18 - уми марти соли 2024 мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Вазири саноат ва технологияҳои нав муҳтарам Шералӣ Кабир бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хорӯғ доир гардид.
Дар мулоқот нахуст раиси шаҳри Хорӯғ Ризо Назарзода ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухан ба Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дода шуд.
Вазири саноат ва техгнолонияҳои нав дар навбати худ ҳамаи сокинони шаҳри Хорӯғ ва тамоми мардуми Бадахшонро ба муносибати фарорасии Иди Наврӯзи аҷам аз номи гурӯҳи кории Ҳукумат табрику таҳният арз намуд.
Сипас, дар бораи мулоқоти навбатии Пешвои миллат, ки санаи 9 - уми марти соли равон бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардида буд, ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки Пешвои миллат дар зарфи 32 соли соҳибисқлолӣ 2 ислоҳи динӣ ё реформаро анҷом дод.
Якум, қабули Қонуни ҶТ " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ ва Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", дуюм, тағиротҳое, ки қарор аст дар зарфи 2 моҳи оянда бояд дар қонунҳои миллӣ дароварда шавад.
Мавсуф ҳамчунин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хорӯғ ба таври муфассал ибрози андеша намуд.
Дар навбати худ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ дар партави мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар мавзуи " Хурофот ҷаҳлу ноднист", "Бархурди ҷавонон бо идеологияи бегона " , "Исрофу табзир аз нигоҳи дини ислом", "Тарзи либоспӯшӣ ва бегонапарастӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон " ва "Сиёсишавии дин " маърӯза намуд.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни ин нишаст саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шаҳри Хорӯғ. 18/03/2024с.
Абдуллоҳи Қодирӣ




