
3 октябри соли равон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи “ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ” семинари илмӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинон, сардорони шуъбаву бахшҳо ва тамоми кормандони Марказ иштирок намуданд.
Директори Маркази исломшиносӣ муҳтарам Холиқзода Абдураҳим зикр кард, ки «13 - сол муқаддам, яъне 5 октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил мешавад».
«Ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибзабон мебошад. Барҳақ, Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад»,- тазаккур дод директори Маркази исломшиносӣ.
Дар идомаи кори семинар Шодиев Мирзо - номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ дар мавзӯи «ЗАБОНИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ » маърӯза карданд.
“Барои ман забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқи мо буда, тамаддун ва фарҳанги куҳанбунёд, ки мо бо онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони модариамон ҳифз гардидааст; бо он забони латифу нафисе, ки матнҳои беш аз ҳазору дусад сол қабл навишташудаашро мехонему мефаҳмем; бо он забоне, ки садҳову ҳазорҳо бузургони суханвари ин марзу бум эҷод кардаанд ва осори ҷовидонаи худро ба имрӯзиён мерос гузоштаанд . Бале, дар ҳақиқат ҳар як халқу миллатро бо забонаш мешиносанд, ё шиносномаи ҳар як миллат забони ӯст. Шиносномаи миллати мо низ забони миллии мо забони тоҷикӣ (форсии тоҷикӣ) мебошад, ки таърихи беш аз ҳазору дусадсола дорад ва дар тӯли ҳастии худ аз миёни ҳазорон обу оташ ва боду тӯфони харобиовар сипарӣ шуда то ба имрӯз расидааст. Сарчашмаи ин забон аз замони Ҳахоманишинён об мехӯрад ва дар тӯли таърих бо номҳои «форсии бостон – давраи ҳукмронии сулолаҳои Ҳахоманишиён бо осори сангнавиштаҳои хати мехӣ (асрҳои VI-IV то милод), форси миёна – осори паҳлавӣ ва монавии давраи Сосониён ба забони паҳлавӣ (3-9-10 милод) ва форсии нав-забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бо осори алифбои арабиасос (асрҳои IX-X то ба ҳол)» ёд мешавад.
Вале, замони ташаккулу такомули ин забон асосан ба асрҳои IX-X мелодӣ рост меояд, махсусан замони салтанати Сомониён, ки забони форсии дарӣ (тоҷикӣ) ба авҷи камоли хеш расид. Дар ин давра он ба мақоми забони расмии девони давлат расид, ба ин забони нобу ширин садҳо китоб таълиф ва ҳазорон ҳазор байт шеър суруда шуд. Ин забон бо мурури замон аз Ироқи аҷам то ба ҳудиди Ҳинд интишор ёфта, шуҳратёр гашт. Дар ҳамин давра шеъри баркамоли форсӣ, ки устод Рӯдакӣ онро суруд, эътирофи хосу ом гашт ва дар таърихи забону адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классик шумурда шуд ва тахаллуси «Одамушшуаро»-ро сарфароз гашт:
Рӯдакӣ чанг бигрифту бинавохт,
Бода андоз к-ӯ суруд андохт.
Таърихи мардуми ироннажодро Фирдавсии Тӯсӣ аз замони ҳазрати Одам то ба даврони истилои араб ва шикасти давлати сосониён бо ҳамин забони ноби форсӣ суруд ва таърихи миллати моро ҷовидонӣ гардонд:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ё:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Дар баробари шеър насри форсӣ низ дар замони сомониён арзи вуҷуд намуд ва аз аввалин асарҳои насрии адабиёти форсу тоҷики асри 10м. китоби «Ҳудудал-олам» (муаллифи номаълум) мебошад, ки бо забони форсии хеле содаю равон ва беолоиш аз ҳаргуна вожаҳои тумтароқи аҷнабӣ таълиф шудааст. Дар зер намунае аз он пешниҳод мегардад, ки аз панҷоҳу панҷ калима иборат аст ва аз он ҳамагӣ се калимаи арабӣ ба мушоҳида мерасад, ба истиснои пайвандаки «ва»: «Дигар дарёи Хоразм аст, аз Хоразм бар миқдори чиҳил фасанг, андар миёни мағриб ва шимол. Ва аз гирди ӯ ҳама ҷойи ғузиён аст. Ва гирд бар гирди ин дарё сесад фарсанг аст. Ва ин ҳафт дарёст. Ва берун аз ин дарёякҳои хурд бисёр аст талх ва ширин. Аммо дарёякҳои хурд, ки обаш шӯр аст, ёздаҳ дарёст…» .
Ин замоне буд, ки мо метавонем забони хешро ба товӯси зебои хушболу пар ва лаҳни ширини онро ба хониши булбулу кабки дарӣ шабоҳат диҳем. «Забони тоҷикӣ (форсии дарӣ), ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод аст, дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид» . Минбаъд низ «…Ғазнавиёну Ғуриён ва Салҷуқиён сиёсати забонгустарии Сомониёнро идома бахшиданд ва доираи корбурди забони тоҷикиро дар шарқу ҷануб то сарзамини Ҳинду Синд ва дар ғарб то Осиёи Сағиру Сурия густариш доданд» .
Мутаассифона, дар асрҳои минбаъда бо аз байн рафтани салтанатҳои мазкур нуфузи ин забон каме коста шуд, гарчанде, ки ҳамчун забони девону дарбор ва адабиёт, қисман илм боқӣ монд. Дар ин маврид дар китоби Забони миллат – ҳастии миллат чунин омадааст: «…дар остонаи ҳамлаи мугул, аз нимаи дувуми асри XII, оҳиста-оҳиста давраи шукуфоии забони тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ ва роҳу равиши истилоҳофарии Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравони онҳо ба поён мерасад. Истифодаи луғатҳои арабӣ дар мақоми аввал қарор гирифта, корбурди истилоҳоти он бештар мавқеъ пайдо мекунад» . Барои тақвияти ин гуфтаҳо муаллиф намунае аз насри «Таърихи вассоф» овардааст: «…ва ҳақиқат агар пурдилони рӯзгори саволиф (гузаштагон), ки баъд аз чанд сол дар асмор (достонҳо) ва ахбор назман ва насран зикри шуҷоат ва мардонагии эшон нуқуши саҳоиф ва кутуб аст, боз ба ҷаҳон риҷъат кунад (баргардад), дар майдони арзи фурусият (маҳорати аспсаворӣ) ва одобу маросими муҳорибат аз оҳоди (афроди) лашкари муғул таълим гиранд ва ҷуз ғошиядорӣ (ба дӯш бурдани зини аспи бузургон – Э.Р.) дар хидмати рикоби эшон ҳеч шуғле ихтиёр накунанд…» . Чунонки мушоҳида мешавад ин матн саросар аз калимоту истилоҳоти арабии камистеъмолу душворфаҳм иборат аст ва фаҳми хонандаи одӣ ба он намерасад.
Дар маҷмӯъ, ин «товуси зебо»-ро дар айёми салтанати арабу турк, муғулу манғит ва оқубат русҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон «пару боли зебояшро мечиданд ва ба ҷойи онҳо пару боли зоғу каргас»-ро насб мекарданд. Забони нобашро қайчӣ мезаданд то лаҳни ширину гуворояш нобуд шавад. Арабмаобҳо дар он вожаҳои арабиро ҷой медоданд, турку муғул алфози дурушти хешро то он ки баъзан матн ё шеъри форсӣ-тоҷикиро аз арабӣ фарқ карда душвор мешуд. Намунаи ин дар адабиёти ҳазору андсолаи мо ба вузуҳ айён аст, ки ҳоҷат ба баён нест.
Аммо, «ноадолатист, агар гӯем, ки танҳо мардуми ғайр душмани забон ва миллати мо буданд, чун дар аввоили асри XX ва хосатан дар солҳои аввали Ҳукумати Шӯравӣ шахсоне буданд аз қавми тоҷик, ки ин миллату забони онро инкор мекарданд ва баҳри нобудии он мубориза доштанд». Замоне буд, ки фарзандони тоҷики туркмаоб дар Туркия таҳсилкарда аз тоҷик будани худ рӯй гардониданд ва забони тоҷикиро забони яҳудиён ва ё эрониён номиданд, мардуми Бухороро тарғибу ташвиқ мекарданд, ки онҳо турканд на тоҷик ва ба ин васила пайравони зиёде низ пайдо карданд. Аз ҷумлаи онҳо Абдурауф Фитрати тоҷик буд, ки баъди таҳсил дар Туркия тоҷик будани хешро инкор ва туркнажод буданашро ҳамеша таъкид мекард. «… мо бухороиён аслан туркнажодем ва забони аслии мо туркист, иллати тоҷикзабон шудани мо аввалан таъсири идораҳои ҳукуматии мо, ҳукмрони калон шудани порсмиллатон, дуввум ғалаба ва таъсири адабиёти порсӣ мебошад. Ба ҳамин ду иллат мо забони туркии худро гум кардем. Аммо лозим аст, ки забони туркии худро зинда ва нажоди аслии худро поянда гардонем (таъкиди мо – Т.В.)» . Ҳамчунин аз забони Мунзим нақл аст, ки «…вақте нозирони маориф будан Фитрат ҳар касе, ки ба ӯ тоҷикӣ гуфтугӯ мекард, аз ӯ мепурсид: ту эронӣ ё яҳудӣ? Ба эрониён Шумоён бо ҷуҳудӣ гап назанед, мусулмон шавед, - мегуфт. Вақте ки ба инҳо дуруст нашуда, боз ба забони худ гуфтугӯ карданд, қарор баровард, ки ҳар касе тоҷикӣ гап занад 5-сӯм иштироф шавад (таъкиди мо – Т.В.)» . Ин амали фитратҳо, мунзимҳо усмонхӯҷаҳо ва пайравони онҳо бешак «зарбаи гароне буд ба халқи тоҷик ва забони тоҷикӣ, зеро худи тоҷик аз миллату забони худ даст кашида, забони ғайр ва бегонаро забони модарӣ ва миллати бебунёди ноошноро аслу насаби худ эълон мекунад» . Пушида нест, ки ин ҳама дасисаҳои душманони тоҷик ва забони тоҷикӣ ва тарафдорони онҳо дар ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Буҳоро (ҶХШБ) буданд, ки мехостанд забони тоҷикӣ ва миллати тоҷикро аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум созанд ва ба таърихи беш аз ҳазорсолаи мавҷудияти он дар дар ин сарзамин (дар мадди аввал Бухоро) хати бутлон кашанд. Вале:
Дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Бозор Собир
Зери таъсири сиёсати даврони шӯравӣ солҳои сиюми асри бистум қайчӣ задан ба пару болу зебои забони модарии мо ва ҷур кардани он тибқи сиёсати коммунистии давр дубора авҷ гирифт. Гуруҳе тарафдори он буданд, ки ин забон сода ва ба забони оммиёна наздик карда шавад ва калимаҳои русӣ интернатсионалистӣ бе тарҷума ба он ворид карда шаванд. Мутаассифона, ин амали онҳо то дараҷае ҷомаи амал пушид ва натиҷаи фаъолияти онҳоро мо дар мақолаи кӯтоҳе бо номи «Алим Обидов ин гуна «тарбия» ёфтааст» аз шумораи 15 марти соли 1935 «Тоҷикистони сурх» дида метавонем: «Дар айни студентони Институти педагогии ш. Сталинобод прогулчигӣ ва беинтизомӣ давом мекунад… Талабаи институти педагогӣ ва талабаи курси III рабфак Алим Обидов бисёр вақтҳо вақти худро дар бозорҳо мегузаронад. Ӯ бисёр вақтҳо аз дарс прогул мекунад… Инчунин талабаи курси якуми педагогикаи Институт Соттӣ Бобидов ҳам дар байни 2 моҳи охир аз дарсҳо 120 соат прогул кардааст» . Дар ин давра «дар Тоҷикистон барои навсозии забони адабӣ ва мувофиқ кардани он ба шароити нави сиёсӣ-иҷтимоӣ якчанд комиссияву кенгошу анҷуманҳои забоншиносон ва фарҳангиён гузаронида шуда, ду санади меъёрӣ – «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) ва Фармони №1 комиссари халқии маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (1939) қабул шуд. Ин ду санади меъёрӣ барои сарнавишти забони модарии мо таъсири бунёдӣ дошта, ба тағйирот ва дигаргуниҳои ҷиддӣ дар овошиносӣ, вожашиносӣ ва умуман сохтори дастурии забон асос гузошт…» . Аз ин иқтибоси фавқ мебинем, ки ҳатто номи санади меъёрӣ «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» 50% дар сад русӣ мебошад, дар ҳоле ки ҳам калимаи «установка» ва ҳам «терминалогия» дар забони тоҷикӣ таруҷмаи худродоранд (установка – дастур, раҳнамоӣ ва терминалогия – истилоҳот). Олуда шудани забони тоҷикӣ бо забонҳои ғайр, бавижа русӣ, дар ин марҳила аз забони матбуоти даврии он хуб ба назар мерасад. Махсусан тарҷумаҳои санаду фармонҳо, қарору дастурҳо аз русӣ ба тоҷикӣ, ки дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасиданд, хеле шигифтангез ва хандаоваранд, саршор аз вожа ва истилоҳоти русӣ-интернатсионалӣ мебошанд…
Ин «мавҷ» бо оғози ҷанги ҷаҳонии дувум ва гузаштан аз хатти форсӣ ба алифбои кирилиасос каме ором гирифт, вале тағйири хат мардуми тоҷик – забони тоҷикиро аз мероси ҳазорсолааш ва аз ошноӣ бо адабу фарҳанги муосири бародарони эронию афғонаш дур сохт.
Мавҷи навбатии «тармиму тасмим» -и забони тоҷикӣ дар солҳои шастуми асри бист боз бедор ва ба хурӯш омад ва он то соли 1985 давом дошт. Дар ин марҳала низ забони тоҷикӣ дар манзалати забони муошират бо вуҷуди ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ном доштани кишвари мо, забони тоҷикӣ дар манзалати забони муошират боқӣ монд ва забони коргузории ниҳодҳои ҳукуматӣ ва идораю муассисаҳои давлатӣ асосан ба забони русӣ буд. Забони тоҷикӣ забони кӯча – муошират ва мактабу мадориси тоҷикӣ буду бас. Ҳатто зиёин ва олимони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла, алломаҳои риштаи забону адабиёти тоҷик низ забони муошираташон дар хона русӣ буд. «Дар ҳамин давра аст, ки сиёсати мадании ҳизби коммунист, ки ҳадафи он идғоми тамоми арзишҳои фарҳангии миллатҳои кӯчактар дар даруни фарҳангу забони русӣ, дар ҳоли иҷро аст» . Дар забони тоҷикии ин давра мо воридшавии вожа ва истилоҳоти зиёди русӣ-интернатсионалиро мушоҳида мекунем. «Дар замони Шӯравӣ ... ба хотири «демократикунонӣ» забони тоҷикӣ бисёр вожагони асилу ноби худро аз даст дод. Ба ҷойи онҳо калима ва истилоҳоти бамавриду бемаврид аз забонҳои гуногун ва ё калимаҳои носуфтаву худсохта, луғатҳои омиёна, қолабҳои калимасозию ибораороии бегона ва сабку услубҳои тақлидӣ ба забони мо ворид гардид» . Мисли: съезд, пленум, сотсиализм, коммунизм, партия, райком, обком, исполком, конститутсия, суд, прократура, юрист, инженер, милитсия, факултет, институт, университет, техникум, предмет, метод, актуалӣ, прием, акт, рапорт, директива, синоним, омоним, суфикс, преффикс ва садҳои калимаҳои дигар. Дар забони гуфтугӯйи айни ҳолатро мушоҳида кардан мумкин буд, мутаассифона он то ҳол ҳам давом дорад. Дар ин маврид суханони барҳаққи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) хеле бамавриду воқеӣ буданд: «…Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад» .
Як тамоюли мусбат нисбат ба забони тоҷикӣ дар авохири солҳои 70-ум ва асосан солҳои 80-ум ба назар мерасад. Дар ин давра аҳли илму фарҳанг кӯшиш ба харҷ доданд то дар гуфтор ва навиштаҳои худ ба ивази калимаҳои бегона калимаҳои тоҷикро бештар ворид намоянд ва дар услуби нигориш низ таҷдиди назар намоянд. Дар ин замина нақши ошноии бештари тоҷикон бо адабиёти форсии Эрон ва Афғонистон, инчунин ҳамкориҳои илмию фарҳанг миёни ин кишварҳо ба ин мусоидат намуд. Бо эълони бозсозӣ ва мақоми хосса гирифтани забонҳои миллӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди равшанфикрони кишвар 22 июли соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»-ро қабул кард ва бо қабули он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, дар тамоми вазорату идораҳои кишвар коргузорӣ ба забони давлатӣ роҳандозӣ гардид. Ин падида ба ҳисси миллӣ ва ватандории тоҷикон таккони хеле бузург расонд. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар корхонаҳо, муассисаҳою идораҳо ба роҳ монда шуд, батадиҷ забони тоҷикӣ ба забони идораю давлатдорӣ табдил меёфт. Ин раванд бо даст ёфтани кишвари азизамон ба истиқлолияти миллӣ дар соли 1991 ривоҷу равнақи тоза пайдо кард. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди муқовимани муходифони мақоми давлатӣ гирифтани он, забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф ва эълон гашт ва ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ пазируфта шуд. Ин падида дар як муддати кӯтоҳ тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми тоҷикро фаро гирифт. Дар ҳаёти адабию фарҳангӣ низ як қатор тағйирот ва таҳаввулот ба амал омаданд. Дар эҷодиёти адибон, бахусус адибони ҷавон, сабки тозаи адабӣ зуҳур кард. Бо фаро расидани истиқлоли Тоҷикистон робитаи фарҳангию адабӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамзабони исломии Эрон ва Афғонистон бештар ва мустаҳкамтар гардид.
Дар ин ҷода хизмати беназири Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд махсус зикр кард. Аз рӯзи сари қудрат омадан Пешвои миллат нисбат ба рушду пойдор кардани забони миллӣ таваҷҷуҳи хосса доштанд. «Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ намудани забони адабии тоҷикӣ саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овардем. Дар баробари ин як қатор санадҳо қабул карда, барои пешрафти он барномаҳои давлатиро роҳандозӣ кардем ва ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда, ҳамасола Рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавиро дар ин айём баргузор менамоем» . Аз ҷумла, аз санадҳои муҳими дар боло зикршуда дар соли 2009 қабули қонуни забон дар таҳрири нав бо номи «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад» (қ. 1-2 м. 3). Тибқи ин қонун ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Дар ин росто нашри китоби «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (2009) ва ду дастури «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»-ро (аз 4 октябри соли 2011 ва 30 июни соли 2021), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, низ бояд зикр намуд.
Ҳамин муҳаббату дӯстдорӣ ва арҷ гузоштанро ба забони тоҷикӣ, Пешвои миллат бо таълиф ва нашри китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» тасдиқ намуд, ки он дар ду ҷилд ба нашр расида, дастраси оммаи васеи хонандагон гардид. Китоби аввал ки «Ба сӯйи боландагӣ» ном дорад, дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нашр расида, туҳфаи сазоворе ба мардуми тоҷик гардид. Дар китоби аввал муаллиф рушди забони тоҷикиро аз давраҳои бостон то асри XIII ба қалам кашидааст. Китоби дувум «Забон ва замон» ном дошта, марҳалаҳои гуногуни густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри 13 то ибтидои асри XX инъикос менамояд. Дар маҷмӯъ, муаллиф дар ин асар таърихи ҳазору xандсолаи забони тоҷикии форсӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифта, дар бораи ташаккулу таҳаввули он дар давраҳои алоҳида, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва намояндагони алоҳидаи илму адаб маълумоти арзишманд овардаанд. Умуман, он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳодаш аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣ дастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣ ҷамъбаст гардидааст.
Пешвои миллат дар таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши забони модарии моро ҳамчун забони давлатӣ хотирнишон сохта, чунин изҳор доштанд: «Истиқлолият барои эҳёи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи устувор гузошт. Забони ширину шево ва шоиронаву зебои тоҷикӣ, ки моро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати куҳанбунёд ва қавми ориёӣ муаррифӣ кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд. Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад» .
Як нуктаи муҳими дигаре, ки Пешвои миллат дар китоби хеш дарҷ кардаанд, ин ҷавоби дандоншиканест ба бегонасозони забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ аст, ки мегӯяд: «Барои насли имрӯзи мо шояд тафовути чандоне надошта бошад, ки забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ ҳазор ё ду ҳазор сол пеш аз кадом минтақа бархоста ва ё мардуми кадом ноҳия ба ин забон пештар сухан гуфтааст. Ба назари мо муҳим он аст, ки онҳо аз як ҳавзаи ягона бархоста, гармиву сахтии таърихро бо ҳам дида, як фарҳангу забони муштаракро дар чунин сарзамини паҳновар бо ҳам офаридаанд» .
Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯӣ, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ.
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,
Ҳарчи мегӯӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст!
М. Қаноат
Ҳимояту ғамхорӣ ва арҷгузорие, ки нисбат ба забони модарии мо дар даврони истиқлолияти миллӣ амалӣ шудааст, дар ҳеч давру замоне баъд аз сомониён ба ин дараҷа сурат нагирифтааст. Бешак ин ғамхорӣ, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва эҳтироми бепоёни Пешвои миллат ба забони ноби тоҷикӣ буд, ки ба рушду такомули он мусоидат карда, онро то ба дараҷаи забони давлат, забони адабу фарҳанг, забони илму фановарӣ расонид. Дар фароварди ин навишта суханони Пешвои миллат беҳтарин ҳусни мақтаи он хоҳад буд: «… Вале дар фархундарӯзгоре, ки сохтору шеваи зиндагии мо ба куллӣ дигаргун шуда, Тоҷикистони мустақилу соҳибихтиёр ба сӯйи истиқлоли фарҳангӣ роҳ мепаймояд, лозим аст, ки забони худро низ ба дараҷаи як забони ҷӯёву инъитофпазир ва зояндаву таҳаммулпазири муосир такмилу тақвият бахшем, то ин ҳама таҳаввулот ва дигаргуниҳои бунёдии солҳои охири ҷомеаи моро инъикос карда, бо корвони тезрави фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамроҳ ва ҳамсафар бошад…» .
Иштирокчиёни семинар таъкид карданд, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони пургановат тасхир кардаанд.
Шодиев Мирзо - номзади илмҳои филологӣ, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ