ГУЛШАНИ АДАБ

МАВЛОНО ЧӢ ЗЕБО ГУФТААСТ

"Ҳар тане ки дар ӯ илм нест, чун шаҳрест, ки дар он об нест, ва ҳар тане ки дар ӯ паҳрез нест, чун дарахтест, ки бар он бор нест ва ҳар тане ки дар ӯ шарм нест чун дегест, ки дар ӯ намак нест, ва ҳар тане ки дар ӯ ҷаҳд нест чун бандаест, ки вайро Худованд нест".

"Суханони пурҳикмат аз Шамси Табрезӣ".

Гирдоварандаи мавод: А.Қодирӣ

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё Раб, ин навдавлатонро бо хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд.

Инсон худаш оинаи як Каъба аст

Ҳам масҷиду, ҳам Каъбаву, ҳам қибла баҳонаст,
Диққат бикунед нури Худо дар дили хонаст.

Дар масҷиду дар Каъба ба дунболи чӣ ҳастӣ?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикастӣ?

Ингуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаю мо сер бихобем.

Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як Каъба магар нест?

Бархезу каме Каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.

Тасвири Худо пушти ҳамин кӯҳнаниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.

ҒАЗАЛҲО АЗ НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

⚠️Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?!

⚠️Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро!

⚠️Улфатӣ дорад хаёли мори гесӯяш ба дил,
Ганҷ бисёр аст, гӯё, хоки ин вайронаро!

⚠️Аз сари савдои зулфи ӯ чӣ сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯӣ ту ин афсонаро?!

⚠️Бо нигоҳе кулбаи эҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.

⚠️То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро!

БАЙТҲОИ ПАНДУ АХЛОҚӢ АЗ ФАРИДУДДИН АТТОРИ НИШОПУРӢ

⚠️Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом!

⚠️Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!

⚠️Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,
Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд!

⚠️Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гуй бо мардум калом!

⚠️Ҳар кӣ бошад туршруй,
Дӯстон аз вай бигардонанд руй!

⚠️Ҳар кӣ ӯро маърифат хосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд!

⚠️Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Ахли ақлу илмро дорад азиз!

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад...

Он кас, ки бидонаду бидонад , ки бидонад ,
Асби шараф аз гунбади гардун биҷаҳонад .

Он кас, ки бидонаду надонад , ки бидонад ,
Бо кузаи об аст, вале ташна бимонад .

Он кас, ки надонад ва бидонад , ки надонад ,
Лангон хараки хеш ба мақсад бирасонад .

Он кас, ки надонад ва бихоҳад, ки бидонад ,
Ҷону тани худро зи ҷаҳолат бираҳонад .

Он кас, ки надонаду надонад, ки надонад ,
Дар ҷаҳли мураккаб абадуддаҳр бимонад .

Таҳиякунадаи мавод:
А.Қодирӣ

ХУДО ГАР ПАРДА БАРДОРАД ЗИ РӮИ КОРИ ОДАМҲО ...

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо,
Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,

"Пирӯзнома "-и Абӯали Ибни Сино

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
- Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад!
Гуфтанд:
- Тавонгартар кист?
Гуфт:
- Он ки аз ақл тавонгартар аст!
Гуфтанд:
- Шараф чист?
Гуфт:
- Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон!
Гуфтанд:
- Чист, ки онро ҷўянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
- Оқибати корҳо!
Гуфтанд:
- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
-Ҳасад!
Гуфтанд:

Страницы

Яндекс.Метрика