ГУЛШАНИ АДАБ

Гавҳари пинҳон

Рӯзе ҳазрати Мӯсо ба Офаридгор гуфт:
- Эй Худои донову тавоно! Ҳикмати ин кор чист, ки мавҷудотро меофарӣ ва боз ҳамаро хароб мекунӣ?
Худованд фармуд:
- Эй Мӯсо! Хуб медонам, ки ин саволи ту аз рӯйи нодонӣ нест. Вагарна туро ба хотири ин савол сарзаниш мекардам. Аммо медонам, ки ту мехоҳӣ розу ҳикмати ин рафторро бидонӣ ва аз асрори офариниши одам огоҳ шуда, мардумро аз он хабардор кунӣ. Ин савол аз илм бармехезад. Ҳам савол аз илм бармеояду ҳам ҷавоб. Ҳам гумроҳӣ аз илм оғоз мешавад ва ҳам ҳидояту наҷот. Чуноне ки дӯстӣ ва душманӣ аз ошноӣ бармехезад.

Гавҳари пинҳон

Рӯзе ҳазрати Мусо ба Офаридгор гуфт:
- Эй Худои донову тавоно! Ҳикмати ин кор чист, ки мавҷудотро меофарӣ ва боз ҳамаро хароб мекунӣ?
Худованд фармуд:
- Эй Мусо! Хуб медонам, ки ин саволи ту аз рӯйи нодонӣ нест. Вагарна туро ба хотири ин савол сарзаниш мекардам. Аммо медонам, ки ту мехоҳӣ розу ҳикмати ин рафторро бидонӣ ва аз асрори офариниши одам огоҳ шуда, мардумро аз он хабардор кунӣ. Ин савол аз илм бармехезад. Ҳам савол аз илм бармеояду ҳам ҷавоб. Ҳам гумроҳӣ аз илм оғоз мешавад ва ҳам ҳидояту наҷот. Чуноне ки дӯстӣ ва душманӣ аз ошноӣ бармехезад.

ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ

Марде назди Расули акрам (с.) омада гуфт: “-Ё Расуллаллох, маро васияте кун  кореро, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с.) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох, маро васият кун”. Расули акрам (с.) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун.
Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам.
Гуфт: Хашмгин машав, биҳишт турост (Аҳмади Дониш).
Ҳар касе фуру хурад хашмро ва қодир бошад бар рондани он хашм Худованди таъоло дили ӯро пурамну имон гардонад (ҳадис).

Вазири озода

 

Ҳикоят мекунанд, ки чун Абулқосим Абдулкарим ибни Ҳавозони Қушайрӣ (976-1072) бар Низомулмулки вазир (1018-1092) ворид мешуд, вазир аз ҷой бармехост ва ӯро хайра мақдам мегуфт ва бар ҷое муносиб менишонд. Аммо вақте донишманди дигар, ки Абдулмалик Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳи Ҷувайнӣ (1028-1085), ки Имомулҳарамайн лақаб дошт, ворид мешуд вайро дар паҳлӯи худ менишонд вале камтар эҳтиром мекард. Сабаби ин корро аз вазири Салҷуқиён пурсиданд. Гуфт: Абулқосими Қушайрӣ вақте ба назди ман меояд аз корҳои ман интиқод мекунад, вале Имомулҳарамайн марову корҳоямро ситоиш мекунад.

МОДАР - Фариштаи ҳаёт

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он биҳиштеро, ки Қуръон мекунад тавсифи он,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Зан, модар - олиҳаи ҳаёт

 

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

АЗ СИЛСИЛАИ ПАНДҲОИ СУДМАНД

 

Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод. Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. 

Муридон хандида, гуфтанд: Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ӯ чӣ кор доред?

Ҷунайд гуфт: Ӯро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳиме дорам. 

Ҳикояи «Мусо (а) ва чӯпон».

 
Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯҳамегуфт:- Эй Худову эй Илоҳ!
Мусо алайҳиссалом дар биёбон мегузашт, ба чӯпоне бархӯрд содадилу содаандеша, бо диле оганда аз ишқу сафо ва муҳаббат ба Худо. Аз Худо тасвире инсонгуна дошт, мепиндошт, ки Худо низ монанди мо одамон ҳайкале дорад, саре дораду мӯй ва дасту пойе, бо чунин Худое муноҷот мекарду мегуфт:
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам,эй муҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.

Страницы

Яндекс.Метрика