Яҳё ибни Шарафуддин ан-Нававӣ
Чил ҳадиси набавӣ / Аз арабӣ тарҷумаи Мутеъуллоҳ Наҷотзода – Душанбе, 2017.
"Чил ҳадиси набавӣ" фишурдаи ҳадисҳое мебошанд, ки пояҳои асосии дини исломро баён менамоянд ва онҳо асосан аз матни китобҳои "Кутби ситта" гирифта шудаанд. Китоб барои доираи васеъи хонандагон, хусусан наврасону ҷавонон, ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ахлоқи ҳамида тақдим мешавад.




Дар ин маҷмўа натиҷаи таҳқиқоти илмии кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардидааст. Ҷанбаҳои мухталифи ҷараён ва равандҳои сиёсӣ ва идеологӣ дар замони муосир, заминаҳои ихтилоф ва бархўрдҳои сиёсӣ дар кишвар-ҳои исломӣ, ҷустуҷўи роҳҳои назариявию амалии бар-тараф кардани таъсири манфии бархўрди унсурҳои мил-лӣ ва динӣ дар фазои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии ҳама-ҷонибаи гузоришҳо қарор гирифтаанд. Мо умедворем, ки маводи ин китоб барои коршиносони бахшҳои дин-шиносӣ, шарқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таъриху адабиёт ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.




