Китобхона

Китоби «Бохтар» аз силсилаи «Тоҷнома» чоп шуд

Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” (Тоҷикон дар масири тамаддун) бо номи «Бохтар» соли 2020 аз чоп баромадааст. Ин панҷумин китоб аз ин силсила буда, дар ду ҷилд таҳия шудааст ва он дар бораи таъриху забон ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо, хусусан азамати давлати Бохтар ҳикоят мекунад. Китоби мазкур дар силсилаи “Тоҷнома” аз ҷойгоҳи вижа бархурдор аст.

#ДОНИСТАН ХУШ АСТ

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Китоби нависанда И.Вайслингер бо унвони «Ҳақиқати муттасид» соли 1726 чоп шуда буд. Вай 618 саҳифа дошт. Аҷибаш он аст, ки 470 саҳифа ин китобро муқаддима банд кардааст.

Аз саҳифаи иҷтимоии Китобдор

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Китоб-хазинаест барои боз кардани дарҳои баста

Китоб-хазинест, ки барои боз кардани дарҳояш донистани рамзҳои калидӣ шарт нест. Ворид шудан ба ин ганҷинаи донишу адаб танҳо насиби касе мегардад, ки ҳиммати баланду таҳаммули беинтиҳо дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

КИТОБХОНАҲОИ БЕМИСЛ

БАРОИ МАЪЛУМОТ
Дар Андалусия (Испания) Ибни Носир ном шахс китобхона бунёд карда буд. Бино ба гуфтаи Ибни Халдун дар ин китобхона 400 ҳазор ҷилд китоб маҳфуз будааст.
Дар Қоҳира бошад, Азизуллоҳ китобхонаи «Хизонат ул-кутуб»-ро созмон додааст, ки вай дорои 100 ҳазор ҷилд китоб будааст.
ХХХ
Дар шаҳри Гейтингени Олмон китобхонаест нодир. Захираи китобии вай ҳамагӣ 5373 нусха дастхатро дар бар мегирад. Ин дастхатҳо ба замонҳои хеле қадим мансубанд ва ҳамаи дастхатҳо дар барги дарахти нахл таълиф шудаанд.
ХХХ

Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ

“Ба андешаи мо, вақти он расидааст, ки бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”. 

 

Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2015

 

“Илм ва амният”

Китоби доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, Саймумин Ятимов дар бораи "Илм ва амниятро» - ро тайи чанд муддат мутолиа намудам ва хостам андешаи худро дар атрофи он баён намоям.
 
Китоби мазкур бо ҷаззобияти хос навишта шуда ва хонандаи нуктафаҳмро нисбат ба сарнавишти Ватану миллат бетараф нагузошта, ба ӯ дар бораи илм ва амният, ваҳдати миллӣ, якпорчагии меҳан, таъриху фарҳанги пурғановати мо, арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас сабақ медиҳад.
 

Шаҷараи мансуб ба Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ

Ин матни шаҷараи насабии олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ дар шакли асл ва баргардони он ба алифбои имрўзаи тоҷикӣ бо шарҳу тавзеҳоти зарурӣ  мебошад. Мо умедворем, ки маълумоти ин шаҷаранома барои муҳақкиқони осори ин орифи тавоно ва оммаи васеи хонандагон муфид хоҳад буд.

Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷмўаи сеюми мақолаҳои илмӣ масъалаҳое баррасӣ гардидаанд, ки дар доираи иҷрои лоиҳаи Барномаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзўи «Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2015-2019) пешбинӣ шудааст. Дар зимни он ҷойгоҳи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар ислом, ҳадафҳо ва заминаҳои пайдоиши ҳизбҳои

Страницы

Яндекс.Метрика