкониятҳои интеллектуалии насли ҷавони кишвар ва ҳам фасоҳату зебоии забон ва ҳам иқтидори ифодагарии онро бисёр зебо ба маъраз гузошта истодаанд. Ҳамзамон таъсиси Маркази тарҷума дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ низ шоёни таҳсин ва дастгирӣ буда, бешак дар ин самт мушкилоти зиёдеро бартараф менамояд. Бо вуҷуди ин, равандҳои ҷаҳонишавӣ чуноне сурат мегиранд, ки эҳтимол иқдомҳои
суратгирифта барои ҳифзи мақому мартабаи забони миллӣ кифоя накунанд. Аз нигоҳи ин ҷониб масъулияти рушди забони миллиро на танҳо ҳукумати кишвар, балки зиёиёни масъулиятноки кишвар низ бояд бар дӯш гиранд. Пеш аз ҳама зарур мегардад, ки барои ба вазифаи роҳбарӣ ё масъулиятнок таъин намудани шахс сатҳи забони давлатиро донистани ӯ ба инобат гирифта шавад. Дуруст аст, ки барои пешрафти кор донистани забонҳои интишорёфта муҳим ва зарур мебошанд. Агар зимни таъин намудан ба кор танҳо донистани забонҳои мазкур ба инобат гирифта шавад, ин иқдом мақоми он забонҳоро баланд бардошта, забони давлатиро дар ҳошия қарор хоҳад дод. Зеро ҳавасмандии моддӣ дар самти мазкур омили хеле муҳим ва ҳалкунанда маҳсуб меёбад. Аксари аҳли ҷомеа ба хотири таъмини моддии ояндаи фарзандони худ зимни таълими фарзандони худ он забонеро интихоб менамоянд, ки дар ҷомеа ба он талаботи зиёд вуҷуд дорад. Агар барои муассиса танҳо донистани забони хориҷӣ муҳим бошад, пас, ба чунин ашхос имтиёз дода мешавад. Дар ин ҳолат манфиати муассиса аз манфиати тамоми миллат ва
арзишҳои фарҳангии он болотар қарор хоҳад гирифт. Яъне, ин иқдом куллро қурбони ҷузъ мегардонад. Барои пешгирии ин падидаи номатлуб ба ғайр аз донистани забонҳои хоричӣ зимни қабул ба кор донистани хуби забони давлатӣ низ шарти асосӣ ва муайянкунанда бояд муқаррар карда шавад. Дар чунин ҳол падари масъулиятшинос ба фарзанди худ забони хориҷиро таълим дода, дар нисбати забони давлатӣ беэътиноӣ зоҳир наменамояд. Яъне, ҳам лаъл ба даст меояду ҳам ёр намеранҷад.
Сониян, зимни тарҷимаи маводҳои илмӣ набояд маънои истилоҳоти илмиро аз забони арабӣ ҷуст. Худи забони арабӣ забони хориҷии дигарест барои миллат. Истифодаи вожаи арабӣ ба ҷои
истилоҳи илмии дар тамоми ҷаҳон маъмул фаҳмидани маъноро дучанд душвор мегардонад. Гумон мекунам, вожаи илмии забони ғайрро дар аслаш истифода намудан ҳам фаҳмиши маъниро осон мегардонад, ҳам захираи луғавии забонро ғанӣ гардонида, иқтидори ифодагарии онро васеъ мегардонад. Ин амал барои фаҳмиши матни илмии забони хориҷӣ низ кӯмак менамояд. Таваҷҷуҳ бояд намуд, дар забони англисӣ вожаҳои забонҳои лотинию фаронсавии зиёде истифода мешаванд. Дар забони русӣ низ вожаҳои зиёди забони англисӣ ё айнан ва ё тавассути баъзе тағйиротҳои фонетикӣ ё морфологӣ қабул шудаанд. Аз ин иқдом забонҳои мазкур чизе бой надода, баръакс бурд кардаанд, зеро ба иқтидори ифодагарии забони миллӣ нерӯи иловагӣ зам намуданд. Бори дигар таъкид менамоем, ки манзури мо танҳо истилоҳоти илмии ба тозагӣ ихтироъ шуда мебошад, ки дар забони имрӯзаи тоҷиқӣ ҳаммаънои худро надоранд. Дар натиҷа вожаҳои бунёдӣ ва маъмулии забон имконият пайдо менамоянд, ки маъноҳои нави илмиро низ ифода намоянд.
Солисан, аз аҳли илм тақозо карда мешавад, ки тамоми андеша ва дастовардҳои илмии худро пеш аз ҳама ба забони давлатӣ таълиф намоянд ва бо ин амал дар илмӣ гардидани забони модарӣ саҳмгузор бошанд. Интишори дастоварди илмӣ ба забони хориҷӣ танҳо баъди интишори он ба забони давлатӣ бояд сурат гирад. Ҳолати баръакс ба рушд ва мақоми забони давлатӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Зарур мешуморем, ки шоирону нависандагон ва забоншиносону адабиётшиносон фасоҳат ва зебогии бемисли забони тоҷикиро ҳар чӣ бештар дастраси аҳли ҷомеа гардонида, бо ин роҳ меҳру муҳавббати аҳли ҷомеаро ба забони миллӣ қавӣ гардонанд. Вақте дар хусуси масъулияти ҷиддӣ ва меҳанпарастонаи зиёиёни воқеии миллат ҳарф мезанем, суханони ҳакимонаи Пешвои миллат, ки нисбати хизматҳои ҷовидонаи Абулқосим Фирдавсӣ баён намудааст, ба ёд меоянд:
«Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсарои беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон воқеан фалсаву адаби моро нерӯи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонд»( Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: «Эр - граф», 2016, саҳ. 230).
Аз ин рӯ, дар чунин як марҳилаи барои забони миллӣ ҳассос зиёиёни воқеии меҳангароро лозим мегардад, ки агарчӣ Фирдавсӣ буда наметавонанд, барои Фирдавсӣ шудан ҳадди ақал саъю талош намоянд то хизматҳои гаронбаҳои ӯ барои миллат баръабас набошанд.
Абдухалилзода Кароматулло.